Хабархои сиёси

Хабархои сиёси (512)

Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.

Аз тахлилхо бармеояд, ки ифродгарои – экстремизм ва тундгароӣ- радикализм мафхумхое хастанд, ки дар сиёсат ва чомеа дар якчояги мушкилоти гуногуни ичтимоию сиёси, иктисодиву фархангиро ба вучуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъхои бардавом, куштори сокинони бегунох, валангор намудани кишвархо ва дар тахлука нигох доштани инсонхо мегарданд.

Мавзӯи муковимат бо экстремизм, терроризм ва ифродгарои мубрами руз дар чомеа аз тарафи олимон ва мухаккикони ватанию хоричи талошхои чиддие анчом дода шуданд, ки хар яке ба пахлухои гуногуни ин масъала рушани андохта, роху василахои баромадан аз ин мушкилоти вокеан глобалиро пешниход намуданд. Яъне, барои халли мушкилоти худ «инсонхо» хатто ба дахшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани харифон каноатманд нашуда, дар дили инсонхо тарсу харос ва ноумедиро чо намуда, хадафхои худро бо хар роху васила менамуданд .

Тадкикоти коршиносон нишон медихад, ки аз лихози пахншавии идеологияи тундгарои ва назарияи экстремисти, мухити дини аз хама зиёдтар осебпазир мебошад. Табдил гардидани мухити дини ва омилхои мусоидаткунанда ва тундгаро шудани он аслан аз мухолифатхои назариявии дохилимазхаби, ба кисматхо чудошавии он дар асоси хузури исломи гайрианъанавии сиёси, инчунин, нокифоя будани донишхои динии шахрвандон маншаъ мегирад. Арзишмантарин икдом ва хидмате, ки бо ибтикори Асосгузори сулху вахдати мили – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон рохандози шуд, баргузор шудани Симпозиуми байналмилали бахшида ба 1310- солагии Имоми Аъзам буд. Мардум дар бораи Имом Абуханифа маълумоти кофи пайдо намуда, аз таълимоти асли ва акидаи сахехи мазхаби худ огох гаштанд. Имоми Аъзам бузургтарин нобигаи хар давру замон буда, мазхаби тадвинкардаи у дар асоси китобу суннат аст ва мазхаби тахамулпазир ва инсонпарвар мебошад.

Дар Симпозиум собит карда шуд, ки таълимоти Имом Абуханифа бехтарин ва сахехтарин хукми исломи буда, даъвои салафия ва бемазхабонро ботил сохта, ба ин васила пеши рохи фитнаандозидои дигаре баста шуд.

Хамзамон, мохи июли соли 2015 дар шахри Душанбе конфронси байналмилали «Ислом зидди ифродгарои дини ва терроризм баргузор гардида буд, ки дар кори ин хамоиши бошукух уламои маъруфи олами ислом аз кишвархои Катар, Афгонистон, Покистон, Эрон, Россия, Казокистон ва рохбарони мусулмонони Апрупо ба хам омада, оид ба авзои сиёсии чахон, хатархои рузафзуни минтака ва чахон, тагъирёбии холату авзоъ мубодилаи афкори судманд намуданд. Ширкаткунандагони ин хамоиши байналмилали гуруххои ифродгарои дини ва террористиро бадномкунандагону мухолифони дини мубини ислом эълон намуданд. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон ба мачлиси Олии Чумхурии Точикистон омадааст:

«Афзоиши чиноятхои хусусияти экстремисти ва терористи дошта ба вусъат ёфтани тероризми байналмилали, фаъолшавии унсурхои тундраву ифродгаро, чалби чавонон ба сафи созмонхои экстремистиву терористи ва иштироки онхо дар низоъхои мусалахонаи давлатхои хоричи мусоидат менамоян».

Шароити имруза инсониятро мувочехи мушкилоти гушношуниде кардааст. Бавучудоии экстремизму терроризм, хукмхои максадноки «фарханги», омезиши тамаддунхо, аз байн рафтани милатхо, омилхои барангехтани кинаву адоват ё низоъхои милли –нажоди ва даххо мушкилоти дигар таъсиргузор ба зиндагии оламиён гардидааст. Дар ин раванд, бо сабабхои гуногун ва омилхои печ дар печ, андешахои бегонапарасти дар тафаккури иддае аз мардумони мо чо гирифта, онхо гирифтори акида ва идеологияи ботил гардидаанд. Дар ин айёми хассос моро зарур аст, такя ба андешаи мили намуда дар доираи таквияти мубориза бо терроризм ва кучактарин мавод, то ташкили иниститутхои бузурги идеологи пурсамар истифода намоем.

Руйдодхои чанд мохи охири чахон, тезу тунд гардидани вазъ дар Шарки наздик, Осиё, Африкои Шимоли, Аарупо ва дигар кишвархои дунё собит месозад, ки терроризм ва экстремизм хамчун хатари авалияи умумибашари эътириф шудааст. Кишвархои дунёро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мутахид шуда, бо фарохам овардани фазои солим бовари, эхтиром ба манфиатхои умумибашари дар пешоруи хатари дахшатбор чун кух по ба чо истодагари намуда, чихати аз байн бурдани ин зухурот фаъолият намоянд.

Дар таърихи 12 ноябри соли 2016 бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон тахти №776, ба максади пурзур намудани муковимат бо экстремизм ва терроризм Стратегияи миллии Чумхурии Точикистон оид ба муковимат ба экстремизм ва терроризм барои солхои 2016- 2020» кабул гардид. Ин хуччати мухим барои тахлили омилхо ва тамоюлхои экстремизму терроризм ва дар ин замина муттахид намудани тадбирхои муштараки органхои кудратии кишвар, макомоти идоракуни ва ташкилотхои чамъияти доир ба пешгири намудани гояхо ва фаъолияти экстремисти ва террористи сахми босазое хохад гузошт.

