Раёсати таълим

Раёсати таълим яке аз муҳимтарин сохтори донишгоҳ буда, вазифаи асосии он банақшагирӣ, назорат ва танзими раванди таълим, таҳияи нақшаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҳисоби сарбориҳои омӯзгорон ва назорати иҷроиши онҳо мебошад. Раёсати таълим  тибқи қарори Шӯрои олимони ДДТТ аз 7.06.2017, таҳти №13 дар заминаи департаменти таълим, ки 1-уми октябри соли 2007 таъсис ёфта буд, ташкил шудааст. Дар солҳои 1987-2007 сохтори мазкур номи шуъбаи таълимро дошт.

Дар тӯли солҳои гуногун роҳбарии Раёсати таълимро олимони зерин ба уҳда доштанд:

•    муаллими калон Давлатмамадов Валӣ, солҳои 1987-1994;
•    номзади илми филологӣ, дотсент Шоев Раҳматулло, солҳои 1994-1996;
•    номзади илми биологӣ, дотсент Суннатов Маҳмадҷон, солҳои 1996-1997;
•    номзади илми ҷуғрофӣ, дотсент Мӯсоев Зайниддин, солҳои 1997-1998;
•    номзади илми кимиё, дотсент Маликов Таваккал, солҳои 1998-2001;
•    номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Салимов Назаралӣ, солҳои 2001-2008;
•    доктори илми физика, профессор Маҷидов Ҳамид, солҳои 2008-2011;
•    номзади илми иқтисодӣ, дотсент Ҳикматов Саъбат, солҳои 2011-2012;
•    номзади илми омӯзгорӣ, дотсент Мирзоев Раҳмоналӣ, солҳои 2012-2017;
•    номзади илми иқтисодӣ, дотсент Ҳамитов Муҳитдин, аз соли 2017 то имрӯз.

Сохтори раёсати таълим дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мутобиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Тоҷикматлубот ташкил карда шудааст.

Дар солҳои гуногун дар сохтори Раёсати таълим шуъбаи ташкил ва назорати раванди таълим (мудираш дотсент Мирзоев Р.Р)., шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим (мудираш дотсент Каримбердиев О). ва шуъбаи маркази бақайдгирӣ ва машварат (мудираш Зебиниссо Амонӣ) мавҷуд буданд.

Соли таҳсили 2008-2009 шуъбаи ташкил ва назорати раванди таълим ва шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим муттаҳид карда шуда, ба шуъбаи ташкили раванди таълим, мониторинг ва назорати сифати таълим (мудираш дотсент Каримбердиев О). табдил дода шуд.

Раванди таълим дар донишгоҳ тибқи стандартҳои нави давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст.

Бо мақсади ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, таъмини болоравии сифати таълим ва сафарбаркунии донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар макотиби олии хориҷӣ кишвар, тибқи фармони Вазири маорифи ҶТ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз моҳи  сентябри соли 2004, таҳти №698 ба қатори мактабҳои олии таҷрибавӣ (пилотӣ) ворид карда шуда, дар соли таҳсили 2005-2006 нахустин шуда ба татбиқи низоми кредитии таҳсилот бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ шурӯъ намуд. Соли таҳсили 2009-2010 шуъбаҳои рӯзона ва   ғоибона пурра ба низоми кредитии таҳсилот гузаштанд.

Дар солҳои гуногун кормандони пуртаҷриба Раҳимова М.С., Ғуломова М.Ш.,  Ғуломова Ҳ.Қ., Шарипова М.Ф., Тайлоқов Н., Пиров Қ., Маҳсуддинова Р.Ғ., Абдурасулов Ш., Раҷабов М., Ҳайдарова Ф., Маҳмадуллоев З.Н., Мирзоев Р.Р., Шарипов С., Улфатшоев Ф., Набиев Ҳ.И., Раҳимдоди Х., Мирзоев А.А., Ғуломова Ш.Қ. ва Худойдодов М. дар Раёсати таълим кор карда, дар пешбурди фаъолияти он саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар сохтори Раёсати таълим дар солҳои 2008-2012 шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва карйера вуҷуд дошт, ки ба он н.и.и., дотсент Утаганов А.А. роҳбарӣ менамуд. Ҳоло ин шуъба ба тобеияти Раёсати илм ва инноватсия гузаронида шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top