Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

   Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математикаро   кафедраи «Математикаи  олӣ ва  фанҳои  табиатшиносӣ» ба ӯҳда дорад.  Дар ин  кафедра  ба донишҷӯёни  ихтисосҳои донишгоҳ фанҳои   математика, физика, химия, консенпсияи табиатшиносии муосир, техникаи гармо, усулҳои таълими физика-химия, механикаи назариявӣ,  экология  таълим дода  мешавад.  Таълими  ин фанҳо  баҳри баланд  бардоштани  сифати  тайёркунии мутахассисону бакалаврҳо ва  ҷаҳонбинии  онҳо   равона  карда     шудааст. Ин кафедра ба  номҳои  «Фанҳои умумӣ» (1987-1992)  (мудириашро солҳои 1987-1990 дотсент Наҷмиддинов Ҳ. ва солҳои 1990-  1992 Қодиров А. ба ӯҳда доштанд), «Математикаи олӣ ва техникаи ҳисоббарор» (1992-1994 мудираш дотсент Маликова А.Ш),  «Асосҳои назариявии машғулиятҳои лексионӣ технология пешқадам дар савдо ва хӯроки умумӣ» ( соли 1994, мудираш профессор Ҳ.Маҷидов ), «Физика ва математикаи олӣ» (солҳои 1994-1995, мудираш академик Раҷабов Н.Р., солҳои 1995-1999 мудираш дотсент Юсупов С.,  солҳои 1999-2000 мудираш дотсент Шарипов Б., солҳои 2000-2001 мудираш  дотсент Абдулваҳобов А.), «Математика ва технологияи пешқадам» (2001-2011, мудираш дотсент  Юсупов С.Ю.) фаъолият менамуд.

    Аз моҳи апрели соли 2011 кафедра бо номи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» кору фаъолият карда истодааст. (соли 2011-2012 мудираш, доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҷидов Ҳ.)

Аз моҳи декабри соли 2012 мудирии кафедраро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Одинабеков Ҷ. М. ба ӯҳда дорад.   Аз аввали   таъсисёбиаш дар ин кафедра бо номҳои дар боло зикр гардидаш то соли 2011  устодон Икромов А., Исоев Р.С., Сангинов Ҳ.С., Маҳмадуллоев З. Н., Хушвахтова А., Насруллоева М., Ғоибов Д., Ҷонов Г.Д., Саидов М. Ҳ., Одинамадов Қ.О., Муминов А., Табаров А.Қ., Солиева М. Ҳ., Носиров И.Н., Ёров Н.О., Пирназаров А., Асоева М.С., кор ва фаъолият менамуданд.  Вазифаи  лаборанти калони кафедраро  дар солҳои фаъолияти кафедра  Турдиев Д. ва Сафарова З. ба ӯҳда доштанд. Ҳоло вазифаи лаборанти кафедраро Давлатова Н. иҷро намуда истодааст.   Қайд кардан лозим аст, ки бе таълими фанҳои математикӣ ва  табиатшиносӣ дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи  иқтисодӣ, алалхусус дар ихтисосҳои гумруку молшиносӣ ва технологияи маҳсулоти хӯроки омма ба мувваффақиятҳо ноил гардидан ғайриимкон аст.

    Ин илмҳо дар замони ҳозира дар табиатшиносӣ роли ҳалкунандаро мебозад ва консепсияи инкишофи табиатҳои зинда  ва ғайризинда, имкониятҳои табдилдиҳии  табиат, инкишофи прогресси илмӣ- техникӣ ва таъмин намудани аҳолии Замин бо маҳсулоти ғизоӣ ва ғайраҳо   ба натиҷаҳои ин илмҳо асос карда шудааст.

