Бакалавриатура

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ  ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН

Қабули довталабонро аз рўи   барномаҳои «бакалавр» тибқи шартнома барои соли таҳсили 2012-2013 эълон менамояд.

Донишҷӯён тибқи литсензияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳодатнома оиди аккредитатсияи давлатӣ ба шӯъбаҳои рўзона ва ғоибона аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд:

  • 24.01.02 – «Ҳуқуқшиносӣ» бо зерихтисоси «Ҳуқуқи тиҷорат» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
  • 24.01.01.04 –«Ҳуқуқи тиҷорати байналмилалӣ» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ);
  • 25.01.03- «Иқтисоди ҷаҳон» бо зерихтисосҳои «Бизнеси байналхалқӣ», «Иқтисодиёти ҷаҳонгардии байналмилалӣ» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ);
  • 25.01.04- «Молия ва қарз»  (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 25.01.04.02- «Фаъолияти бонкӣ» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 25.01.07–«Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 27.01.01.21-«Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»(хӯроки умумӣ) (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 25.01.07.18 –«Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи хоҷагиҳои меҳмонхона ва тарабхона» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 25.01.08 –«Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 25.01.09 –«Молшиносӣ ва экспертизаи  сифати молҳои истеъмолӣ» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 25.01.10 – «Тиҷорат дар бозори байналхалқии, молу хадамот» (таълим бо забони тоҷикӣ);
    • 26.02.02 – «Менеҷмент» бо зерихтисосҳои  «Менеҷмент дар савдо ва хӯроки омма», «Бизнеси ҷаҳонгардӣ ва  меҳмонхонадорӣ» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 89.01.01 –«Сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 26.02.03.09–«Маркетинг дар бозори байналхалқии молу хадамот» (таълим бо забони тоҷикӣ);
    • 26.02.03.01-«Фаъолияти рекламавӣ» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 40.01.02.02-«Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ);
    • 49.01.31-«Технологияи маҳсулоти хӯроки омма» (таълим бо забони тоҷикӣ);
    • 96.01.01 – «Фаъолияти гумрукї» (таълим бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).

    Таҳсил дар Донишгоҳ тибқи низоми кредитии таҳсилот сурат мегирад, ки он ба стандартҳои байналхалқии таҳсилоти олии касбӣ мувофиқ мебошад ва аз довталабон дониши амиқу мукаммалро талаб менамояд. Низоми кредитии таҳсилот имконият медиҳад, ки донишҷӯ таҳсили худро дар макотиби олии хориҷи кишвар идома диҳад ва дипломи ӯ дар сатҳи байналхалқӣ эътироф мешавад.

    Мӯҳлати  таҳсил дар бакалавриат:

  • Ø дар шӯъбаи рӯзона – 4 сол;
  • Ø дар шӯъбаи ғоибона  - 5 сол;

Забони таълим дар ДДТТ тоҷикӣ ва русӣ (барои ихтисоси 1-25.01.03 – «Иқтисодиёти ҷаҳон», инчунин бо забони англисӣ) мебошад. Имтиҳонҳои дохилшавӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешаванд.

Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон шартномавӣ буда, арзиши солонаи таҳсил вобаста ба ихтисосҳо муайян карда шудааст:

Шахсоне, ки  техникум ва коллеҷҳоро хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо бо назардошти супоридани фарќиятњо бо тариқи сӯҳбат ба курси 2-юми шӯъбаи рӯзона ва  ё  шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳ  тибқи низоми кредитии таҳсилот қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки таҳсилоти миёнаи махсуси онҳо ба равия ва ихтисосҳои донишгоҳ мувофиқ нест, аз тариқи озмӯни умумӣ ба курси якум қабул карда мешаванд.

Шахсоне, ки таҳсилоти олӣ доранд ва мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маориф» таҳсилоти дуюми олии касбӣ гирифтан мехоҳанд, тибқи шартнома ба тариқи суҳбат ба курси сеюм қабул карда мешаванд. Дар ҳолати ташаккули гурӯҳи пурраи академӣ таҳсил тибқи нақшаи таълимии махсус сурат мегирад ва мӯҳлати таҳсил 3 сол муқаррар мешавад.

 

 

 

 

Дар ДДТТ имтиҳонҳои қабул ба тарзи зайл сурат мегиранд: имтиҳон аз забони давлатӣ ва тест.

Имтиҳон аз забони давлатӣ, пеш аз имтиҳони тестӣ буда, ҳамаи довталабон новобаста аз самт, равия ва ихтисоси интихобкардаашон, ҳатман иншо месупоранд.

Довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони давлатӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва бо забони аққалиятҳои миллӣ хатм намудаанд ва ба гурӯҳҳои русии ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷат месупоранд, бо забони русӣ диктант менависанд.

Ба супоридани тест довталабоне иҷозат дода мешаванд, ки аз имтиҳони забони давлатӣ (иншо ё диктант) баҳои мусбат гирифта бошанд.

Вобаста ба ихтисосҳо саволномаҳои тестӣ фанҳои зеринро дар бар мегиранд:

Ихтисосҳои 25.01.04., 25.01.04.02., 25.01.08., 26.02.02., 25.01.07, 25.01.10., 25.01.07.18., 26.02.03.09., 26.02.03.01., 27.01.01.27., 40.01.02.02., 89.01.01.– математика, забон ва адабиёти тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ;

Ихтисосҳои 1-25.01.03, 96.01.01 – математика, забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ;

Ихтисоси 1-24.01.02., 24.01.01.04- асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, математика;

Ихтисоси 1-25.01.09, 1-49.01.31– кимиё, забон ва адабиёти тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ.

