Хабархои сиёси

Хабархои сиёси (512)

Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.

<iframe width="1255" height="722" src="https://www.youtube.com/embed/lGdONtCvu50" frameborder="0" allow="accelerometer; autoplay; encrypted-media; gyroscope; picture-in-picture" allowfullscreen></iframe>
<iframe width="1280" height="716" src="https://www.youtube.com/embed/ZxcfcWLEUCY" frameborder="0" allow="accelerometer; autoplay; encrypted-media; gyroscope; picture-in-picture" allowfullscreen></iframe>
Сешанбе, 17 Сентябр 2019 06:52

Мақсадашон ғаразноку ифлос аст

Written by

Дар таърихи ҳаёти сиёсию иқтисодии ҳар як халқу миллат ҳодисаю зуҳуроте, рух медиҳанд, ки онҳо боиси тағйири тарзи ҳаёт, тафаккур шуда, арзишҳои онҳо солҳо дар зиндагии мардум авлавият доштанд. Аммо ин маънии онро надошт, ки тарзи ҳаёт, муносибатҳо тариқи идоракунии ҷомеа, муносибати ҳокимияти сиёсӣ ба мардум ва мардум ба сиёсат ҳамаро баробар қаноат мекунанд ва ҳама аз ҳамдигар розӣ буданд.

Дар ҳам давру замон дар ҳама системаҳои сиёсӣ одамони гуногунфикрдошта, гунагунҳадаф ва аз ҳамдигару ҳокимиятӣ ҳокимиятдорон, норозигӣ доштанд.

Ҳокмимяти сиёсӣ қувваҳои он ҳокимиятро идоракунанда, инро ҳамеша медонистанд, аммо ҷомеаро бо чунин гуногунҳадафию гуногунманфиатӣ, гуногунақидагию дараҷаи тафаккур дар сатҳе, ки ҳама аз он қаноатманд бошанд, барпо намуданд хеле сангин аст. Ба хусус гуруҳҳои сиёсие, ки ҳадафашон қудратхоҳисту барои бадастории ҳокимият дар талошанд, барои онҳо ҳамон низом ҳамон тарзи диди сиёсию иқтисодие маъқул аст, ки онро худашон мепазиранд ва гумон менамоянд, ки маҳз сохтори ҷамъиятии пешниҳоднамудаи онҳо ягона роҳи дуруст ва ҳамаро қонеъкунанда аст.

Он чиз боиси тааҷҷуб аст, ки чунин қувваҳо ночиз будани хешро дар миқдори умумии ҳамақидагияшон дида наметавонанд, ки аксарияти ночизи иҷтимоию сиёсиро ташкил медиҳанд. Онро дарк наменамоянд, ки агар андешаҳои онҳо диди назарашон нақшаи барои оянда доштаашон қобили қабули ҷамъият мебуд, онҳо аксариятро ташкил менамуданд. Онро андеша намекунанд, ки агар барномаи сиёсию иқтисодияшон дар ҷомеа амалишаванда мебуд ва он аз тарафи оммаҳо пазируфта мешуд, онҳо дар ҳамон марҳилаи аввали мубориза баҳри бадастории ҳокимияти сиёсӣ обурую нуфуз пайдо намуда, оммаҳо онҳоро дастгирӣ менамуданд.

Ба хусус, опозитсияи тоҷик онро андеша намекунанд, ки раванди бедоршавии шуури сиёсии қувваҳои гуногуни сиёсию идеологӣ ҳануз дар замони шуравӣ оғоз шуда, ҳар кадом ҳизбу ҳаркатҳои сиёсию фарҳангӣ баробар ба таблиғу ташвиқи андешаҳои хеш оғоз намуда буданд.

Дар ин ҷараён ҳамон идеяҳое боло гирифт, ки бештар ба дараҷаи тафаккури оммаҳо ҷавобгӯ ва барои онҳо воқеияттар менамуд. Қувваҳои сиёсие, ки тавонистанд пешрав шаванд психологияи миллаташонро хубтар медонистанд, анедешаҳои исломгароӣ, арабпарастӣ, бегонапарастиро тоҷик дар тули асрҳо аз хуну пусташ гузаронида буд ва ба он баргаштанро намехост. Миллати тоҷик ва қувваҳои сиёсие, ки мустақилияти сиёсӣ, иқтисодӣ, ақидавӣ, зеҳниро мехостанд, хоҳони он буданд, ки ҷомеаи сирф милии тоҷикии худро барпо намоянд, аз ин рӯ мардум онҳоро пазируфтанд.

Тули солҳои ҷанги шахрвандӣ, ки маҳз зиддиятҳои ақидагии қувваҳои ҳокимиятхоҳ бо ҳам мубориза мебурданд, халқ медид, ки кадом қувваи сиёсиро кадом қувваҳо ва кадом манфиатдорони хориҷӣ дастгирӣ ва маблағгузорӣ менамоянд. Халқ имконияти муқоиса намудан, баҳо додан ва хулоса баровардан дошт. Тули ин солҳои хунин ба ҳар кадом қувваҳои сиёсӣ баҳо дод ва ҳамон қувваҳои солими миллиро дастгирӣ намуд.

Қуввваҳои мухолифе, ки имруз дар дохили ҷомеаи тоҷик дастгирӣ наёфтанду ба хориҷа рафта онҷо ба раванди ҳаёти осоиштаи миллат рахна ворид карданиянд, агарчӣ дар байнашон таҳлигарони сиёсӣ низ ҳастанду чанд чизро ба инобат намегиранд.

1. Тағироти куллие дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд омада дар зери роҳбарии ҳизби халқии демократӣ ҳамон ҳизбе, ки баробари ҳизбу ҳаркатҳои аз хориҷи кишвар қаламронию суханбозӣ менамоянд ба вуҷуд омада буд ва ин ҳизб бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонист сулҳ ва амниятро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Халқ воқеан бо чашми худ дид ва бо дасти хеш он чиро ки ин Пешво аз миллат хост онро халқ амалӣ сохт. Миллат дид, ки ваъдаи аввалини додаашон “Ман ба шумо сулҳ меорам” – ро амалӣ гардонид.

