ВОХӮРИИ СУДМАНД

Бинанда: 373 | Санаи нашр: 06 Апрел 2024

Санаи 06 апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии судманд бо Сарходими илмии Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ н.и.п., профессор Мавлоназаров Силмон Силтонназарович ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Мавлоназаров С.С доир ба масъалаҳои “Терроризм, экстремизм ва кибертерроризм - таҳдид ба амнияти ҷаҳон” ва “Таъмини амнияти иттилоотӣ ва тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ дар шароити таҳдидҳои киберӣ” суханронӣ намуд.

Инчунин, аз ҷониби сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Авғонов С.М. оид ба риояи қатъии талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, роҳ надодан ба зиёдаравӣ, сарфакорӣ, хурофотпарастӣ ва аз байн бурдани маросими “идгардак”, ки рӯзҳои идҳои Қурбон ва Рамазон аз ҷониби калонсолон ва кӯдакон дида мешавад, баромад намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бояд ҳар як фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии кишвари азизамон саҳми хешро гузорад.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top