Дар сурати аз як блоки тестӣ нагирифтани хол баҳои умумии тестӣ ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.

Довталабоне, ки ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, баҳои ғайриқаноатбахш гирифташуда ҳисобида мешаванд.

Имтиҳони қабул тибқи ҷадвали тасдиқшуда дар рӯзи муайяншуда гузаронида мешавад.

Натиҷаи санҷиши иншо баъди 48 соати супоридани имтиҳон ва натиҷаи санҷиши тестӣ на дертар аз 24 соат эълон карда мешавад.

Аз рӯи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки оид ба натиҷаи баҳои имтиҳониаш ба комиссияи апеллятсионии назди муассисаи таълимӣ ба таври хаттӣ дар мӯҳлати то 3-рўз муроҷиат намояд. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо натиҷаи имтиҳони супоридааш шинос  шавад. Баррасии апеллятсия аз нав супоридани имтиҳон набуда, балки  танҳо санҷиши дурустии баҳои имтиҳони дохилшавӣ мебошад.

 

Имтиёзҳое, ки ба довталабон пешниҳод карда мешаванд:

  1. Ба курси  якум бе имтиҳон дар асоси сӯҳбат шахсони зерин қабул карда мешаванд:
  • Ø шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали тилло хатм намудаанд;
  • Ø ғолибони ҷойи аввал ва дуввуми озмуни ҷумҳуриявӣ, ки аз фанҳои математика, забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, кимиё тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд (ба ихтисосҳои мувофиқ).
  • Ø ғолибон ва ҷоизадорони олимпиадаҳои байналхалқӣ аз фанҳои математика, забони англисӣ, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, кимиё, ки тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд (ба ихтисосҳои мувофиқ).
  1. Шахсоне, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро бо медали нуқра хатм намудаанд, бо супоридани имтиҳони тахассусӣ бо баҳои аъло ба курси якум қабул карда мешаванд. Дар сурати муваффақ нашудан, ба тариқи қоидаҳои умумӣ имтиҳон месупоранд.
  2. Ғолибони ҷойҳои 3–юми озмуни ҷумҳуриявӣ, ки аз фанҳои математика, забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, асосхои давлат ва ҳуқуқ, химия тавсияномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, бо супоридани имтиҳони тахасссусӣ бо баҳои аъло ба курси якум қабул карда мешаванд. Дар сурати муваффақ нашудан аз тариқи қоидаҳои умумӣ имтиҳон месупоранд.
  3. Шахсоне, ки бо «Дипломи аъло» муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм намудаанд  ва дар он гирифтани тањсилоти миёнаи умумӣ қайд гардидааст бо супоридани имтиҳони тахассусӣ бо баҳои аъло ба курси якум қабул карда мешаванд. Дар сурати муваффақ нашудан аз тариқи қоидаҳои умумӣ имтиҳон месупоранд.
  4. Бо гирифтани баҳои мусбат (холҳои муайян) аз имтиҳонҳои қабул берун аз озмун қабул карда мешаванд:
  • маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ( аз ҷумла, нобиноёни дорои истеъдоди фавқуллода), ки мувофиқи хулосаи тиббӣ-меҳнатӣ таҳсили онҳо дар ихтисоси мазкур манъ карда нашудааст (тибқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ);
  • ятимони бе падару модар, тибқи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ.

Ба ДДТТ шаҳрвандон ба шӯъбаи рӯзона то синни 35-сола ва ба шӯъбаи ғоибона бе маҳдудияти синну сол қабул карда мешаванд.

 

Довталабон ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

  1. Ариза ба номи ректори донишгоҳ.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олӣ (намунаи давлатӣ - асл).
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли № 86-у).
  4. 6  дона расм (андозаи 3х4)
  5. Шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд.
  6. Билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда.
  7. Нусха аз дафтарчаи мењнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).
  8. Шартнома (ду нусха).

Бо қоидаҳои қабул ба таври муфассал дар комиссияи қабули донишгоҳ шинос шудан мумкин аст.

Қабули ҳуҷҷатҳо аз 20 июн то 31 июли соли 2012 сурат мегирад.

Имтиҳони қабул аз 1 август то 20 августи соли 2012 гузаронида мешавад.

Қабул ба сафи донишҷӯён дар асоси озмун пас аз пардохти маблағи таҳсил ба суратҳисоби донишгоҳ то 25 августи соли 2012 сурат мегирад.

Суроғаи ДДТТ:

734055, ш. Душанбе, кӯчаи Деҳотӣ ½

телефонҳо: 2-34-85-46, 2-34-83-50,

2-34-81-16, 2-34-84-36

Комиссияи қабул

 

Ба таваҷҷӯҳи довталабон мерасонем, ки дар донишгоҳ шӯъбаи тайёрӣ барои омӯзиши фанхои математика, забони англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ фаъолият менамояд.Хоҳишмандон метавонанд ба комиссияи қабулмуроҷиат намоянд.

 

Донишгоҳ интизори довталабони лаёқатманд аст.

Марҳамат ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!

 

Донишгоҳи мо ояндаи дурахшони Шумост!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top