2. Андешаи пешвои миллат, ки Тоҷикистонро ба ғайр аз худамон касе обод наменамоядро мардум сидқан қабул намуда, ҳамон се ҳадафи статегии пешниҳоданмудаи ҳукумат, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлоляити энергетикиро амалӣ гардонид. Бо ба кор даровардани агрегати дуюм “НОБ”-и Роғун ҳадафи чорум саноатикунониро низ мардум хуш пазируфтанд.

3.Иддаои ашхоси берун аз ватанро миллат ба он хотир қабул надорад, ки симои Ватанашон дар тули ин солҳо ба куллӣ тағир ёфта зиндагии мардум воқеан ҳам даҳҳо баробар беҳтар шудааст. Қувваҳои бадхоҳи берун аз ватан даъвокунанда воқеиати зиндагии имрӯзаи мардумро намедонанд. Онро низ намедонанд, ки мухоҷирати меҳнатии аҳолии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ин раванди воқеист, чунки аз набудани қувваи барқ сохтани корхонаҳои саноатӣ ва бо ҳамин васила ба ҷои кор таъмин намудани аҳолии қобилияти корӣ дошта ғайри имкон буд. Қувваҳои бадхоҳи миллӣ худ шоҳиди онанд, ки аврупоро муҳоҷирати халқҳои дигар ба чи ҳол оварданд.

4.Онро ба инобат намегиранд, ки роҳи интихобкардаи Тоҷикистон сохтани давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёди дунявӣ бебозгашт буда онро кулли аҳолӣ дастгирӣ менамоянд. Аммо иддие онҳое, ки дар Тоҷикистон “демократия” нест, “озодии сухан” нест, “ҳуқуқи инсон” поймол мешавад, шумо худ дар ягон давлати аврупои ҳокимиятеро дидед, ки мухолифони зидди низоми сиёсии давлаташон сарашонро “сила” карда бошанд. Он намоишҳое, ки мардум дар куча баромада эътироз менамоянд, он ба мақоми халқии тоҷик “саг аккос мезанад, корвон меравад” баробар аст, онро мо хуб дарк мекунем, ки он ҷо қудрати сиёсӣ дар симои артиш, амният, полис ва дигар сохторҳои ҳуқуқӣ вуҷуд доранд, ин намоишҳо касеро чизе намедиҳанд. Он чизро ки шумо “ҳимоятгарони манфиатҳои миллӣ ҳамчун намуна барои мардуми тоҷик пешниҳод карданиед, худатон хеле хуб медонед, ки онҳо як навъ мазҳакаи сиёсианд”.

Одатан намояндагони як миллат боз агар онҳо иддаои миллатсозию давлатсозӣ дошта бошанд агар дар давлати дигаре, ки ба назарашон пешрафтааст, ончиро қабул ва ба ҳамватанон чӣ таблиғ менамоянд, ки он боиси таъмини амнияти миллӣ, суботи ҳокимияти сиёсӣ, пешравии ҳаёти иқтисодиву илмӣ - техникиааш мегарданд.

Шумо ҷанобони “миллатдуст”, “демократ” ватанпарсти дар хориҷа буда бояд бидонед, ки замоне беҳтарин “андешамандони” хитоӣ худро муқобилони режими комунистӣ номида ба мамолики тарақкикардаи дунё рафта, онҷо ба корхонаҳои саноатӣ, лобараторияҳои илмӣ- техникӣ, бюроҳои кострукторӣ роҳ ёфта ҳама чизеро, ки барои ватанашон судманд буд омухтанд аз худ намуданд ва ба ватанашон баргашта ватанашонро обод ва давлаташонро ба давлати пешрафтаи ҷаҳон табдил доданд. Касеро барои “инқилоб” шикасти ҳокимият даъват накарданд. Онҳо нияташон созандагӣ буд, на сузандагӣ. Мардуми тоҷик дар симои Шумо қувваҳои ҳокимиятталабро дида, дар фаъолиятатон амали созандаи судмандро намебинанд.

Ғайр аз ин агарчӣ сиёсат худаш ифлос аст, аммо баъзан қувваҳои сиёсӣ усули тозаи умедбахшандаро низ истифода мебарад. Аммо Шумо ”ҷанобони миллатдуст” дар ҳақи ҳокимияти ҳаммилатони худ, ҳамватонони худ, урфу одат ва анъанаҳои миллии хеш носазогӯӣ кардаю онро дар арсаи ҷаҳонӣ бадном намуда, дарк намекунед, ки нисбат ба худатон низ нобоварии дигаронро ба вуҷуд меоред.

Шумо аз таърих ягон каси ба ватанаш хиёнаткардаеро медонед,ки номашро ба некӣ ёд мекарда бошанд. Вақте нафаре дар хориҷи ватан ватанаш, миллаташ, ҳокимияти миллиашро сиёҳ мекунад бояд донад, ки вай ҳарифи сиёсияшро не, миллаташ, урфу оддат ва анъанаҳои миллиашро бадном менамояд. Пас арҷ нагузоштан ба воқеияте, ки имрӯз аксарияти мутлақи миллат онро қадр менамояд, аз он воқеъият розӣ аст ва ояндаи некро интизор аст, норозӣ аз ваъдаи фардои қиёмат аст, чунки имрӯзаш хуб аст ва худ шоҳиди ҳар рӯз беҳтаршавии ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, илмию фарҳангӣ аст.

