Таърихи 2.06.2014 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барномаи мубодилаи дониш ва фарҳанг бо иштироки ду нафар волонтерон, Нурин Шалвани аз донишгоҳи Эмор (Гурҷистон) ва Габриэла Герреро аз штати Сан-Франсиско (Калифорния), ки аз ҷониби ташкилоти «Сафирони Ғайрирасмии Амрико» пешниҳод гардида буд, оғоз гардид ва то санаи 30.06.2014 ҳамарӯза аз соати 9:00 то 16:00 идома хоҳад дошт. Хоҳишмандон барои иштирок дар курсҳо метавонанд ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ, воқеъ дар ошёнаи 1-уми бинои асосӣ муроҷиат намоян.