ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР

Бинанда: 196 | Санаи нашр: 07 Март 2024

Рӯзи 06.03.2024 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба муносибати Рӯзи модар таҳти унвони “Дасти дуои модар” баргузор гардид.

Маҷлиси тантанавиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни ифтитоҳ бахшида, бонувону донишҷӯдухтаронро ба муносибати “Рӯзи модар” самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатии бардавом, оромию осудагӣ ва хушбахтӣ таманно намуд.

Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки бо шарофати ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми назаррас доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштаанд, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судманди зиёдеро амалӣ намудааст.

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҷамъият, алалхусус  дар соҳаи маориф торафт афзуда, дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузошта истодаанд. Хусусан бонувону занон дар соҳаи маориф бештар буда, зиёда аз 70 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар фарҷом барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам” - и донишгоҳ рӯҳу табъи аҳли толорро хушу болида гардонида, анҷомбахши ҷамъомади имрӯза гардид.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top