Дар боло ишора кардем, ки ҳеҷ як давлат, ҳеҷ як системаи сиёсӣ ба ҳама баробар мақул нест. Он ҷое ки норбаробарии иқтисодӣ вуҷуд дорад он ҷо нобаробарии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ низ вуҷуд дорад. Шумо дар аврупоед чаро мардуми Каталония истиқлолият мехоҳанду ба вай Испания истиқлолият намедиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Каталонияро дастгирӣ наменамоянд. Чаро курдҳои дар Туркия буда мухторият мехоҳанд, аммо ин давлат ки ҳизби коргарии курдҳоро ки ҷонибдори мухториятанд терарист эълон намуда ба муқобилашон дар ҳудуди Сурия меҷанганд, аммо касе чизе намегӯяд. Дар Фаронса намоишгаронро ба маҳкама барои чӣ кашидаанд? Яъне ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунҳои доштааш ҳама кас ва қувваҳои сиёсиеро ки боиси халалдор гаштани низоми муътадили сиёсӣ мегарданд ба хотири сулҳу субот ҷазо медиҳанд.

Тоҷикистон низ давлати мустақили миллист.
Конститутсия, давлат ва дар симои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро кафили таъмини амнияти миллӣ эътироф намудааст.

Аз ин рӯ ҳукумати Тоҷикистон аз руи кафолати додаи миллат амал намуда, ҳамон усулу воситаҳоеро истифода мебарад, ки он суҳу амният ва пешравии ҳаёти ҷамъиятиро таъмин намояд. Аз ин рӯ Шумо “ҳомиёни бурунмарзии миллӣ” бидонед, ки ашки ба зери поятон рехта ҳатто ҳамон гарди поятонро тар нахоҳад кард.

Мардуми шаҳди “ватанхоҳӣ” -атонро чашида ва хуб медонанд, ки он талх аст. Шумо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ умед надошта бошед. Миллат ҳаргиз ба Шумо бовар надорад ва боварӣ нахоҳад кард, чунки ҳадафатон, мақсадатон, ғаразноку ифлос аст.

Дотсент Хуморов Д. М.

<iframe width="509" height="360" src="https://www.youtube.com/embed/U-lBX_fiIR4" frameborder="0" allow="accelerometer; autoplay; encrypted-media; gyroscope; picture-in-picture" allowfullscreen></iframe>

/АМИТ «Ховар»/. Аз 16 то 26 сентябр дар шаҳри Варшава машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  бо иштироки  қариб 60 давлат доир мегардад.


Бо наздик шудани машварати навбатии солона таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ ва иттилоотии дохилӣ ва хориҷӣ ба иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ афзоиш меёбад.

Дар робита ба моҳият, аҳамият ва вазифаҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш хабарнигори  АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо узви ҳайати расмии Тоҷикистон дар конфронси Варшава, мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоҳи РАҲНАМО суҳбат намуд. 

АМИТ «Ховар»: Пеш аз ҳама, мегуфтед, ки Машварати солонаи САҲА ё конфронси Варшава чӣ ҳадаф ва чӣ аҳамият дорад ва чаро ба он таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад? 

Абдуллоҳи Раҳнамо: Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА яке аз бузургтарин ҳамоишҳои ҷаҳонӣ дар боби арзишҳои демократӣ ва масъалаҳои ҳуқуқи башар ба шумор меравад. Дар он давлатҳои узви САҲА ва даҳҳо созмонҳои миллию байналмилалӣ иштирок намуда, ҳудуди ду ҳазор вакил дар муддати ду ҳафта маҷмуаи масъалаҳои ин самтро баррасӣ мекунанд.

Дар доираи ин машварат даҳҳо нишасти умумӣ ва нишастҳои канорӣ доир мешаванд, ки ба масъалаҳои мушаххас бахшида шудаанд. Ҳар давлат мавқеи худро дар самти таъмин ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар муаррифӣ намуда, дар ин масъалаҳо гузориш медиҳад ва сиёсати худро ҳимоя мекунад. Ҳамзамон бо ин, мавқеи давлатҳои иштироккунанда метавонад аз тарафи мухолифонашон ва ё баъзе ташкилотҳои байналхалқӣ нақд шавад. Бинобар ин, фазои ин ҳамоиш маъмулан доғ шуда, он ҳар сол таваҷҷуҳи калони байналмилалӣ ва иттилоотиро ҷалб менамояд.

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, дар машварати навбатӣ ҳайати расмии Тоҷикистон низ иштирок мекунад. Ҳадаф ва рисолати ҳайати давлати Тоҷикистон дар ин нишаст аз чӣ иборат аст? 

Абдуллоҳи Раҳнамо: Ба назари банда, рисолати ҳар ҳайати расмии давлатӣ, пеш аз ҳама, муаррифӣ, ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллию давлатии Тоҷикистон аст. Банда се ҳадафи асосии ҳайати давлатро дар конфронси Варшава чунин мушаххас карда метавонам. Якум, муаррифии дуруст ва қатъии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои рӯзномаи конфронс. Дуюм, инъикоси объективии воқеиятҳои ҷомеаи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои матраҳшаванда дар он ҳамоиш ва сеюм, рӯшанӣ андохтан ба саволу дархостҳое, ки иштирокчиёни ин конфронс дошта бошанд. Ҳадаф ва рисолати ҳайат ҳамин аст.

АМИТ «Ховар»: Шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои берунӣ конфронси Варшаваро «саҳнаи баҳсу музокираи ҳайати давлат бо мухолифин» номидаанд? Оё дар ҳақиқат дар доираи ин ҳамоиш чунин мулоқот ё музокира бо намояндагони ба истилоҳ «мухолифин» дар назар гирифта шудааст?  

Абдуллоҳи Раҳнамо: Дар конфронси Варшава масъалаи музокираи ҳайати мо бо мухолифин умуман матраҳ нест. Умуман, тарафи гуфтугӯ ва муроҷиати  ҳайати мо дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳаргиз он чанд шахси мухолиф нестанд. Балки дар конфронси САҲА, ки ҳайатҳои расмии 56 кишвар иштирок менамоянд, мо мавқеи Тоҷикистонро тибқи мавзӯъҳои рӯзномаи конфронс муаррифӣ ва дифоъ мекунем.

