Оташ ба ду дасти хеш бар хонаи хеш...

Мақолаи аъзои Шўрои миллии ҳуқуқии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тураев “Куштори қатли зиндонҳо аъзои ҲНИ мебошанд”   хеле бо диққат мутолиа намудем ва чун огоҳ шудем, ки ҳатто дар зиндонҳо ҷонибдорони ҲНИ  дар фикри хунрезӣ мебошанд, дар ҳайрат мондем, ки онҳое, ки дар ҳизбашон вожаи муқаддаси “ислом” ҷой дорад,  бо ин амал онон магар ин дини мубинро бадном намекунанд.  Мо тоҷикон бо фарҳанги бузурги аҷдодиамон ифтихор дорем, ки пешиниён ба мо чунин фарҳанги волоро ба мерос мондаанд, ки дар ҷавҳари он тамаддуни ориёӣ ва исломӣ маҳфуз аст. Вале ин гурӯҳҳои ҷинояткори ба ном исломӣ бо ин амалҳои зиддиисломию зиддиинсонию зиддитоҷикии худ насли имрӯзро бадном карда, ба ояндагон мефаҳмонанд, ки мо дар радифи одамони ваҳшӣасл мансуб ҳастем.

 Бозор Собир- шоире, ки аз пайи афсонаҳои пешвоёни ҲНИ рафта, гумроҳ шуд, ба Шумо курдилон моҳияти Ватанро хеле равшан ва фаҳмо  мафаҳмонад:

Агар мо дарду ғам дорем,

Ватан ҳам дарду ғам дорад…

Ватан хунест, к-он дар шаҳраги хунгарди мо ҷорист…

Ватан бо мост.

Шукри обу хоку оташаш, мо низ бо ӯем.

Дар олам хоми моро оташӣ ӯ метавонад пухт,

Дар олам хушки моро метавонад оби ӯ тар кард.

Ин шеъри шоирест, ки солҳои зиёд дар зери оҳангҳои ҷаллодонаи Шумо рақсида, оқибат дарк намуд, ки шумо номи исломро баҳри ҳдафҳои нопокатон истифода менамоед ва худро канор гирифта, ба Ватан баргашт.     

Вале дар шоҳрагҳои Шумо заррае ҳам хуни инсонӣ вуҷуд надорад.  Бо Шумо ҳарф задан айб не, балки гуноҳест азим. Бунёди НБО-и Роғун-ро ҷаҳон эътироф намуда, онро баландтарин нерӯгоҳи обию барқӣ шинохт ва минтақаи Осиёи Миёнаро метавонад дар иқтидори худ муттаҳид созад. Вале Шумо фарзандони ин диёр миллати моро хунрезу ҷиноятпеша муаррифӣ намудед. Шуморо Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар назар дошта, гуфтааст:

Мусулмон фоқамасту ҷандапӯш аст,

Зи кораш ҷабраил андар хурӯш аст.

Биё тарҳи нави миллат бирезем,

Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.

Дигар бо номи тоҷик худро муаррифӣ нанамоед, аз Шумо ва аъмоли Шумо инсоният дар андеша мондааст. Ҳайфи вожаи муқаддаси инсонӣ, ки Шумо онро ба худ нисбат медиҳед.

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top