ДДТТ. БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ҶУМХУРИЯВИИ “ ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

Бинанда: 379 | Санаи нашр: 01 Апрел 2024

Шуруъ аз имрӯз бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав даври якум – даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии  “Илм – фурӯғи маърифат”, ба кори худ оғоз намуд. Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда даври якум-даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии  “Илм – фурӯғи маърифат”- аз рӯи 5 наминатсия аз 01.04.2024 то 05.04.2024 дар бахшҳои зерин гузаронида шавад:

 

1. Математика (арифметика, алгебра, геометрия);

2. Физика ва астрономия;

3. Химия;

4. География;

5. Технологияи иттилоотӣ.

 

Ёдовар шуд, ки тибқи хулосаи комиссия ғолибони даври донишгоҳии озмун ба даврҳои минбаъда роҳхат мегиранд.

 

Раёсати илм ва инноватсия

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top