Умуман, аз ҷониби Тоҷикистон маҳз давлати Тоҷикистон узви САҲА аст, на ягон ташкилот ё фарди алоҳида. Бинобар ин, давлат ҳамчун узви расмӣ дар конфронси ин созмон иштирок мекунад. Новобаста аз ҳузур доштан ё надоштани шахсони мухолиф дар он ҷо ҳайати давлатӣ рисолати худро анҷом медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Ба назари Шумо оё зарурати музокира бо он афроди норозӣ ва ба ном «мухолиф» вуҷуд дорад? 

Абдуллоҳи Раҳнамо: Давлати Тоҷикистон таҷрибаи бузурги музокира ва сулҳофарию гуфтугӯ дорад. Аммо ҳоло мушаххасан музокира бо кӣ? Бо чанд шахси норозӣ, ки аз ҷавобгарӣ фирор карда, дар Аврупо ҳавзаи роҳат ёфта, аз дур ба воситаи шабакаҳои маҷозӣ ва фейкҳо фазои мухолифат месозанд? Дар таҷрибаи сиёсӣ музокира бо қувваи сиёсӣ ва ташкилоте имкон дорад, ки он ақаллан вуҷуди физикӣ дошта бошад, аъзо, пайравон ва заминаи иҷтимоии он дар ҷомеа муайян бошад. Аммо бо мавҷуди маҷозӣ музокира кардан имкон надорад.


Дар айни замон, агар ба ҷониби дигари масъала нигарем, тасаввуроти онҳое, ки дар берунанд ва талош доранд худро ҳарифи давлати Тоҷикистон матраҳ кунанд, дар бораи давлати Тоҷикистон бисёр кӯҳна ва ғайривоқеӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тоҷикистон имрӯз дигар на давлати соли 1992 аст, на давлати соли 1997 ва ҳатто на давлати соли 2015. Онҳо тасаввур карда натавониста истодаанд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати қавӣ ва устувор буда, аз назари сиёсӣ, диди сохторию идорӣ, иқтисодӣ, қудратӣ ва ҳам аз назари зарфияти зеҳнӣ бисёр қавитар аз пеш аст. Давлати Тоҷикистон машғули корҳои бузургтар аз ин аст. Давлат машғули ободонӣ, созандагӣ, миллатсозӣ, ваҳдатсозист. Давлат таърихи навини миллатро месозад. Бинобар ин, мухолифати чанд нафар ба раванди бузурги созандагӣ ва ваҳдати умумимиллӣ таҳдиди амалие нест. Фақат аз назари иттилоотӣ ба ин фазо халал меораду аз назари шаҳрвандӣ хиҷолат боқӣ мегузорад…

АМИТ «Ховар»: Тавре маълум аст, намояндагони он афроди «мухолиф» низ дар чорабинии Варшава иштирок мекунанд. Оё имкон дорад, ки аъзои ҳайати Шумо бо онҳо рӯ ба рӯ суҳбат кунед? 

Абдуллоҳи Раҳнамо: Бори дигар мегӯям, ки мо ҳайати музокиракунанда бо афроди мухолиф нестем. Аммо, агар бо касе аз ин шаҳрвандони норозии Тоҷикистон дар доира ё ҳошияи ин конфронс рӯ ба рӯ шавем, табиист, ки мо ҳам ҳамчун шаҳрванд суҳбат мекунем, фарҳанги мо, одоби миллӣ ва инсонии мо ҳамин аст. Аммо аз назари мавқеи сиёсии онҳо мо мефаҳмонем, ки ин саргардонии беҳударо бас кунанд, бар зидди давлату миллати худ баромад накунанд, ҳамчун шаҳрванд ба Тоҷикистон баргарданд. Садҳо нафар аз ҳамсафонашон бо ихтиёри худ баргаштанд ва ҳоло дар Тоҷикистон озодона зиндагӣ доранд. Ватан ободу озоду шукуфон аст, дигар ба осоиштагии он халал эҷод накунанд, мо як бор ин роҳро тай кардем…

Бахше аз роҳбарияти собиқи ҳизби манъшудаи наҳзат, ҳазорон нафар собиқ аъзои қатории он дар кишвар озод кору зиндагӣ доранд. Мирзомуҳаммадии Навид, Саидиброҳими Назар, Мавлавӣ Аёмиддини Саттор, Абдурраҳим Карим, фарзандони С.А.Нурӣ ва дигаронро гоҳо дар кӯчаю бозор мебинам. Ба худам мегӯям, ки онҳо чандин баробари ин даъвогарони имрӯза наҳзатитар буданд, аммо роҳи дуруст интихоб карданду имрӯз дар Ватан зиндагии осуда доранд…

Давлат имрӯз ҳатто касонеро, ки аз Сурия ва Ироқ, аз ҷабҳаҳои ҷанги террористӣ ба ихтиёри худ баргаштаанд, авф кардааст. То имрӯз қариб 200 нафар аз ин роҳ бо ихтиёри худ баргаштаанд. Бо ин мақсад ҳатто дар Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳот ворид шудааст, ки бозгаштагон ба тариқи содакардашуда авф мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Шабакаҳои ғаразноки иҷтимоӣ аз иштироки ҳайати бонуфузи Тоҷикистон ба ташвиш афтода, аллакай бо пахши хабару наворҳо зидди аъзои ҳайат тавтеаҳо чида истодаанд. Аз ҷумла, онҳо худи  Шуморо «намояндаи собиқи мухолифин», «асбоби аёнии Ҳукумат» ва ғайра номида, ба иштироки Шумо дар ин ҳамоиш таваҷҷуҳи махсус дода истодаанд. Шумо дар ин машварат ба чӣ унвон иштирок мекунед?