  Асосан фаннҳое, ки аз тарафи омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ барои ихтисосҳои ғайритабиатшиносӣ –гуманитарӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ таълим дода мешавад, саҳми онҳоро дар баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, бакалаврҳою  магистрҳо ба эътибор гирифта   дар  кафедраи  математикаи олӣ  ва фанҳои табиатшиносии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон   барои   дар  сатҳи  баланд  таълим  додани  онҳо   шароитҳои  зарурӣ   фароҳам   оварда   шудааст ва  диққати  махсус дода  мешавад. Барои дар сатҳи  зарурӣ гузаронидани таълими фанҳои   табиатшиносӣ  ва математикаи  олӣ дар  назди кафедра  ду   кабинети  намунавии  таълимии  ба  таври  замонавӣ  ҷиҳозонида   таъсис дода  шудааст.  Ин  кабинетҳо бо  схемаю ҷадвалҳо,   диаграмаҳо,  формулаҳои  асосии  фанҳои   табиатшиносӣ  ва  математикаи олӣ, расмҳои  олимони  физикаю   математикҳо  ва  гӯшаи  методӣ  оро  дода  шудаанд.  Кабинетҳо   бо  техникаи замонавӣ  ҷиҳозонида  шудаанд. Дар  гӯшаҳои   методии  ин  кабинетҳо  силлабусҳо ва  номгӯю  расми  адабиёти  таълимӣ  ҷой дода   шудааст.  Дар ин  кабинетҳо  машғулиятҳои  лексионию  амалӣ  аз  фанҳои   математикаи олӣ  ва  фанҳои  табиатшиносӣ  дар   сатҳи  баланди   илмию  - методӣ   гузаронида  шуда  истодаанд.  Дар кафедраи  математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии  тиҷорати Тоҷикистон  ба  таълими фанҳо  диққати  махсус  дода  мешавад. Бо ин    мақсад дар кафедра  семинари илмӣ-методии  мунтазам  амалкунанда фаъолият  менамояд ва  дар  маҷлисҳои  он  методикаи   таълими   мавзӯҳои   алоҳидаи  фанҳои   табиатшиносӣ ва   математикаи олӣ  муҳокима карда  мешавад, инчунин конференсияи  илмӣ-  методӣ  гузаронида  мешавад.  Бо  ташаббуси ҳайати  професорону  устодони  кафедраи  математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ  24 июни  соли 2004 дар  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида  ба 80-  солагии  маорифи ҶТ  дар   мавзӯи «Усулҳои  самарабахши  таълими  консепсияҳои  табиатшиносии муосир»  конференсияи  илмӣ-  методӣ  гузаронида шуд  ва  ба  кори он  устодони   ҳамаи  мактабҳои  шаҳри Душанбе ва    намояндаҳо  аз   Пажӯҳишгоҳи  физикаю  техникаи  Академияи  илмҳои ҶТ  ширкат  варзиданд. Ин  конференсия дар  беҳтар  кардани  таълими фанни «Консепсияҳои  табиатшиносии муосир» саҳми  арзандагузошт. Дар асоси  қарори  конференсия барномаи  намунавии  ин фан   тартиб дода  шуд ва  бо қарори МушовараиВазорати  маориф №5\8  аз 27-уми  феврали соли 2006  чоп  гардид.  Дар асоси  ин барнома  китоби дарсии «Консепсияҳои табиатшиносии муосир»  навишта шуд ва  бо қарори мушовараи Вазорати  маориф №5\8 аз 27- феврали соли 2006 чоп гардид. Соли 2011 нашри  дуюми ин  китоб  бо  иловаҳои  нав чоп  карда шуд ва ҳоло  аз он  донишҷӯёну  устодони  ҳамаи  мактабҳои олии  ҷумҳурӣ   самарабахш  истифода  бурда истодаанд.   Фанҳои  табиатшиносӣ  ва математика барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ роли  пешбарандаро мебозанд.  Бинобар ин,  таълими  фанҳои табиатшиносӣ ва математика  барои  инкишофи  ҷаҳонбинии  донишҷӯён  ва баланд  бардоштани сифати   тайёркунии  мутахассисону  бакалаврҳо  аҳамияти  калон  дорад.  Бе   донишҳои зарурӣ  аз фанҳои  математикаю табиатшиносӣ тайёр  намудани    мутахассисони  баландпоя доир  ба ин  ихтисосҳо  имконнопазир  мебошад.        Дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ лабораторияҳои таълимӣ  доир ба  физика  ва химия  фаъолият  менамоянд ва  онҳо аз рӯи  имконият  таҷҳизонида  бо  маводҳои  дидактикӣ  оро  дода  шуданд. Барои баланд бардоштани  дараҷаи  азхудкунии  маводҳои  таълимӣ  дар  низоми  кредитии  таҳсилот  саволҳои  тестӣ  саҳми  арзанда  доранд. Бо ин   мақсад  доир  ба  ҳамаи   мавзӯъҳои  фанҳои  таълимии кафедра  саволҳои  тестӣ  тартиб  дода  шудаанд ва аз  онҳо  барои  пурсиши  вазифаҳои  хонагии  донишҷӯён,  супоридани  рейтингҳо,  имтиҳонҳои  ҷамъбастии  онҳо   самарабахш  истифода  бурда   истодаанд.  Дар  машғулиятҳои фанҳои физика, химия, техникаи гармӣ,  электротехника ва  математикаи олӣ ба татбиқи амалӣ ва иқтисодии   мавзӯъҳои   алоҳидаи  ин  фанҳо  диққати  махсус  дода  мешавад.  Бо мақсади ба татбиқи амалии фанҳои  омӯхташаванда  тасаввуроти  пурра  пайдо  намудани  донишҷӯён  дар  назди  кафедраи математикаи олӣ  ва фанҳои  табиатшиносӣ   маҳфилҳои  фаннии  «Математика дар  иқтисодиёт», «Физика дар иқтисодиёт», «Химия дар иқтисодиёт», «Экология дар иқтисодиёт»  фаъолият  менамоянд.  Дар  нақшаҳои  кори ин  маҳфилҳои  фаннӣ  мавзӯъҳое  дохил  гардидаанд, ки ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ татбиқи амалӣ доранд.            Ҳамин тариқ, машғулиятҳо аз фанни физика ва  фаъолияти  маҳфили  фанни «Физика дар  иқтисодиёт» дар кафедраи  математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон   барои  баланд  бардоштани  сифати  тайёркунии  мутахассиони  баландихтисос равона карда  шудааст. Ҳамин тариқ, таълими самарабахши фанҳои табиатшиносӣ  ва  математика ба сифати тайёркунии мутахассисони баландпояи ҷавобгӯи  талаботҳои стандартҳои давлатӣ   саҳми  калон  дорад.  Имрӯзҳо кафедраи  математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ ба яке  аз кафедраҳои пешрафтаву пешқадами донишгоҳ  табдил ёфт. Соли 2010 дар ҷамъбасти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедра  ҷои аввалро ва профессор он Ҳамид Маҷидов дар байни устодону профессорони донишгоҳ ҷои якумро ишғол намуд.     Ҳангоми муқаррар намудани рейтинги кафедраҳо аз рӯи нишондоҳои асосӣ  кафедра дар соли 2010-2011 яке аз ҷойҳои намоёнро дар байни кафедраҳои донишгоҳ ва профессори он Ҳамид Маҷидов ҷои аввалро дар байни устодону профессорон ишғол намуд.

