МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ОМИЛИ РУШДИ КИШВАР

Бинанда: 376 | Санаи нашр: 02 Май 2024

Рӯзи 2 – юми майи соли 2024 дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии кормандони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Баҳрулло Иззатулло ва Сайфиддинзода Нуриддин бо омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар вохӯриро оғоз намуда, баъди муаррифӣ намудани меҳмонон ва баён кардани мақсаду аҳамияти вохӯрӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз намуд, ки коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ монеаи рушду тараққиёти ҷомеа мегардад.

Сипас, корманди Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфиддинзода суханронӣ намуда, дар бораи мафҳум, хавфу таҳдидҳои коррупсия ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қабули қонун ва стратегияҳои муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб маълумоти муфассал дод.

Дар хотимаи вохӯрӣ Хайрулло Холназар ба намояндагони Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки ҳайати омӯзгорону профессорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ хуб дарк намудаанд, ки мубориза бар зидди ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла коррупсия вазифаи натанҳо кормандони агентии зикргардида ва мақомотҳои қудратӣ, балки кори дастҷамъона ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top