Абдуллоҳи Раҳнамо: Он чӣ Шумо зикр кардед, тасаввури комилан беасоси муаллифони ин ҳарфҳост. Шояд онҳо ин суханонро барои камтаъсир кардани иштироки банда паҳн кунанд. Банда ҳамчун узви ҳайати расмии Ҳукумат ба конфронси Варшава меравам, на дар ягон нақши дигар. Ман ҳудуди 22 сол аст, ки дар ниҳодҳои марказии давлат, аз ҷумла 6 сол дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди 14 сол дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунам. Солҳо роҳбарии раёсатҳои сиёсати дохилӣ, амнияти минтақавӣ ва сиёсати хориҷии ин Маркази муҳимтарини таҳлилии давлатро ба дӯш доштам. Бинобар ин, банда мувофиқи вазифаи хизматӣ, ҳамчун узви ҳайати расмии давлат дар конфронс иштирок мекунам.

Аз тарафи дигар, шояд банда нисбат ба аксари аъзои ҳайат собиқаи бештари кор дар давлатро дорам. Солона дар чандин конфронсҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок мекунам. Машварати Варшава яке аз конфронсҳои навбатист.

АМИТ «Ховар»: Ба ҳар ҳол, онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин фарзияҳоро матраҳ намудаанд, ки гӯё Шумо барои ин конфронс бо ҳадафи муайян интихоб шуда бошед… 

Абдуллоҳи Раҳнамо: Ман хеле хушҳолам, ки ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон имсол аз афроди босалоҳият ва соҳибназар дар соҳаҳои худ ташкил шудааст. Бинобар ин, барои дар Варшава чӣ гуфтану чӣ нагуфтани мо ягон хел машқи иловагӣ зарур нест. Балки дар доираи сиёсати давлатӣ, дар доираи касбу ихтисосамон ва дар ростои мақсадҳои расмии ҳайатамон амал мекунем.

Шахсан банда, илова бар собиқаи кор дар давлат, солҳо дар мавзӯъҳои муносибати дину давлат, ҳизбҳои сиёсӣ ва хусусан  ҳаракатҳои динии сиёсӣ ва гурӯҳҳои ифротгароию террористӣ тадқиқот кардаам. Муаллифи чандин китоб дар ин самт ҳастам. Мавқеи ман дар ин масъалаҳо шаклгирифта ва мушаххас аст. Бинобар ин, дар масъалаҳои ҷойдошта ҳамчун коршинос назари худамро озодона баён мекунам. Ман муаллифи мавқеи худам ҳастам.

АМИТ «Ховар»: Умуман, Шумо ҳамчун коршиноси собиқадори ин масъала, ба иқтидори мухолифини давлат чӣ тавр баҳо медиҳед, зеро онҳо дар доираҳои аврупоӣ ва дар фазои иттилоотӣ хеле фаъол мебошанд… 

Абдуллоҳи Раҳнамо: Ба назари банда, иқтидори афроди «мухолиф» бисёр заиф ва маҳдуд аст. Шояд пуштибононашон қавӣ ҳастанд, аммо зарфияти худашон маҳдуд аст. Ду ҳолати одӣ ин заифиро нишон медиҳад. Якум, аз назари сохторию ташкилотию шахсиятӣ он ҷо қувваи воқеие боқӣ намондааст. Агар чанд нафар шаҳрванди норозӣ худро Паймони миллӣ  ё ҳатто Созмони Милали Муттаҳид номанд ҳам, моҳияти масъала ва тавозуни сиёсӣ иваз намешавад. Бинобар ин, агар чунин тасаввуре ва интизоре ҷой дошта бошад, ки давлат бо ин афрод ҳамчун бо як ташкилот ё неруи сиёсӣ музокира мекунад, ин умуман тасаввури воқеъбинона нест. Давлат онҳоро на ҳамчун ташкилот, балки ҳамчун шахс ва шаҳрванди бо ихтиёри худашон баргашта метавонад баррасӣ ва авф кунад. Ин варианти воқеъбинона аст.

Дуюм, аз назари маводе, ки ду соли охир дар расонаю шабакаҳои онҳо ба нашр мерасад, метавон дид, ки ҳарфҳои онҳо дигар холиянд. 90 дарсади тамоми матлабҳои ахири онҳо аз туҳмат, таҳқир, дашном, масхара, шахсиятсӯзии номардона, дурӯғи рӯирост ва ғайра иборатанд. Ин нишонаи ба охир расидани потенсиали ин афрод аст. Ин нишонаи надоштани ҳарф, барнома, идея барои ҷомеа аст. Мисли он аст, ки шамъ хомӯш шудаасту дудаш чашмҳоро месӯзонад.

Хусусан, шахсан банда аз рафтори касоне, ки дар он миён ҳанӯз худро наҳзатию исломӣ меноманд, дар ҳайратам. Наход Ислом ин қадар дурӯғу ҳақорату таҳқиру туҳматро ба пайравонаш иҷозат диҳад? Наход шахси мусулмон падару бобои касе, арвоҳи гузаштагони касе, духтари касе ё модари касеро густохона таҳқир кунад, дар ҳаққи касе рӯирост туҳмат нашр кунад ва боз аз ин кораш лаззат барад? Вақте инсони шикстхӯрда дар муқобили мавқеъ, барнома, амал ва сатҳи тарафи муқобил чизе гуфтанӣ надорад, дастовардҳои онро бо ягон роҳ инкор карда наметавонад, пас дар бораи шахсияти ӯ менависад, ба таҳқиру сиёҳкунии шахсияти ӯ ва наздикони ӯ мегузарад. Ин муҳимтарин нишонаи заифӣ аст. Чунин амал ҳаргиз боварӣ ва эҳтироми ҷомеаро сазовор намешавад.

Бинобар ин, онҳо шояд дар фазои иттилоотӣ машҳур бошанд, бо дурӯғу дашному ҳақоратҳои худ шинохта шуда бошанд. Аммо, онҳо ҳаргиз дар он фазо маҳбуб, мақбул ва таъсиргузор нестанд, хусусан дар фазои дохилии мамлакат. Агар таъсире ҳам бошад, мутаассифона, таъсири манфию харобиовар хоҳад буд, на таъсири созанда.

