АРСАИ НОМУСИ МИЛЛАТ ВА ИФТИХОРУ  САОДАТМАНДИИ ФАРДО

Таърих аз ибтидои пайдоишаш дар олами башарӣ ҳама чизро дар синаи худ нақш баста омадааст. Ва гоҳо аз нотавонбинии ҳасадхӯр, зулми беадолатҳо, аз туҳматҳои дӯсти дар ғаразнок, душмани дар либоси дӯст ва рақибони ноодили мардони корзору боматонат ва ватанпарасту бонанг низ дар синаи худ доғе ба ёдгор дорад.

 Миллати тоҷик аз аснои зуҳури худ дар олами ҳастӣ ҷуз накӯию инсондӯстӣ,  ватанпарастию, худогоҳӣ, бунёдкорию фарҳангсолорӣ, ватансозию тамаддунофарӣ ва амсоли ин арзишҳои баланди инсонро ба ёдгор мондааст. Аз ҳазораи панҷи пеш аз мелод дар аҳди Куруши Кабир империяи табори озодазодагони миллати тоҷик инсонро арзиши олӣ эътироф карда, ба бунёди пурқувваттарин империяи босубот ва бунёдкор поя гузошт. Дар пасманзари таърих давлати Сомониён низ дар аҳди фармонфармоии худ давлати аз ҳама босубот, бунёдкор бо иқтидори тавоноии иқтисодию, маънавӣ ва ахлоқию фарҳангӣ то ҳанӯз оламшумул аст. Дар даврони навини оламшумулии ба гунаи нав дар бахшҳои гуногун давлати Тоҷикистон низ тавонист оламшумулии херо иқтидор бахшад ва мақоми худро дар ин раванд устувору доманадор бо паҳлуҳои вижаи давлатдорӣ ҷаҳоношно созад. Албата дар ин сангари вазнини офарандагию бунёдкорӣ ва ниҳоят пуршараф нафаре муваффақ ва пазируфта мешавад, ки дорои хислати баланд ва наҷиби инсонӣ мебошад.

Миллати тоҷик дар олами башарӣ дар чанд соли наздик фарҳангсолории худро ба такрор аз ибтидои таърих дубора эҳё кард. Миллати мо дар бахши ватандорию ватансозӣ ба ҳам омада арсаи номуси миллатро ба корзори ватансозӣ ва бар пояи устувори худогоҳӣ қадаме бар бунёд гузошт, ки ба ҳадди камол ва ҳуввияти миллӣ расид. Парчами миллии тоҷикон бо садои суруди миллӣ дар ҳар гӯшаи олам парафшон мешавад. Дар макони умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҳамвора мақом ва алвонҷ дорад.

Бар пояи ҳама худшиносию худогоҳии миллат барои фардои босаодати насли минбаъда абармарди олами корзори матонат, асилзодаву озодамарди миллат ва шахсияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар фарди соҳибватану меҳанпарасташ корзореро дар садади офариниши мактаби волои ватансозию худшиносӣ ќарор додаанд, ки баробар ба пешниҳоди бахше аз маҷмӯи тамаддуни вижаи миллати тоҷик аст. Ин сангари номуси ватансозӣ, бунёди бахшҳои саодати миллат дар ҳар хусусе ва корзори ифтихори номусу нанг -Роғун мактаби бузури бунёдкориву меҳанпарастист.

Роғун ба як мактаби саропо аз ифтихори миллӣ, ҳуввияти меҳанпарастӣ ва созандаи фардои давлату миллат табдил ёфта, пайроҳаи саодати фардои ин миллат мебошад.

Ба андешаи волои роҳбари гуруҳи байнипарлумонии Парлумони АврупоСтраун Стивенсон “Роғун дар ҳақиқат лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, метавонад об ва неруро ба воситаи сулҳофарӣ мубаддал гардонад”.

 Ин корзор миллатро дар ҳар бахше сарҷамъ, ғурури миллиро баланду устувор ва зиндагии шоистаи миллати соҳибтамаддути тоҷикро таъмин хоҳад кард.

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top