Роғун умед ба фардои дурахшони зиндагӣ

       Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи нерўгоҳҳои рўди Вахш аз боло нӯҳум буда, давраи тайёрии сохтмони нерўгоҳи Роғун соли 1976 оғоз ёфта буд. Иртифои лоиҳавии садди он 335 м хоҳад шуд, ки он дар замони ҳозира дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин садди маснӯӣ маҳсуб мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбори нерўгоҳ 13,3 млрд. мукааб буда, иқтидори он 3600 МвТ, иборат аз 6 адад чарха аст, ки қудрати ҳар кадом 600 МвТ мебошад. Ин нерўгоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 6 млд квт/соат барқ истеҳсол карда шавад ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.

       Ҳоло истеҳсолкунандаи асосии барқ дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обии Норак мебошад, ки он 40 сол боз фаъолият намуда, 70 фоизи барқи кишварро тавлид мекунад. Ба иртиботи истифодаи тӯлонӣ вақтҳои охир муаммои гилпур шудани обанбори Норак беш аз пеш шиддатнок гардидааст. Наҷоти ин мушкилот-сохтани нерўгоҳи барқи обии “Роғун” аст. Сохтмон ба анҷом расаду нерўгоҳ ба кор шурӯъ намояд, ба обанбори Норак оби кони рўдҳои Сурхобу Хингоб дохил мешаванд. Агар мо Роғунро насозем, пас аз 15-20 сол нерўгоҳи Норакро аз даст медиҳем. Масалан, зимистон нерўгоҳ бо оби шохоби дарё фаъолият намуда, ҳамагӣ 4 миллион киловатт соат барқ истеҳсол мекунаду халос.

       Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Дар сохтмони НБО-и Роғун ташкилотҳову корхонаҳои хориҷӣ низ саҳми худро гузоштаанд, аз ҷумла, ширкати сохтмонии Ориёно, Умрон-Морун, Восточный горный компания, Чирке- гесстрой, Тарговый дом. НБО «Роғун» зеризаминӣ аст. Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, бо нақбҳо ҷорӣ шуда барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Нақбҳо асосан аз руйи таъиноташон ба обпарто ва ёрирасон ҷудо карда шудаанд. Аз солҳои 2000-ум cap карда дар ин иншооти бузурги аср корҳои геодезӣ бо истифодаи технологияи нави замонавӣ иҷро карда мешаванд.

      Барои раванди кор дар минтақаҳои сохтмонӣ аз оғози корҳои лоиҳакашӣ то ба итмом расонидани фаъолияти иншоотҳои муҳандисӣ корҳои геодезӣ гузаронида мешаванд. Бояд тазаккур дод,ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон ва боистеъдод ниёз дорад. Мутахассисони соҳаи геодезия ва геоинформатика ниҳоят кам ҳастанд. ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур яке аз муассисаҳои таълимиест,ки мутахассисони соҳаи иншооти гидротехникӣ ва геодезияро омода менамояд, ки онҳо дар сохтмони ин иншооти аср саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар сохтмони нақбҳои мошингард ва обгузар ва конҳои сангу хок аз асбобҳои муосир замонавӣ ба монанди LEICA TS-06-02-09 ва SOKKIA истифода мебаранд. Ҳангоми корҳои нақбканӣ ва сохтмони дигар иншоотҳои зарурӣ, пеш аз ҳама корҳои назоратӣ ва тадқиқотии нуқтаҳои полигонометриро ба роҳ мондан лозим аст. Сатҳи рушди пешрафти илмӣ-техникӣ тағйиротҳои куллиро дар раванди технологӣ, иҷрои корҳои муҳандисӣ-геодезӣ ҳамчунин ба таври сифатнок иҷро намудани онҳоро бо пурра истифодашавии асбобҳои андозагирии ҳозиразамон (ба воситаи тахеометр ва тарозаҳои электронии ҳисобашон нисбатан дақиқ, далномер, сканерҳои лазерӣ, воситаҳои техникаи электронии ҳисоббарор ва ғайраҳо) талаб менамояд.

      Қайд кардан зарур аст, ки дар НБО “Роғун” шабакаҳои зиёди геодезии триангулятсионӣ ва полигонометрӣ сохта шудааст. Маҷмӯи шабакаҳои дар иншооти НБО-и “Роғун” буёдшаванда аз нуқтаҳои триангулятсия ва полигонометрия иборат мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи истифодаи ин шабакаҳо дар муддати муайян мониторинг гузаронидан лозим. Ҳадаф аз чунин мониторинг ин муайян намудани координатаҳои дақиқи онҳо дар як системаи муайян мебошад. Шабакаҳои геодезии тадқиқшуда дар раванди

корҳои омузишӣ ва барқароркунӣ дар минтақаи сохтмонӣ илман асоснок шудааст. Пунктҳои геодезие, ки дар ҳудуди ин гуна иншоотҳои муҳандисӣ ҷойгир шудаанд дар давоми рӯз, ҳафта, моҳ ва солҳо пунктҳои геодезӣ зери таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода мешаванд.

      Айни замон дар НБО “Роғун» корҳо бо як маром идома дорад. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода шуд.  Агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Бояд қайд кард, ки вобаста ба кори НБО “Роғун” оянда дар минтақа давлати мо ягона давлати тавлидгари нерӯи барқи дастрас боқӣ хоҳад монд.

Бахтовар Ғоибов-аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар”

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top