АМИТ «Ховар»: Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба ин конфронси байналмилалӣ бо чӣ гуна эҳсосот меравед?

Абдуллоҳи Раҳнамо: Шахсан банда ба ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ бо сари баланд ва рӯи сурх меравам ва албатта, бо эҳсоси баланди масъулият.  Боварӣ дорам, ки тамоми аъзои ҳайат бо ҳамин эҳсос мераванд. Сари баланд аз он, ки аз як кишвари ободу озод, аз як ватани зебою биҳиштосо ва аз як давлати амну босубот намояндагӣ мекунам. Ман ҳамроҳи худ навиди ободии Тоҷикистон, паёми созандагиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтихори ваҳдати устувори ҷомеаи Тоҷикистонро мебарам. Ман ҳамроҳи худ рӯшание аз нури Роғун, гуле аз гулгаштҳои зебои Душанбе, нафаси тозае аз рӯзгори осудаи мардуми Тоҷикистонро мебарам. Банда саршор аз ин ифтихор меравам, ки ҷузъе аз ин раванди азими созандагӣ, ҷузъе аз ин ваҳдат ва ҷузъе аз ин лаҳзаи таърихофарӣ ҳастам. Бинобар ин, бо ҳар касе, ки он ҷо рӯ ба рӯ шавем, бо ҳамин эҳсоси баланди ватандорӣ ва бо ифтихор суҳбат хоҳам кард.

Аммо дар боби масъалаҳои мушаххасе, ки дар доираи рӯзномаи конфронс матраҳ мешаванд, аъзои ҳайати босалоҳияти давлатӣ мавзӯъ ба мавзӯъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯшанӣ хоҳанд андохт. Ман боварӣ дорам, ки ҳайат ин рисолати худро бо сари баланд иҷро мекунад.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат

 

9-уми сентябри соли 2019 дар кишвари озоду обод ва биҳиштосои мо ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар ин рӯзи фархунда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба истифода дода шуд, ки ин муваффақият ва пешравии бузург дар роҳи ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар ба шумор меравад.

Ин гуна дастовард ва комёбиҳои бузург дар давраи Истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ, нуфуз ва мавқеи давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштааст ва ин ҳаргиз ба душманону ватанфурӯшони кишвари мо, ки дар мурдоби ҷаҳлу тааcсуб ва бухлу ҳасади худ дармондаанд, маъқул нест.

Чунончи, дар ҳамин рӯзҳои наздик яке аз роҳбарони “Паймони миллии Тоҷикистон” ва раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҳизби мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ эълон карда шудааст) Муҳиддин Кабирӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба низоми сиёсии кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, роҳбарияти олии мамлакат нуқтаи назари муғризонаю беасос ва бебунёду ғайриобъективонаи худро иброз намуд, ки мо чунин афкору ақидаи ӯро ҳеҷ гоҳ намепазирем.

Муҳиддин Кабирӣ, ҳамчунин, дар зимни суҳбати худ бо як рӯзноманигор доир ба идома додани муборизаи сиёсии худ ба муқобили давлату ҳукумати кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёни афкор намуд.

Дар асоси гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ роҳбарияти олии имрӯзаи кишвар мехоҳад, ки дар Тоҷикистон гурӯҳҳои хурди силоҳдор, тундраву ифротгаро мавҷуд бошанд, то онҳо ба воситаи амалҳои нодурусту зӯроваронаи худ дар ҷомеа фазои нооромию нобовариро ба вуҷуд оварад ва ҳукумат онҳоро саркӯб намуда, аз ин вазъият ба суди худ суистифода бикунад. Ин ба он мазмун аст, ки агар вазъияти амниятии кишвар ноором бошад, дар он ҳолат дар чунин мамлакат ва ҷомеа аз демократия, озодии афкор ва фаъолнокии институтҳои шаҳрвандӣ сухан гуфтан ва иҷрои пурраи ин равандҳоро талаб кардан чандон дуруст нест.

Дар ин ҷо низ гуфтору пиндори Муҳиддин Кабирӣ дур аз мантиқ ва хиради солим буда, аз он бӯи ғаразу ҳасад ва таассубу нифоқ меояд.

Мардуми шарифи тоҷик ва, хосса, ҷавонони саодатёри он шукри ободию озодӣ ва истиқлолияти меҳан менамоянд, рушди босуръати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро бо чашми худ мебинанд ва аз сиёсати муваффақона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан ҷонибдорӣ мекунанд.

Ду дурўғи таъсисии ТЭТ ҲНИ:

ё чи гуна наҳзатиён барои худ таърих ва ҳувият мебофанд

 

Решаҳои хориҷи, моҳияти воридоти ва таъйиноти геополитикии ТЭТ ҲНИ барои ҳамаи муҳаққиқон ошно буда, баҳсҳои илмию таърихи дар ин бора кайҳо поён ёфтаанд. Аммо худи роҳбарияти ин ташкилот барои пинҳон доштани ҳақиқати таърихи дар масъалаи раванди таъсисёби ва заминаҳои сиёсию идеологии ташкилшавии ҳизбашон ҳамеша аз ривояту дуруғҳои бофта истифода менамоянд. Гарчи тамоми фаъолияти ин ташкилот саршор аз дуруғ аст, аммо дар ин бахш ду “дуруғи таъсиси”-и ТЭТ ҲНИ пешкаш мешаванд, ки ошнои бо онҳо моҳияти дуруғини ин ташкилотро бори дигар собит менамояд:

 

Дурўғи якуми таъсисии ТЭТ ҲНИ:

