ДАРСИ КУШОДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бинанда: 254 | Санаи нашр: 26 Апрел 2024

Санаи 23-юм ва 24-уми апрели соли 2024 дар доираи ташрифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо роҳбарии Эдуард Омаров - директори “Мактаби байналмилалии соҳибкории Донишгоҳи давлатии Тюмен, профессор, номзади илмҳои равоншиносӣ, ноиби президенти ташкилоти ҷамъиятии соҳибкории хурду миёна “OPORA RUSSIA” вохӯрии судманд бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ва дарси кушоди байналмилалӣ дар мавзӯи: “Рушди соҳибкорӣ ва таҳсилоти соҳибкорӣ” гузаронида шуд.

Дар ҷараёни вохӯри профессор Эдуард Омаров зикр намуд, ки соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ бо дарназардошти нақши муҳим доштанашон дар ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ғанӣ гардонидани имконияти буҷети давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки кишвар муайян гардидааст.

Пас аз баромади пурмуҳтаво бо омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантон мубодилаи афкор намуда якчанд китобҳои таълифнамудаашро тақдим намуд.

Дар назар аст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобила ва табодули омӯзгорони кафедраҳои Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷоннок карда шуда, ҷалби васеи ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳҳо ҷиҳати баргузории силсилаи лексияю семинарҳои маҷозӣ ва ҳузурӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯёни ҳарду донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top