Пас моро зарур аст, фарзандонамонро дар рухияи ватандусти, дустдоштани ин марзу бум, мехнатдусти парвариш намоем, агар мо фарзандонамонро дар рухияи ватандусти, дуст доштани ин марзу бум тарбия карда тавонем, бовари дорам, ки фарзанди мо хеч гох рохи нодурустро интихоб наменамояд. Чунки, агар мо фарзандамонро хар лахза аз панду андарзхои бузургон вокиф гардонда тавонем, аз хурди рохи дурустро нишон дихем аминам, ки рохи интихоб кардаи онхо рохи дуруст мегардад. Чихеле, ки гуфтаанд:

На хар зан, зан бувад, хар зода фарзанд,
На хар гул мева орад, хар нае канд.
Ту неки н-из набошад бад фарзанд,
Бувад тарра ба тухми хеш монанд.

Арзишмантарин икдом ва хидмате, ки аз чониби сарварамон мухтарам Президенти кишвар Эмомали Рахмон ба халкаш расидааст, ин хам бошад Куръони мачидро бо забони оммафахм чоп намуда, ки хар як фарди точик метавонад онро мутолиа кунаду рохи дурусту нодурустро аз он интихоб кунад. Аммо баъзан гуруххои ифродгарое дар байни мо пайдо шудаанд, ки фарзандони баъзе валидайнеро, ки аз мадди назари волидайнашон дур мондаанд, ин гуруххо ин вазъиятро истифода бурда фарзандони онхоро ба он гуруххо шомил намудаанд. Хамин Точикистони зебои моро фазояшро ноором месозанд. Мо худ шохиди он чанги шахрванди будем, ки чандин наздиконамонро аз даст додем. Чандин модарон сиёхпуш шуданд, чандин фарзандон бе падар ва чандин наварусон хайрону зор монданд. Ин хам бошад сабаби чанги хамин гуруххое буданд, ки мардумро ба рохи нодуруст равона карда буданд.

Худшиносии миллӣ – маҷмӯи ҷаҳонбиниҳо, худогоҳиҳо, арзишҳо, баҳогузориҳо ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро инъикос карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи ченаке муайян ва муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд. Худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида шурӯъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии афроди алоҳида – ин яъне ҷавоб ёфтан ба пурсишҳое мебошад, назири: «ман кистам?», «асли ману ҷавҳари ман чист?», «падару модарам кистанд?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғ. Вақте ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил ё наздик ба он дарёфт менамояд, шурӯъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд ва дар истеҳкоми бинои миллати хеш саҳм мегирад ва дар байни худшиносиии хешу миллати худ пуле бунёд месозад. Ва ниҳоятан худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Бояд бигӯем, ки худшиносӣ аслан оғози ҳама гуна шинохтҳо мебошад. Аслшиносӣ, Худошиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худшиносии миллӣ ва даҳҳо шинохтҳои дигар аз худшиносӣ сарчашма гирифтаанд. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки дар бархурд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳуввият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод.

Таърихи илмии форс-тоҷик ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳуввиятсози миллат хизмат кардаааст ва ҳар як фарди миллати моро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои гаронбаҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Бешубҳа бидуни омӯзиши илм ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад ва ё умуман аз байн меравад. Агар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз осору таълимоти ниёгони худ чун Зардушту Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Хайёму Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Бедил, Айнӣ, Иқбол ва дигарон огоҳ намебуд, чӣ мешуд? Дақиқан манқурт мешуд. Ҳамаи ин бузургон ва бисёр дигар нобиғаҳои миллати мо – моро дар чаҳорчӯбаи асили одамият, инсонмеҳварӣ, дар асоси арзишҳои бузурги инсондӯстӣ, ки хоси миллати эронинажодон аст, тарбият кардаанд.

Таълимоти марксизм ленинизм таълим медод, ки инсон тавассути меҳнат аз ҷангал, аз барбарият, аниқтараш аз бузинагӣ ба ҳолату андоми зебои инсони имрӯзӣ расидааст. Мо рӯдакивор мегӯем, ки инсонро илм фалсафа, яъне таърихи ҷаҳонбиниҳо, донишҳою таҷрибаҳои ниёконамон инсон кардааст, ки дар ҳар як давру замон андак-андак бихрадони миллат дар сангҳо бингоштаанд, сол то сол, аз як насл ба насли дигаре расонидаанд, дар ҳар як аср сайқал дода, ба асри дигаре боқӣ гузоштаанд.

