Вохӯрии судманд оид ба ташкил ва баргузории Олимпиадаи донишҷӯён

Бинанда: 241 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2023

Рӯзи 14-уми ноябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ибтикори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ оид ба ташкил ва баргузории Олимпиадаи донишҷӯён вохӯрии судманд багрузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини якум, муовини ректор оид таълим н. и. и., дотсент Абдукарим Қурбонов, н.и.и., дотсент муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед ва сардори раёсати илм ва инноватсия н. и. и., дотсент Султонов Зоир инчунин муовини деканҳо оид ба илм, устодони кафедараҳо ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Муовини ректор оид таълим н. и. и., дотсент Абдукарим Қурбонов баромад намуда қайд намуд, ки Олимпиадаи донишҷӯён – ин озмуни донишҷӯён аз рӯи фанҳои таълимие, ки омӯзиши онҳо дар асоси барнома ва нақшаҳои таълимии Донишгоҳ ба роҳ монда шудааст, гузаронида мешаванд. Олимпиада бо мақсади муайян намудани донишҳои энсиклопедии фаннӣ, роҳу усулҳои беҳтар намудани раванди таълим, такмили фаъолияти ҷустуҷӯи мустақилонаи донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, рушди қобилияти эҷодӣ ва фаъолгардонии раванди донишомӯзии толибилмон, дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, захираҳои илмию зеҳнӣ ва бо ҳам овардани донишҷӯён гузаронида мешавад.

 Инчунин муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед баромад намуда, устодон ва донишҷӯёнро бо Низомномаи олимпиадаи донишҷӯёни Муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шинос намуд.

 Олимпиада дар давоми соли таҳсил дар се давр гузаронида мешавад:

-даври якум дар факултетҳо (миёни донишҷӯёни курсҳои 1-4 -ум),

-даври дуюм дар донишгоҳ (миёни донишҷӯёни факултетҳо)

аври сеюм ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни ғолиби даври дуюми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки сана ва макони баргузории онро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Дар олимпиада донишҷӯёни равия ва ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ метавонанд иштирок намоянд.

  1. Даври якум миёни донишҷӯёни факултетҳо (новобаста аз курс) дар моҳҳои ноябр-декабр, даври дуюм миёни донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ дар давоми моҳҳои феврал то аввали март гузаронида мешавад. Дар даври дуюм донишҷӯён-ғолибони даври аввал ба таври фардӣ ва ё гурӯҳӣ иштирок карда метавонанд.
  2. Масъалаи баргузории даври дуюм, ташкил ва омода намудани маводи таълимӣ-методӣ ва илмӣ доир ба фанҳои озмунӣ салоҳияти роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Масъулини ин давр ба Кумитаи тадорукоти олимпиада то 15-уми апрел ба таври расмӣ дар бораи натиҷаи даври дуюм ва рӯйхати иштирокчиёни даври сеюми-ҷумҳуриявиро пешниҳод менамояд.
  3. Даври сеюм-даври ҷумҳуриявӣ маҳсуб ёфта, дар миёни донишҷӯёни ғолиби даври дуюм аз рӯи фанҳои зерин гузаронида мешавад:
  • забон ва адабиёти тоҷик;
  • забони англисӣ;
  • забони рӯсӣ;
  • технологияи информатсионӣ;
  • таърихи халқи тоҷик;
  • математика;
  • физика;
  • химия;
  • биология-экология;
  • назарияи иқтисодӣ;
  • фалсафа;
  • сиёсатшиносӣ;
  • географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top