Ташрифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия ба Донишгоҳ

Бинанда: 249 | Санаи нашр: 23 Апрел 2024

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷортати Тоҷикистон, профессор Назарзода Хайрулло Холназар намояндагони Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия бо роҳбарии Эдуард Омаров ба ҳузур пазируфт.

Нахуст, ректори донишгоҳ ҳузури меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Федератсияи Россия, ба хусус дар соҳаи илму маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд гардид, ки бо сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар доираи созишномаҳои дуҷониба давлатҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, техника ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Иброз гардид, ки донишгоҳ имрӯз бо зиёда аз 100 донишгоҳи хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, фаъолияти байналмилалии худро дар амал тадбиқ карда истодааст. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муносибатҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён шартномаи тарафайн бояд ба имзо расонида шавад. Дар ин замина созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилот ва илм ба имзо расонида шуд.Тибқи Созишномаи мазкур ҷонибхо ҳамкориро дар самтҳои зерин роҳандозӣ менамоянд:

- ҳамкорӣ дар бахши таҳсилот ва илм;

- табодули академии донишҷӯён ва кормандони илмию омӯзгорӣ;

- мубодилаи иттилоот ва интишороти муштарак;

- ташкили конференсияҳо, семинарҳо ва ҳамоишҳои илмии муштарак.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо ба зуддӣ роҳандозӣ намуда, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаи ҳамкорӣ табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ғайраҳо ба роҳ шаванд. Иброз гашт, ки дар асоси шартномаи басташуда омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷортати Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисосро дар Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия метавонанд гузаранд.

Аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии тиҷортати Тоҷикистон, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ба намояндагони Донишгоҳи давлатии Тюмени Федератсияи Россия туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи эҳтирому равобити дӯстиву ҳамкорӣ тақдим карда шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top