Дар Ғарб Арастуро ҳамчун асосгузори таърихи фалсафа шинохтаанд, аниқтараш ҳамчун асосгузори илми фалсафа ва низомбахши он. Ба андешаи мо, илм ҳамчун анвои гуногуни ҷаҳонбиниҳо ва фалсафа ҳамчун ганҷури ин ҷаҳонбиниҳо хеле барвақттар дар Шарқ оғоз гардидааст ва маҳз ниёгони мо – ориёиҳо асосгузори аввалин ҷаҳонбиниҳои устуравӣ, динӣ, динӣ-фалсафӣ, фалсафӣ, илмӣ, илмӣ-фалсафӣ будаанд. «Авасто» ҳамчун энсиклопедияи пеш аз ҳама илмӣ, динӣ, динӣ-устуравӣ, динӣ-фалсафӣ ва илмӣ-фалсафӣ дар қолаби дуруст гирифтани ҷаҳонбинии ақвоми ориёиасл, дар муайяну муқаррарсозии самти минбаъдаи ҳаёту фаъолияти эронитаборон, алалхусус миллати Тоҷик саҳми босазое доштааст. Дар баробари ҷаҳонбинии устуравӣ-динӣ доштани баъзе бахшҳои он, дар баробари ҷанбаи илмӣ-космогонӣ доштани бархе бобҳои он, муҳимтарин ва ҷавҳари асили ин китоби муқаддаси эронитаборон ҳамоно тарғиби ҷавҳари неку сутудаи инсонӣ ва мазаммати сифатҳои баду аҳримании он мебошад. Бо як далели бисёр ҷиддӣ собит сохтанием, ки Авасто пурарзиштарин ва муҳимтарин ва аз ҷиҳати илмӣ-амалӣ заруртарин ва мондагортарин барои тамоми башарият ҷавҳаре дорад, ки то ҳол инсоният роҳу усули аз он ба таври бояду шояд товони ҳамарӯза истифода бурданро наёфтааст ва ё надорад. Донишмандон бар ин боваранд, ки мағзу моҳияти аслии тамоми осори фалсафии инсониятро дар чанд китоб ҷой додан мумкин аст ва мағзу моҳияти ин чанд китобро дар як китоб ва мағзу моҳияти ин як китобро дар чанд саҳифаи китоб ва мағзу моҳияти ин чанд саҳифаро дар чанд сатр ё калима баён кардан мумкин аст. Ин корро ҳанӯз чаҳор-шаш ҳазор сол пеш аз мелод фарзандони фарзонаи миллати мо дар Авасто анҷом доданад: «Пиндори нек, Гуфтори нек, Рафтори нек». Дар ин чанд калима (ва ё ибора)-ҳои бисёр кӯтоҳ тамоми ҳикмату асли башарият ғунҷонида шудааст барои имрӯзу фардо, барои ҷовидон. Яъне, то замоне инсоният ҳасту боқист аз ин гуна беҳтару бузургтар ҳикмате наметавонад биофарад. Дар ин чанд калимаи бисёр содаву оддӣ, дар чанд калимае, ки гуфтанаш ниҳоят осон асту доим дар амал гардонидани он ниҳоят душвор. Ҳикмати ин чанд калимаро метавон дар садҳо ҷилд китоб тафсир кард ва роҳеро, ки фарзандони фарзонаи мо аллакай шаш ҳазор сол то мелод тай карда буданд, аз сари нав тай кард ва ё танҳо дар як китоби тафсирӣ-амалӣ-дастурӣ барои тамоми хонандагони макотиби миёнаву олӣ тартибу тавсия дод. Ин чанд калима дар худ он чунон ҳикмати бисёр бузургу азиме ҷой додааст, ки дар сурати дар амал татбиқ кардани он инсониятро ба хушбахтии ҷовидонагӣ мерасонад. Дар асл, ин чанд калима аслу моҳияти миллати Тоҷикон, худшиносии миллии моро ташкил медиҳад, ки ботини неку гуфтори неку рафтори нек ҷавҳари ҳастиямонро буруз кардааст. Ин чанд калима авҷи аълои маърифати мо, авҷи аълои худшиносии мо – ориёнитабор аст ва самти минбаъдаи рушду равнақи минбаъдаи мо ва ботини моро то имрӯз муайяну муқаррар кардааст. Аз ин рӯ, бо қотеият метавон гуфт, ки Зардушти Спитамон на танҳо аввалин шоиру олим, файласуф, муаллими ахлоқи инсоният (чуноне ки Нитче дар “Чунин гуфт Зардушт”-и худ бо исрор таъкид менамояд), балки муаррихи таърихи фалсафа низ мебошад. Зеро ӯ тамоми осори ниёгонамонро: нуҷум, тиб, таърих, дин, афкори фалсафӣ, ахлоқ ва ғ.-ро дар як ҷамъбасти куллӣ ба мо ба мерос гузоштааст. Муборизаи хайру шарр, некиву бадӣ ва оқибатуламр ғалабаи некӣ бар бадӣ дар Авасто нишонгари он аст, ки мо – Ориёиён - Тоҷикон (бидуни ҳеч як муболиға) худшиносии инсониятро асос гузошта, таърихи фалсафаи оламро рақам задаем.

Дар давраи ислом, ҳангоме ки забони арабӣ забони илму фарҳанг гардид, донишмандони форс-тоҷик илму фарҳанги баланди форс-тоҷикро ба забони арабӣ оварда, саромадони улум дар тамоми улуми замона – ҳикмат, нуҷум, тиб, ҳандаса, риёзӣ, тафсир, ҳадис, улуми адабӣ ва шеър маҳсуб меёфтанд ва бар пояи худшиносии миллии форс-тоҷик, ба арабҳо ва ҷаҳониён собит сохтанд, ки илму фарҳанги форс-тоҷик на камтар аз онҳост, балки ба маротиб болотару гаронмоятар мебошад. Донишмандони садри аввали форс-тоҷик – Форобӣ – муаллими сонӣ, Пури Сино – устоди табибони ҷаҳон, шайхурраис, амири файласуфон, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Умари Хайём ва даҳҳо тани дигар бахусус дар фалсафа, тиб, нуҷум ва сойири улуми замона дастболои Шарқу Ғарб ва номбардори миллати қадими худ шуданд, ки осори эшон то асри 19 китобҳои тадрисии донишгоҳҳои Ғарб маҳсуб ёфта, дар рушду равнақи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми беандоза гирифтаанд.

Дар фиқҳ Имоми Аъзам, дар илми калом Абӯмансур Мотуридии Самарқандӣ, мактаби Паздавӣ, мактаби каломии ашъария – Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ва донишмандоне назири Давонӣ, Тафтозонӣ ва даҳҳо тани дигар дар такомули ислом ва истеҳкоми фалсафӣ пазируфтани он нақши аввалиндараҷаро бозидаанд, ки бидуни хизмати донишмандони форс-тоҷик исломи муосирро тасаввур наметавон кард. Дар шаъни Салмони Форс ва умуман форс-тоҷикон ҳадиси саҳеҳи Пайғомбар (с), чунин мефармояд, ки: «Агар илм дар Сурайё мебуд, онро мардоне аз Форс ба даст меоварданд», худ далели шукӯҳу шаҳомати бесобиқа доштани худшиносии миллӣ, илмию фарҳангӣ мардуми ориёиасл мебошад. Фақат «Шарҳи Мулло»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, ки сарфу наҳви забони арабиро фароҳам кардааст, ёдоварӣ кардан кофист, ки нишонгари пурра ташаккул ёфтани худшиносии миллию фарҳангии форс-тоҷик дар он замон мебошад.

