Муносибатӽои иқтисодии байналмилалӣ ва ӽуқуқ

Декан:  н.и.и., дотсент
Шаропов Фарҳод Разоқович.
телефон:  (372) 234-83-52   e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

____________________________________________________________________________________________________________________

Факултети муносибатҳои иқтисо-дии байналмилалӣ ва ҳуқуқ соли 1994 таъсис ёфта, то имрӯз дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси самти иқтисоди ҷаҳон ва ҳуқуқи тиҷорат саҳми арзандаи худро мегузорад. Соли 2012 ихтисоси иқтисоди ҷаҳон соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ гардид. Факултет дорои бунёди пурқув-вати моддӣ-техникӣ ва потенсиали хуби илмӣ-омӯзгорӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои пешгузошта ба пуррагӣ мусоидат мекунанд. Аксари синфхонаҳои факултет бо техникаи муосири иттилоттии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ яке аз аввалин сохтори макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад, ки аз соли 2005 барои тадбиқи низоми кредитии таҳсил оѓоз намуд. Ин саҳми босазои донишгоҳ  барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад. Аллакай хатмкар-дагони ин низоми таҳсил дар мақомоти давлатӣ ва корхонаву ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дар вазифаҳои гуногун адои вазифа доранд. Қисми дигари онҳо таҳсили худро дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва мамолики хориҷ идома дода истодаанд.

Дар раванди таълим устодон ва донишҷӯён аз синфхонаҳои замонавии компютерӣ ва лингфонӣ самаранок истифода мебаранд, ки барои аз худ намудани донишҳои техникӣ ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона шудаанд.  Ифтихори дигари факултет дар он аст, аз соли 2009 дар факултет гурӯҳҳои махсус қабул карда мешаванд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Бо гузаштани муддати начандон тӯлонӣ ин гурӯҳҳо самаранокии худро собит намуданд. Шумораи довталабоне, ки хоҳиши дар гурӯҳҳои англисӣ хонданро доранд, сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Донишҷӯёни факултет имкон доранд, ки дар озмун ва барномаҳои гуногун иштирок намуда, таҳсили худро дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ идома диҳанд. Ҳамчунин имкониятҳои воқеии мубодилаи кӯтоҳмуддат ва ё дар давоми як семестр басо зиёданд. Танҳо дар тӯли 3 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯёни факултет дар доираи лоиҳаҳои гуногун ба донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ҳамчунин донишҷӯён аз хориҷи кишвар, ба монанди Федератсияи Россия, Туркманистон, Чин, Эрон, Афѓонистон ва ѓайра бомуваффақият таҳсил доранд. Донишҷӯёни факултет дар ҷараёни таҳсил ба чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишӣ ҷалб карда мешаванд. Як қатор донишҷӯён дар олимпиадаҳо ва конфронсҳои илмӣ-назариявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорномаҳо гаштанд.  Дар ѓолибияти дастаи «Тоҷири Аҷам» дар озмуни «Маҳфили зарифон» низ саҳми донишҷӯёни фаъоли факултет басо арзанда аст. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:

  • 1. 250103 – «Иқтисодиёти ҷаҳон» бо зерихтисосҳои «Идораи фаъолияти иқтисодии берунӣ» ва «Иқтисодиёти савдои берунӣ ва тиҷорат»
  • 2.   240103 – «Ҳуқуқи иқтисодӣ»
  • 3.   240101 – «Ҳуқуқи байналмилалӣ» бо зерихтисоси «Ҳуқуқи тиҷоратии байналмилалӣ».

 

Нишонии факултет:

734055, ш. Душанбе, к. Деҳотӣ, ½

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бинои таълимии № 5.

тел: +992 (37) 234-83-46

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ';document.getElementById('cloak7f9e5f2c67471084873eb5a18b82b8f6').innerHTML += ''+addy_text7f9e5f2c67471084873eb5a18b82b8f6+'<\/a>';

 ДУШАНБЕ-2014

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top