Шуморо босмачиҳо ба сафашон намегиранд!     

 

 

        Аз солҳои бозсозӣ оғоз карда,  атрофи босмачӣ сару садоҳои зиёде баланд шуд . Яке  ӯро «марди ватанхоҳ»  мегуфт, дигаре  «дузду  роҳзан» ва то имрӯз ин мубоҳисаҳо идома доранд.  Вале  касе то ҳол таърифе дар бораи босмачӣ баён накардааст, ки донем босмачӣ кӣ буд ва чӣ мехост. Ҳар нафаре, ки атрофи босмачӣ сухан мекунад ақидаву ормонҳои худро аз номи босмачӣ баён медорад, ин хостаҳои босмачӣ нест. Масалан, дар гуфтаҳои Дориюш Раҳабиён чунин омадааст: «Ман ҳаводори ҳар он касе ҳастам ,   ки сарзаминашро аз зӯру таҳовузу  иҳбор  ба дур мехоҳад» . Бале мо ҳам ҳаминро мехоҳем,  вале босмачӣ ҳаминро мехост ё мо хостаи худро ба ӯ бор мекунем.

        Босмачӣ ба маълумотҳое, ки дорем Иброҳимбек аст «Дастаҳои Иброҳим ба деҳаҳо даромада , барои лашкари ислом гуфта, пулу гандуму колои мардуро ба зурӣ мегирифт.Ин бедодиҳоро бештар дар Кӯлобу Балҳувон, дар деҳаҳои тоҳикнишин мекарданд»(377). Зеро пешвои ӯ Амир Олимхон, ки ӯро парвоначӣ (генерал - летинант) дода буд, хазинаи худро , ки зиёда аз 700 тонна тилло ва 133 млн пули николайӣ дошт, моли мумсик хӯроки бебок,   ба  дасти бокшевикон дода, ба Афғонистон гурехта буд(с.229).  

       Хостаи босмачиҳо ба сари тахт овардани амиру он салтанати бераҳми пешин буд. Суҳбати Иброҳимбекро бо Анварлошо меорем:

- Шумо ҳам ҳадидед, риши тарошидаю палтун (палто) доред, - Иброҳимбек ришханд кард.

- Чӣ пӯшам? Чакман пӯшам? –Бо оҳанги дӯстона пурсид Анварпошо(374).

          Дориюши азиз, босмачиҳо шуморо бо ин ақидаатон, ки доред, ба сафи худ намегиранд. Онҳо шуморо ҳадид гуфта(зеро ҳадидҳо ғами ватану миллату насли оянда доштанд, аммо  онҳо низ бехато набуданд), ба дор меовехтанд!

   Як сухани ҳадидро меорам:  «Замони мактаб аст , илм аст, ақалан фарзандҳоятонро хононед, ки худатон барин муғамбиру махдумнусха нашаванд!»(366).

   Ба хонандаи азиз тавсия мекардам, ки китоби тозанашри Мирзонасриддин « Оташ дар хонаи қадим» -ро мутолиа кунад , ки мо ҳам  чанд мисол аз ҳо овардем,  ва ба ҳама саволҳои худ ҳавоб хоҳад ёфт.   

 

Ғоибзода А

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top