Тамоми осори адабии ин шахсони бузург, ки бешубҳа як бахши азими тҷаҳонбинии моро ташкил медиҳад, ба худшиносии миллию фарҳангӣ бахшида шудааст. Аслан тамоми шоирони забардасти миллати мо ҳакимону файласуфоне будаанд, ки фалсафаи баланди ахлоқ ва зебоишиносиро бо забони шеър баён кардаанд. Осори безаволи абармардони миллати мо аз Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш, Иқболу Айнӣ ва Туғрал осорихудшиносии миллати тоҷик мебошад.

Ҳадаф аз таҳлили ин гуфтаҳои боло дар он аст, ки халқи тоҷик босарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон 26-сол боз дар фазои сулҳу субот ва ҳамдилӣ зиндагӣ ба сар бурда истодааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Тоҷикистонро танҳо худи Тоҷикистониҳо обод месозанд на каси дигар». Ин андешае аст, ки онро шиори худшиносии милат номем, ки он аз ҳар фарди тоҷик меҳнати созандаю эҷодкоронаро талаб менамояд. Нигоҳ доштани ҳамин ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани он тавассути аз худ намудани дастовардҳои илмӣ- техникии муосир бояд кори ҷонии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бошад. Якдилию якдигарфаҳмӣ, қадрдонии ҳамдигарии аҳолии Тоҷикистон новобаста ба минтақаҳои сукунаташ шарти асоси пойдории сулҳу ягонагии миллат аст. Мардум бояд дарк кунанд ва бифаҳманд, ки дар дунёи иқтисоди бозоргонӣ ҳеҷ як давлате ба давлати дигар ёрии беғаразона расонидан намехоҳад. Аз ин ҷониб, ҳар як ҷавони тоҷик бояд ба қадри суханони Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида хушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба ин сарзамини биҳиштосо бояд шиори зиндагиаш бошад. Танҳо ягонагии миллӣ, дӯстдоштани ватан, ягонагии халқ бо ҳокимияти сиёсӣ ва наздикии ҳокимияти сиёсӣ ба мардум ин неъмати бобаҳоро пойдор намудан мумкин аст.

Толибов Қ.
Немонов Ҷ.
Бобохоҷаева Г.

Терроризм - содир намудан амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.

Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва ба кадом мақсад рух додааст. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани шумораи зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва мардуми он бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, роҳбарияти кишвар ҷонибдори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст. Айнӣ замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Мо, ҷавонон тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар дошта, қасди нобудии миллатҳо ва мақсади ғулом гардонидани мардумро дорад.

Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони аз ин падидаҳои номатлуби асри нав, худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳои террористию ифратгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.

Мо ҷавонони тоҷик пуштибони сулҳу субот, ҳимоятгари мероси ниёгон ва муҳофизони дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҳастем.

А. Ҳомидов мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ

«Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». Эмомалӣ Раҳмон (иқтибос аз Паёми навбатӣ 26-декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии ҶТ).

Сарчашмаи тамоми бадбахтиҳо ва носозиҳо ин бехабар будан аз худогоҳии миллӣ, нарасидан ба қадри гузаштагони худ ва саводи кофи надоштан аз дину таърихи хеш, инчунин бепарво будан нисбати меҳану давлати худ мебошад.

Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм дар қатори дигар давлатҳо эмин нест. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд. Барои пешгири ва бартараф намудани экстремизму терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳонро бояд оқилона истифода кард.

Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати бисёр муҳим «Стратегияи мубориза бо ифротгарои ва тундгарои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020 қабул карда шуд. Яъне ин ҳадаф як мушкилоти маҷмуи буда сабабҳои он сарзадани ин масъала ҳам иктисодӣ ва ҳам омилҳои ғайрииқтисодӣ, яъне иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва паст будани саводи диниву дунявӣ шуда метавонад.

Солҳои охир масъалаи мубориза зидди терроризм дар сиёсати чаҳони рузмарра гаштааст. Терроризмро ҳамчун тахдиди руирост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари сиёсатмадорон эътироф менамоянд. Аз таҳдиди терроризм ҳеҷ давлат худро эмин дошта наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намояд. Барои пешгирӣ намудани чунин амалҳои экстремизм ва терроризм усулу воситаҳои ошкорою пинҳониро оқилона бояд истифода бурд.

Аз ин рӯ, дар аксар кишварҳои ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бояд гуфт, ки экстремизми сиёсӣ одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин, экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Дар олами муосир масъалаи хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо ва оқибати он харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала доимо Ҳукумати кишварамон чораҳои лозими андешида баҳри амнияти мардуми кишвар саъю талоши ҳамешагӣ меварзад.

Воқеан таъсири террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин, дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Чӣ тавре ки маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб (пайдоиш ва ташаккули ҲНИТ) намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахтона баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонунҳо танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст. Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодем, ки дар ҷаҳони ислом вазъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилоотии муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона, ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуктаро Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм пайваст намуданд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони бегуноҳ мегарданд.

Бояд ҳар як фарди ҷомеаи навини тоҷикон барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

 

Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.

Дар замони муосир душманону хоинони давлату миллати тоҷик бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун, технологияҳои ҳозиразамон ва шабакаҳои иҷтимоӣ афкору ақидаҳои беасосу муғризонаи худро нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар дар соҳаи сиёсату илм, фарҳангу иқтисод баён менамоянд, ки ин сухану андешаи онҳо туҳмату буҳтон, ноодилонаю ғайриобъективӣ ва аз рӯи хусумату бадбинӣ ва ҷаҳлу нотавонӣ аст.