ТЭТ ҲНИ ҳамеша иддаъо кардааст, ки ин ҳизб ҳанўз дар соли 1973 таъсис ёфта, собиқаи 40-50 сола дорад. Аз ин рў, онҳо барои ҷалби оммаи мардум ҷашнҳои таблиғотии 30, 35, 40-солагии  ҳизбро баргузор намуда, чунин вонамуд месохтанд, ки гўё ин ташкилот ҳанўз дар қаъри Иттиҳоди Шўрави ҳамчун як созмон таъсис ёфта, дар он давра фаъолият намудааст. Тибқи навиштаи асосгузори ҲНИ С.А.Нури, ҷаласаи таъсисии ин ҳизб ҳанўз 20-уми апрели соли 1973 доир гаштааст, ки дар он Қори Муҳаммадҷон Ғуфронов, Мулло Неъматулло Эшонзода, Одинабек Абдусаломов, Қаландар Садриддинов ва худи С.А.Нури иштирок доштаанд. Ў илова мекунад, ки маҳз дар ҳамин нишаст, ки дар ноҳияи Бохтар ва дар хонаи Қаландар Садриддинов доир шуд, дар бораи таъсиси ташкилоти «Наҳзати исломии ҷавонони Тоҷикистон» қарор қабул гашт.  

Аммо муҳаққиқи шинохтаи ин мавзўъ, доктори илмҳои сиёси Д.Назиров пас аз омўзиши дақиқи ин масъала пурра исбот намудааст, ки ин иддао дар бораи гўё дар ин вақт ва бо иштироки шахсони зикршуда доир шудани чунин ҷаласа, умуман ҳақиқат надошта, бо сабаби дар ҳамон вақт дар ҳудуди Тоҷикистон қарор надоштани баъзе аз ин шахсон, иштироки онҳо дар чунин ҷаласа умуман имконпазир набудааст. Доктор Д.Назиров, аз ҷумла чунин меорад, ки сокини ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппаи онрўза Эшонзода Неъматулло, соли таваллудаш 1949, рўзи 25-уми марти соли 2010 дар суҳбат бо муаллиф изҳор доштааст, ки ў аз соли 1971 ба сафи Артиши Шўрави даъват шуда, танҳо охири моҳи майи соли 1973 ба Тоҷикистон баргаштааст. Бинобар ин, ў дар рўзи 20-уми апрели соли 1973 дар Тоҷикистон набуда, дар чунин ҷаласае дар Қурғонтеппа иштирок дошта наметавонист.

Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки “иштирокчи”-и дигари ин ҷаласа Абдусаломов Одинабек, соли таваллудаш 1954, низ моҳи ноябри соли 1972 ба сафи Артиши Шурави даъват шуда, танҳо моҳи октябри соли 1974 ба Тоҷикистон баргаштааст. Бинобар ин, ў низ умуман наметавонист иштирокчии ин ҷаласа бошад.

«Иштирокчи»-и сеюми «ҷаласаи таъсиси» Қори Муҳаммадҷон Ғуфронов, таваллудаш 1954, пас аз тира шудани муносибатҳояш бо С.А.Нури дар Афғонистон баргузории чунин «ҷаласаи таъсисии ҲНИТ»-ро пурра инкор карда, изҳор доштааст, ки ў аз моҳи ноябри соли 1972 то соли 1978 дар ҳудуди шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ўзбекистон таҳсили ғайрирасмии дини гирифта, дар ин муддат аз тарси ҷалб нашудан ба хизмати ҳарби ягон бор ба Тоҷикистон наомадааст. Бинобар ин, ў низ наметавонист иштирокчии ин «маҷлиси таъсисии наҳзат» бошад.

Ҳамин тавр, ин фактҳои дақиқи таърихи, ки бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда муқоиса шудаанд, нишон медиҳанд, ки баргузор шудани чунин ҷаласа дар таърихи 20-уми апрели соли 1973 бо иштироки чунин шахсон умуман аз имконият берун будааст. Бинобар ин, бофтани ривоят дар бораи баргузории «ҷаласаи таъсисии наҳзат» дар соли 1973 як кўшиши роҳбарони наҳзати барои тўлони нишон додани таърихи фаъолияти худ буда, ягон асоси воқеи надорад. Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки фаъолияти ин ташкилот аз оғоз бо дурўғу фиреб бунёд шуда, ҳатто дар масъалаи таърихи таъсиси худ талош доранд, ки ба чашми ҷомеа ва таърих хок пошанд.

Бинобар ин, гарчи бо ҳидояту дастгирии эмиссарҳои хориҷи фаъолияти пинҳонию таблиғотию таълимии наҳзатиён ҳанўз дар солҳои 80-ум оғоз шудааст, аммо онҳо фақат дар солҳои 90-ум ва пас аз таъсис ёфтани Ҳизби исломии Иттиҳоди Шўрави ба масъалаи таъсиси ҳизби сиёси расида, анҷумани таъсисии худро 6-уми октябри соли 1990 дар деҳаи Чортути ноҳияи Рудаки баргузор карданд.

 

Дурўғи дуюми таъсисии ҲНИ:

Дар солҳои пас аз имзои Созишномаи сулҳ, роҳбарони ТЭТ ҲНИ ҳамеша кўшиш менамуданд, ки худро як созмони дорои решаҳои милли номида, онро як ҳизби “худҷўш”, “дохили” ва “тоҷики” нишон диҳанд. С.А.Нури дар ин масъала, аз ҷумла мегўяд: “Ҳангоми таъсис додани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аз касе чизеро тақлид накардем, ягон гуна таъсири ақидаҳои хориҷи ва хусусан, аз кишварҳои Ховари Миёна дар мо набуд. Ҳаракати мо сирфан дохили, худҷўш ва мардуми буд...” Аммо ин суханон ягон воқеият надоранд.

