Табрикоти ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назарзода Хайрулло Холназар ба муносибати “Рӯзи модар”

Бинанда: 183 | Санаи нашр: 09 Март 2024

Модарон, бонувон ва хоҳарони арҷманд!

 

Чи таваре, ки мо хуб медонем Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 2009 фармонеро ба имзо расониданд, ки тибқи он 8 - март ҳамчун “Рӯзи модар” дар сатҳи баланд ҷашн гирифта мешавад.

Бо камоли эҳтиром аз номи худ ва аҳли раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамаи Шумоёнро ба ифтихори “Рӯзи модар” самимона табрику муборакбод мегуям.

Бо шарофати ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда доранд.

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштаанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судманди зиёдеро амалӣ намудааст.

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҷамъият, алалхусус  дар соҳаи маориф то рафт афзуда, дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодаанд. Хусусан бонувону занон дар соҳаи маориф бештар буда, зиёда аз 70 фоизро ташкил медиҳанд. Ин нишондод гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар соҳаи маориф мебошад.

Зан - Модар қудрати инсонофарӣ дорад. Ба инсон ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ бузург мекунад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба инсон меомӯзонад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад ва ба ҳаёти мустақилона гусел мекунад. Танҳо Модар шабу рӯз ба хотири роҳату осоиши тифлаш заҳмат мекашад ва намегузорад, ки фарзанди ӯ ранҷу озоре бинад.

Модар дар ҳақиқат сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин кас барои ҳар як инсон ба шумор рафта, тамоми ҳастиашро ба фарзанди хеш мебахшад. Маҳз ба ҳамин хотир, ҳар як фарди бохирад модарро дӯст медорад, азизу арҷманд мешуморад ва ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо меорад.

Дар ҳақиқат модар олиҳаи зиндагӣ, офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, ҳидоятгари некиву накӯкорӣ, сарчашмаи сулҳу саодат, озодӣ ва суботи ҷовидона буда, ба ин ҳама хираду бузургии модарону хоҳарон самимона арҷ мегузорем.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста аст.

Аҳсан мегуем ба он модароне, ки фарзандони худро барои ҳимоя ва муҳофизати марзу бум ва нигоҳдории оромии сарзамини Ватанамон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мефиристонанд ва ифтихору шукргузорӣ аз он мекунанд, ки фарзанди онҳо имрӯз метавонанд, ин вазифаи муққадаси хешро сарбаландона адо менамоянд ва албатта онҳо шоёни таҳсину офаринанд.

Боиси ифтихор аст, ки бонувони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо рафтори неку шоиста, андешаи солиму созанда ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти донишгоҳи азизамон саҳми арзанда доранд.

Аз ҷумла, яке дастоварди назарраси донишгоҳамон дар соли таҳсили 2023 – 2024 аз ҷониби бонувони донишгоҳ ин ҳимояи рисолаҳои номзадии 3 нафар - Тураева Муқаддам, Ҳомидова Садаф ва Қармишева Майсара мебошад.

Изҳори боварӣ менамоям, ки Шумо модарону бонувони азиз, минбаъд низ бо меҳнати босуботу фаъолияти пурсамари хеш дар рушду нумӯи донишгоҳамон саҳми сазовори худро мегузоред.

Бори дигар ҷашни “Рӯзи модар” - ро ба Шумо - бонувону донишҷӯдухтарон ва ҳамкорони азиз муборакбод гуфта, бароятон саломатии бардавом, оромию осудагӣ  ва хушбахтии ҳамешагиро орзу менамоям.

           Қадри модар гар бидонӣ, соҳиби давлат шавӣ,

           Хоки пояш гар бибӯсӣ, дохили ҷаннат шавӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top