Масалан, ба мо дар ҳамин рӯзҳои наздик навиштаи нафақахӯр ва ветерани меҳнат Исломиддин Садиров бо номи “Душмани халқ” дастрас гардид, агар, дар ҳақиқат, ин навиштаи ҳамин кас бошад ва чунин шахс вуҷуд дошта бошад.
Муаллиф аз номи халқи тоҷик, зиёиён, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон сухан ронда, фикрҳои ғаразноку яктарафа ва дурӯғини худро ба сари хонанда иҷборан бор кардан мехоҳад. Исломиддн Садиров халқи тоҷик нест, балки як фард, як шахс аст ва ӯ ҳаққи аз номи халқи тоҷик сухан гуфтанро комилан надорад; халқи тоҷик ба ӯ ин ваколатро надодааст.

Садирови нафақахӯр аз номи зиёиёну рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони тоҷик низ ҳаққи ибрози андеша карданро надорад.

Инсон ва, хосса, инсони солдидаю солор бояд ҳар як суханро андеша кардаву санҷида, пас аз он ба забон орад, то бо сухани беасосу беандеша дили касеро наозорад. Дар суханронии Исломиддин Садиров, ки худро собиқадори меҳнат гуфтааст, чунин амал ба назар намерасад, балки ӯ бо нигоҳи муғризона ва хусумату иғвогарӣ шахсиятҳои шинохта ва кормандони давлатиро “масхарабоз”, “дузд”, “ғоратгар” ва “ноуҳдабаро” мегӯяд, ки туҳмату буҳтон аст ва пастию разолат ва ноодамию бевиҷдонии Садирови нафақахӯрро нишон медиҳад.

Бузургони миллати мо дар ин маврид гуфтаанд:

Сухан к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд

Дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу шукуфон гардид, илму маориф рушд кард ва сатҳу сифати зиндагии мардуми тоҷик хеле ҳам баланд шуд, аммо ҳамаи ин комёбию дастовардҳои давлату мллати сарфарози тоҷикро душманону бадхоҳони он дида наметавонанд, чун ҳирсу ҳасад, бухлу кина ва бадтинатию ҷаҳолат пеши чашми онҳоро пӯшидааст. Он нафароне, ки имрӯз дар зери ҳимояву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ ба сӯи давлату халқи тоҷик сангандозӣ мекунад, фарҷоми бад онҳоро интизор аст ва дигар пушаймониву афсӯс хӯрдан суд намедиҳад:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон амалҳои ғаразноку бадхоҳонаи душманону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷикро комилан маҳкум менамяонд ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Дар солҳои навадуми асри гузашта дар сарзамини мо як гурӯҳ мухолифон пайдо шуданд, ки ба муқобили ҳукумат бархостанд. Бо даъвату шиорҳои дуруғини худ тавонистанд мардумро аз роҳи созандагиву ободкориҳо берун сохта, падарро бо писар, бародарро бо бародар душман созанд ва миллатеро, ки ҳаргиз ба хоки дигаре аз пайи кина лашкар накашидааст, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ бикашанд. Дар он айём хатари нобудшудани генофонди миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Точикистон ва хавфи тақсим шудани замини муқаддасамон ба вуҷуд омад.

Дар ҳамин давра неруҳои солим ва ғамхори миллат ба по бархостанд, то марзубуми Ватани аҷдодиро нигоҳ доранд. Онҳо ҷонибҳои муқобилро ба сари мизи музокирот даъват намуданд. Аввали кӯшишҳо дар соли 1994 сурат гирифтанд. Албатта, ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдат хеле зиёд буд. Бояд гуфт, ки созишномаи ҳалкунандаву тақдирсоз дар шаҳри Маскав бо кӯшиши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Хизмати арзандаву далеронаи ӯро халқ фаромӯш нахоҳад кард.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро ворид шудани ҷавонон ва занону духтаронин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба ҷавонони мо фарҳанги исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.

Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, дар ҳақиқат шаъну эътибори инсониро паст мекунанд ва одамро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад дини исломро барои ғаразҳои нопоки хеш истифода барад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони ин ватани маҳбуб ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки ваҳдату истиқлолияти кишвари азизамон халалдор гардад.

Мумтоз Назирӣ - сардори Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

«Агар хоҳӣ душманро мағлуб намоӣ - фарзандони ўро тарбия намо»

Конфутси

Оре, ҳамин тавр ҳам ҳаст! Муҳимияти ин андеше, ки таърихи сеҳазорсола дорад, имрӯз беш аз пеш таҷассумгари оинаи  зиндагӣ гардидааст. Тарбияи  ҷавонон омилест басо тақдирсоз баҳри ояндаи халқу миллат. Агар дар ин замина диққати хоса ва чорае мушаххас наандешид, пас мағлубияти миллат ногузир аст. Ҷавонон дар рӯҳияи  номуътадилу номуайян, андешаву ақидаҳои бефикрона, идеологияи “озодандешона”-и мамолики Ѓарб ва ҳар гуна чолишҳои аз ақли инсон  берун ва ғайраву ва ҳоказо чӣ гуна метавонанд тарбия ёбанд. Вақто ки касе ба онҳо кор нагираду ҳамагон аз бетарафи муҳри хомӯшї бар лаб зада бошанд. Дар ин сурату сирати пуршӯру беқарори ҷавонон ё донишҷӯён кӣ бояд таъсиргузор бошад.  Ба фикри мо волидайну хешовандон, омӯзгорону тарбиятгарон, шахсиятҳои маъруфу машҳур, чеҳраҳои шинохтаву ношинохта, ВАО, матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ ва... суолест, ки, моро монда то ба ҳол беҷавоб. Аз  беаҳмиятии мо шабакаҳои мухталифи иттилоотии интернетӣ бо оҳанги “ҷудоихоҳӣ” ва ихтилофандозу рафтори аҷнабиёна ба ақли ҷавонон чун вирус ворид шуда, ба роҳу назари дигар ба сӯи қуллаи фатҳношавандаи дурӯғгини худ  ҳидоят мекунанд. Аз он ки, фазои холигиеро ҷавонон гӯё доранду ба мутолиа, омӯхтан, таҷрибаандӯзӣ, такмилдиҳии ҷаҳонбинӣ ва диду нигоҳи ояндасоз “вақт намеёбанд”, ба сӯи интернету шабакаҳои иҷтимоӣ медаванд, хуморшиканӣ, мекунанд.