Зеро тарзи тафаккур, идеяҳои асоси ва худи сохтори ТЭТ ҲНИТ маҳз дар натиҷаи ба Тоҷикистон ворид шудани афкори бегонаи ваҳҳобию ихвони ва баъдан, дар натиҷаи зери таъсири маслиҳату роҳбарии доираҳои махсуси хориҷи қарор гирифтани ин ҳизб шакл гирифтааст. Ҳанўз дар солҳои аввали пайдоиши ин раванд, фаъолони наҳзати зери таъсири ақидаҳои сиёсии пешвоёни бунёдгароии исломии байналмилали ҳамчун Ҳасан-ал-Банно, Сайид Қутб, Муҳаммад Қутб, Абу Аълои Мавдуди ва ғайраҳо қарор гирифта, кўр-кўрона аз афкори онҳо пайрави менамуданд. Чунин китобҳо дар он вақт ба воситаи донишҷўён ва баъзе хизматчиёни давлати, ки ба кишварҳои араби сафар мекарданд, вориди Иттиҳоди Шўрави мегаштанд. Пас аз озодтар шудани сафар ба ҳудуди Иттиҳоди Шўрви фаъолияти мубаллиғони хориҷии афкори ифротгарои дар Осиёи Маркази ҷиддитар шуд. Онҳо акнун на танҳо ба воридоти адабиёти таблиғоти, балки ба ворид кардани маблағҳои муайяне барои дастгирии ин равия оғоз намуданд.

Аз ҷумла, яке аз бунёдгузорони ҳизби наҳзат Қори Муҳаммадҷон Ғуфронов ҳангоми бозгашт аз таҳсили худ дар шаҳри Андиҷони Узбекистон аз тарафи мақомоти дахлдори давлати бо беш аз 200 китоби динию идеологи дастгир шуда буд, ки дар байни онҳо осори муаллифони ҳаракатҳои ихвонию ваҳҳоби ҷой доштанд.

Ҳолати дигари робитаи наҳзатиён бо ҷосусони ихвони ҳанўз дар ҳамон солҳои Шўрави ошкор ва пешгири шуда буд. Яке аз фаъолони наҳзати, сокини деҳаи Себистони ноҳияи Данғара Мулло Аҷик (Алиев) бо донишҷўёни хориҷи аз кишварҳои араби дар алоқа шуда, дар ҳамкори бо як нафар донишҷўи ихвони аз кишвари Судон бо номи Зубайд Содис мехостанд ба наҳзатиён барои нашри китобҳои идеологию дини як чопхонаи хурд (дастгоҳи типографи) бо алифбои араби дастрас намоянд. Пас аз ошкор шудани ин нақша, бо мактуби эътирозии Вазорати корҳои хориҷии Иттиҳоди Шўрави ба сафорати Судон, ин донишҷў аз донишгоҳ ва умуман, аз ҳудуди Иттиҳоди Шурави хориҷ карда шуд. Тавре нишон дода шуд, дар ташаккули ҷаҳонбинии наҳзатиён ҳамчунин, тақлиду пайрави аз роҳбарони инқилоби исломии Эрон ва муҷоҳидини Афғонистон низ нақши ҷидди гузошта буд.  

Масалан, солҳои 1990 аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон шаҳрванди Тоҷикистон Абдулҳамид Давлатов (бародари раиси собиқи ҲНИ Муҳаммадшариф Ҳимматзода) ва инчунин шаҳрвандони Афғонистон - Абдураҳим валади Хоркаш, Давлатмад валади Рустам ва якчанд пайравони ҳизби наҳзат аз минтақаи Кӯлоб дастгир гардиданд. Аз рӯи гуфтаи марзшиканон, онҳо аз мақомоти ҷосусии онвақтаи Покистон ва Ҳизби исломии Афғонистон супориш гирифта буданд, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардида, бо роҳи пинҳонкорӣ бо наҳзатиёни тоҷик ҳамкори карда, гурӯҳҳои террористиву тахрибкор созмон дода, амалҳои душманонаро на танҳо дар кишвари мо, балки дар тамоми Осиёи Миёна анҷом диҳанд. Номбурдаҳо баъди пурра тасдиқ гардидани гуноҳашон аз тарафи мақомоти судӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Ҳамин тавр, даъвоҳои наҳзатиён дар бораи моҳияти худҷўш ва  маҳаллию тоҷики доштани ин ташклот ягон асоси воқеи надошта, ТЭТ ҲНИ як ташкилоти воридоти ва маҳсули раванди геополитикии хеле фаротар аз Тоҷикистон аст. Моҳияти муздури ва дастнишондагии хориҷи доштани ин ташкилоти ифротгаро дар бобҳои баъдии рисола ба таври бисёр муфассал ва ҳуҷҷати нишон дода мешавад. 

Ҳамин тавр, ин чанд мисоли мушаххас ва даҳҳо мисолу ҳолати дигар нишон медиҳанд, ки роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар масъалаи  муаррифии ҳувияти худ бо як навъ мушкили зеҳни ё комплекси равони рўбарў мебошанд. Зеро онҳо худашон ҳеҷ гуна решаи дохили надоштан, ягон пояи миллию мардуми надоштан, пурра воридоти будан ва дастнишондаи хадамоти махсуси кишварҳои хориҷи будани ақидаи наҳзати ва ҳизби наҳзати исломиро хуб медонанд. Бинобар ин, онҳо бегонагии комили худро бо фарҳанг, ҷомеа, арзишҳо ва манфиатҳои Тоҷикистон эҳсос карда, барои рўпўш сохтани ин ҳолат кўшиш мекунанд, ки худро ба муҳит, арзишҳо, муқаддасот ва мардуми Тоҷикистон нисбат диҳанд. Аммо чун аксаран бесаводу аз таъриху фарҳанги миллат бехабаранд, ин кўшишҳои бисёр ноуҳдабароёна ҳар лаҳза дуруғ будани даъвоҳои онҳоро нишон медиҳад.

 

Саидхоҷа Акбаров,

собиқадори раванди оштии милли,

узви зергурўҳи кории Комиссияи оштии милли

 оид ба шомил намудани нерўҳои мухолифин

 ба ҳайати қувваҳои мусаллаҳи ҶТ

1 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.

Страница 6 из 37

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top