  Ҳама бо телефони мобилӣ имрӯз таъмин шудаву мафкураи худро дар истифодаи бемайлони он гипноз сохатаанд, агар сари дастархон ҷамъ оянд мӯҳри хомӯшӣ фарогир хоҳад шуд, зеро бо телефон дар вайберу ютубу имо ва ватсаб  ворид шудаву чашм аз сӯи ҳамдигар кандаву фаромӯш сохта эҳтирому муносибати сари дастархонро. Ҳоло дар ҳар лаҳза  рушди интернет, воридшавӣ ба он, дар ҳар як хонавода  корест басо осон ва моро водор месозад, ки  барои пешгирӣ кардани истифодаи мунтазами он  чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Рушди  бемайлони интернет дар самти шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасии бемаҳдуд ба онҳо, васвасаи истифода бурдани онҳо барои мақсадҳои некхоҳона  ва ҳатто  баъзан бо мақсади ҷинояткорӣ, диққати махсусро талаб менамояд. Ин  таъсироти иттилоотӣ ва равонӣ бештар ба  насли наврас ва ҷавонон дахл дорад, зеро  ки онҳо то ҳанӯз  бо сабабҳои объективона ва андешаҳои  мустақилонаашон  “мошро  аз гандум” фарқ карда наметавонанд.

          Чӣ тавре ки мебинем, ҳамарӯза шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, аз ҷумла  ҳамаи навъҳои мағзшӯї  ва тазоҳуротҳои ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва гурӯҳиро  истифода мебаранд. Дар айни замон, синну соли истифодабарандаи Интернет ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, ки баъзан  кӯдаки 5 сола аз компютер ва дастгоҳҳои мобилӣ  истифода мебарад, ки калонсолонро дар  ҳайрат мегузорад. Сабаби асосии он  - рушди босуръати технология ва ҳамгироии он ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон аст.       Вақто, ки ҷавонон фирефтаи шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, аз иттилооти фитнаангези ҷудоихоҳ ва ваъдаҳои осмонбӯси  ифротгароён бовар ё гӯшу ҳуши хешро медиҳанд, пас дар раванди ҷаҳонишавии қишрҳои ҷамъият ва олами мураккабу номуайян нисбати ояндаи худ,   ба даққиқае фикр кардан фурсате пайдо карда метавонанд ё на. Насли имрӯза ондаи худро чи тавр метавонад хайёлпарастона ободу зебо созад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсолаи ироанамудаашон  баҳри таъмини ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб  зикр намудаанд: - “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.”Воқеан, ҳама пиру ҷавон ва ҳатто кӯдакон бе телефону шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёту мамоти хешро тасаввур карда наметавонанд. Агар мо, ба насли калонсол назар кунем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки аксарияти онҳо  ҳамаи хатогиҳо ва оқибатҳои кор бо Интернетро мефаҳманд. Дар бораи кӯдакон ва ҷавонон  чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо аз таҳдидҳое, ки сари ҳар як қадам онҳоро инзор аст огаҳӣ доранд ё на?  Бояд иқрор шуд, комилан не! Онҳо наметавонанд "эҳсос намоянд" барномаҳои зиштро, аз он ҷумла: ба вебсайти хатарнок табдил диҳанд; боркунии  файлҳо аз захираҳои мубодилаи файл; боркунии  маводи пиратӣ (мусиқӣ, видео); насби " озод ё ройгон", ки дар натиҷа рекламаи номатлуб пайдо мешавад; кӯдак метавонад ферефтаи  маълумоти шахсӣ (шахс ё падару модараш) гардад.  Ин амалҳо оқибатҳои зеринро метавонанд ҳусни оғоз бахшанд:· Дар натиҷа таҳдиду фишорҳои гуногун, таҳқиру иғвоангези дар шабакаи интернет пайдо мешавад.· Робитаҳои маънгардида. Ин маълумот дар бораи маводи мухаддир, худкушӣ, зиёнрасонӣ  ва порнографияҳои ҷинсӣ мебошад. Маълумот дар бораи таҳдидҳои номбаршуда тавассути сайтҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рекламавӣ паҳн карда мешаванд;

  • Бештар чунин ҳодисаҳо аксаран тавассути ҳуҷраҳои сӯҳбатҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои компютерии онлайнӣ ва дигар захираҳое, ки ба истифодабаранда фурсати алоқа карданро медиҳад.

· Побанди интернет шудан. Ин  вобастагӣ воқеан табобатношаванда барои кудакон мебошад. Дар ин ҳолат, мутахассисон фақат муҳаббати волидайн ва диққатро  ба сӯи кудакон тавсия медиҳанд.· Ҳалли мушкилот имконпазир аст. Пас, чӣ гуна ҳалли имконпазир вуҷуд дорад? Маън кардани кўдакон то як давраи муайяни синну сол  имконпазир аст, ҳатто барои баъзе кӯдакон вуҷуд надорад, яъне онҳо дигар ҳастии худро бе компютер ё телефони мобилии пайваст бо интернет тасаввур карда наметавонанд.

Биёед каме андеша намоем, ки  аз бепарвогиву беаҳмиятӣ ва истифодаи ҳамешагии шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ваъдаҳои фиребиназар дода шуда, мувофиқи маълумотҳои расмӣ  солҳои охир зиёда аз 1400 шаҳрванди Тоҷикистон   ба гурўҳҳои экстремистӣ бо номи  ДИИШ ворид гаштаанд. Ҳатто бархе аз ҷавонон бо оилаҳои худ ба шаҳрҳои Сурияву  Ироқ куч бастанд. Аксари ҷавонон ҳангоми муҳоҷир шудан дар Федератсияи Россия  бо ҳар гуна роҳу восита “мағзшӯӣ гардида” ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шудаанд. Волидайну хонаводаҳои онҳо аз ин қисмати тунду талхи хеш хун мегирянд, вале  ҳама дар фикр онанд, ки “худ кардаро даво нест”. Оқибати гаравидану ферефтаи назару ақл гардидани ҷавонон, оилаҳо низ сарсону саргардонанд, худ қазоват намоед, зиёда аз 15-зани тоҷик ва фарзандони онҳо як сол аст, ки дар Сурия бозгашт ба ватанро чашминтизоранд. Ба ин маълумот эътибор диҳед, шаҳрванди 24- солаи Исфара Шабнам  Ҳалимҷонова бо фарзанди хурдсолаш  қариб таи як сол мешавад дар хаймаҳои вайрона дар шаҳри Эл – Маликия зиндагӣ дорад. Маълум мешавад, ки шавҳари Шабнам соли 2014 ӯро бо роҳи фиреб ба Сурия овардааст. Шавҳари Шабнам яке аз сарбозони ДИИШ будааст ва ду сол пеш кушта шудааст. Ана фарзандони ояндасози миллат. Ин гуна мисолҳо хеле ва хело  зиёданд.

Бояд такия намуд бар андешаҳои пурмӯҳтавои Паёми Пешвои  муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, то ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешона ояндаи хешро ба суи қуллаҳои муроди орзӯҳо собитқадамона тай намоянд. Бо суханони Пешвои маҳбуб “ ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад” бо ақли солим амал карда, бо дилу нияти пок баҳри ободии Ватани маҳбуб  илҳому қудратеро бояд физуд, то воқеан ҷонфидои ин сарзамин бошем.

Ба ин андешаҳои ҷолиб таваҷҷӯҳ фармоед “то ба 35 солагӣ расидан ҳар як соли  илова омӯхтан ба ним сол давомнокии умри инсон изофа мегардад”.  Таҷриба нишон медиҳад, ки  онҳое, ки маълумоти миёна доранд нисбати ба дорандагони маълумоти олӣ 54%  давомнокии умрашон кам аст. То расидан ба синни 25  одамоне, ки маълумоти олии нопурра доранд, нисбат ба онҳое ки маълумоти миёна доранд давомнокии умрашон 7 сол зиёдтар аст. Бояд тазаккур дод, ки сабаби зиёдшавии давомнокии умри инсон дар он ифода ёфтааст, ки соҳибмаълумотнокии инсон ба таъмини бехатарии ӯ замина эҷод менамояд. Бинобар ин, ҷавонони соҳибмаълумот ва соҳибкасб, ки  бо бехатарии иттилотию психологӣ таъминанд, бе шубҳа ба ҳар гуна амалҳову иқдомҳои ҷудоихоҳ, фитннасозу кинапарвар ва ҳизбу ҳаракатҳои ифтротгаро заррае диққат нахоҳанд дод ва бо шукр аз Ватани ободу озод баҳри ояндаи дурахшони халқи соҳибмаърифату тамаддунсоз бо азму иродаи қавӣ дар таъмини рушди босуботи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи хешро хоҳанд гузошт.

Муаллим сарвару саркори инсон,

Муаллим номбардори азизон.

Ба даҳҳри беҳудуду оламу даҳр,

Муаллим ҷамъи ахбори парешон.

Дар асоси мисраъҳои шеърӣ мо омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста таълиму тарбияи наврасону ҷавононро ба роҳ монда баҳри соҳибмаълумоту боистеъдод шудани онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда моҳияти воқеањои сиёсиро фаҳмонем ва аз дастовардҳои истиқлолият ёдовар шавем.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 сол қабл дар қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошад, ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳалаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард.

Ба ёд овардани ин санаи таърихӣ, ки, воқеан, марҳалаи аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар як шахси солимфикри ҷомеа мебошад.

Дар ин ҳангом чандин вакилони халқ ва аъзои ҳукумат аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст гаравгон гирифта шуданд. Президент истеъфо дод.

Даврае буд, ки ба ояндаи нек касе умед надошт. Дар кишвар замони бенизомиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд.

Маҳз аз ҳамии сабабҳо иҷлосия дар шаҳри Душанбе баргузор карда нашуд. Ба ғайр аз ин, дар байни вакилон ҳам ягонагӣ ва ҳам дигарфаҳмӣ набуд. Бо вуҷуди ин, халқ ба Иҷлосияи XVI – ум, ба вакилони худ чашми умед дӯхта буд, бори дигар ба онҳо боварӣ намуда, то онҳо вазъияти баамаломадаро танҳо бо роҳи қонунӣ ба эътидол биоваранд.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.

Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд, ки ин эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номусро меафзуд.

Яъне, солҳои 90 – уми асри гузашта солҳое буданд, ки дар хотири ҳар як фарди тоҷик ҳамеша мемонад. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки он рӯзҳои фоҷиабор халқи моро ба чӣ оварда расонид: иқтисодиёти кишвар хароб гардид, чӣ қадар одамон ҷонашонро аз даст додаанд ва чӣ қадар кӯдакон ятиму занон бесаробон монданд, чӣ қадар хонаҳо вайрону   валангор   гаштанд, мактабҳо сӯхтанд, кӯпрукҳо тарконда шуданд...

Дар он марҳалаи барои миллат ва мамлакат ҳассос дар назди сарварони он вазифаҳое меистоданд, ки қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии одамони маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини Ватан аз иҷрои бетаъхири онҳо вобаста буд. Бо ин мақсад тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:

Аввалан, вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти Президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои президенти мамлакат муваққатан дар байни раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуд. шуданд. Роҳбарии Шӯрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми Олии Иҷроия ва амрдиҳанда асосан барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.

Дуюм, масъалаи ҷиддие, ки ҳамчун он рӯзҳо бояд бетаъхир ҳаллу фасл карда мешуд, барқарор намудани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамлакат буд. Зеро чуноне ки зикр намудем, фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо қариб аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон  ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд.

Сеюм масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд.

Чорум масъалае, ки ҳалли бетаъхирро тақозо мекард, таъсис додани Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд.

Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷиддии cap задани ҷанги шаҳрвандӣ ва вусъат ёфтани он вуҷуд надоштани Артиши миллӣ буд. Ҳол он ки Артиш яке аз рукнҳои асосї ва пойдевори ҳастии давлати соҳибистиқлол мебошад.

Вале то интиҳои соли 1992 дар Тоҷикистони тозаистиқлол Артиши миллӣ мухолиф амал мекарданд, ки низоми ягонаи тобеият надоштанд. Ҳатто дар он шабу рӯзҳое, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кори худро идома медод, дар мамлакат зиёда аз 13 ситоди гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳукм меронданд, ки аксари онњо ба касе итоат намекарданд.

Панҷум масъалае, ки бояд мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва ҳаллу фасл қарор мегирифт, пешомадҳои рушди иқтисодиро муайян   намуда, халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд. Аз ин лиҳоз, ягона роњи раҳидан аз мушкилоти иқтисодӣ боздоштани пастравии истеҳсолот, рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ буд.

Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишњои волои башарӣ ҳидоят намуд.

Хуллас, чандон осон набошад ҳам, дар асоси мисраъҳои шеърии овардашуда, таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонони даврони истиқлолият, аз олами маънӣ бохабар намудани онҳо, олиму донишманд сохтани онҳо, мақсади мо омӯзгорон аст.

Расад ҷон бар лаби бечора устод,

Чу ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.

 

 

Ҷӯраев Шавкатҷон Ҷумъақулович,

мудири кафедраи молия ва қарзи

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

 

Душанбе, 25 Феврал 2019 11:39

Мо зидди таассуб ва ифротгароӣ

Written by

Ҳамарӯза тариқи расонаҳои хабарии ҷаҳони муосир, ва шабакањои иҷтимоӣ  мо хабарҳоеро мешунавем ё ки ба воситаи синамо ҳодисаҳоеро мебинем, ки дар ин ва ё он гӯшаи дунё террористон ва ифротгароён, ки аксарияти онҳо ҷавонони  гумроҳу бехирад мебошанд, амалҳои террористии нангинеро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи онҳо одамон: пирон, ҷавонон, занону духтарон ва тифлакони бегуноҳ қурбон мешаванд.

Ростӣ, қалби Зан – Модар реш-реш мешавад аз дидани ин наворҳо ё амалҳои нопоконаю кирдорҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои террористии ба ном: ҲНИТ, “Давлати исломӣ” (ДИИШ), “Толибон”, “Боко–  Ҳарам”, “Ал –қоида”, “Ҳизб – ут –таҳрир”,  ки љавононро гумроњ карда ба доми шайтонсифати худ меафтонанд. Дили ягон Модар қудрати шунидани доғи фарзандро надорад. Оё боре азоби он модароне, ки нохалафон фарзандонашро гумроҳ месозанд медониста бошанд? Ба қавли худашон донандагони дини Ислом. На ҳаргиз!  Аминам, ки дуои модарон дар хаккашон мустаҷоб мегарданд ва рузе мерасад, ки подоши ҳама гуноҳҳои кардаашонро мебинанду пушаймон мешаванд вале суде надорад. Баъзан ҳамчун як модари тољик ба фикр фурӯъ меравам ва андеша мекунам, ки ин қабил номардон ба амсоли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш фикр намекарда бошанд, ки имрӯз дар назди тамом мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун хоини Миллат, ҳамчун гумроҳкунандаи ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳ шинохта шудаанд, дар назди фарзандони худ чи гуфта худро сафед мекарда бошанд? Ҳар як ҷавони солимақл, ки дар зери осмони софу беғубори ин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ мекунад аз ин ғаразҳои нопоконаи ин номардон сари андеша меояд ва ҳеҷ гоҳ ба тори анкабуди ин хоинони Ватан ҳамроҳ намешавад, зеро имрӯз бо чашму хеш дида истодаанд, ки ғарази онҳо танҳо гумроҳ кардани онҳо мебошад. Зеро имрӯз чӣ мақсад доштани онҳо дар тамоми ҷаҳон маълум шуда, ҳамчун хоинони Миллати тоҷик шинохта шудаанд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби ба терроризму ифротгароӣ гаравида шудани ҷавонон ин дониши нокифояи илмӣ ва динӣ доштани онҳо, инчунин шароити пасти сатҳи зиндагӣ доштани онҳо ва тарбияи дурустӣ оилавӣ, мактабӣ ва донишкадавию донишгоҳӣ нагирифтани онҳо мебошад. Таҷриба исбот намудааст, ки ҷавонони бехиради ноогоҳ зери таъсири хурофотпарастон монда, зуд ва ба осонӣ ба фикру ақидаҳои равияҳои гуногуни диние, ки саркардагони онҳо мақсади ба вазифаҳои баланди ҳукмфармоӣ соҳиб шудан мебошад, бовар намуда, зери таъсири онҳо мемонанд ва ба иҷрои мақсадҳои нопоки онҳо камар мебанданд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопоки террористон ва ифротгароён нашуда,  барои њимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд.

Мо низ аҳли зиёи кишварро зарур аст, ки ҷавононро дар  рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва илму фарҳангомӯзӣ тарбия намуда, нафрати онҳоро бар зидди  ифротгароию терроризм бедор намоем ва нагузорем, ки  ба ақидаҳои нопоки ин разилон бовар намоянд.

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба насли ҷавон дорад ва ҳамеша таъкид менамояд, ки ояндаи ин марзу бум аз ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол вобастагӣ дорад.

 Маҳсудинова Р.Ғ.

котиби Шӯрои олимони донишгоҳ

 

Страница 10 из 37

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top