Сафи устодони штатии пештараи кафедраро (профессор   Маҷидов Ҳ.М., профессор Тошбоев Ғ. дотсентон  Юсупов С.Ю.,  Табаров А.Қ.  ва муаллимони калон Ёров Н.О., Идиев С.Б., Шокамолова Ҷ.,  Назаров Д.Н.,  Аҳмадова П.Б., Мақсадов Ҳ.И.,   Мирзоев Р.Р.), устодони нав,  дотсент Одинабеков Ҷ. М. (мудири кафедра) Сайдҳусайнов М.  (номзади илмҳои физикаю математика),  дотсентон Шарипов А. Н., Пирназаров А., муаллими калон Мисоқов Ғ.,  ассистентон Гулбоев Б. , Одинабеков Х. ва Исматов С. пурра  намуданд. Ҳозир бошад дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ 17 нафар омӯзгорон, ки аз онҳо 2- нафар профессор, 4- нафар дотсент, 2- нафар номзади илм  муаллими калон, 6-нафар муаллими калон ва 3-нафар ассистент ба таълиму тарбия машғуланд. Ғайр аз ин дар кафедра 1-нафар профессор, 5-нафар дотсент, 1-нафар номзади илм муаллими калон, 1- нафар муаллими калон ва 4-нафар ассистент ба сифати ҳамкорони дохилию беруна кор мекунанд.

Устодони кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» доир ба мавзӯъҳои зерин тадқиқот мебаранд:

1.Тадқиқи нётерови ва индекси интегралҳои сингулярии бисёрченака

2.Хосиятҳои гармӣ- физикии моддаҳо;

3.Усуҳои такмили ҷараёни таълим;

4.Наздиккунии беҳтарини синфи функсияҳои аналитикӣ дар фазоҳои гуногуни банахӣ;

5.Проблемаҳои Экстерман бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар;

6.Синтези тарзи нави мочевина дар асоси 6 аминабензо 1,4 – диоксан;

7.Ҷабҳаҳои экологии идоракунии захираҳои обии дарёҳои сарҳадгузари Тоҷикистон;

   Кӯшишҳои устодони кафедра дар олимпиадаи  донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурӣ натиҷаҳои назаррас додаанд.  Соли 2003 аъзоёни   маҳфилҳои фанни кафедра дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раҷабова Нурҳаёт- донишҷӯи ихтисоси 0616 аз фанни физика (роҳбараш профессор Маҷидов Ҳ.),  Буриев Фирдавс- донишҷӯи ихтисоси 0606 аз фанни математика (роҳбараш дотсент Юсупов С.Ю.) ҷойҳои   якум, донишҷӯи ихтисоси 0616 Толибов Далер аз фанни  кимиё (роҳбараш н.и.к.Табаров А.Қ.) ҷои сеюм, соли 2012 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 0616 Бурҳонова Хубон (роҳбараш м.к. Мақсадов Ҳ.) ҷои сеюм, донишҷӯи курси якуми факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Исматбекова Нозукмоҳ ҷои дуюмро соҳиб гардиданд. Соли 2004 дар олимпиада аз фанни математика донишҷӯ Буриев Ф. ҷои чорум, донишҷӯ Саидмирзоева З. соли 2005 ҷои чорум ва соли 2006 ҷои панҷумро ишғол намуд.   Устодони кафедра  дар ҷодаи ба табъ расонидани китобҳои  дарсӣ, васоитҳою  дастурҳои таълимӣ ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардиданд. Солҳои 2003-2007 устодони кафедра 24 номгӯи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимиро бо номи «Дафтари кори донишҷӯ» аз чоп бароварданд ва дастраси донишҷӯён гардониданд. Аз китобҳои дарсию васоитҳои таълимии чоп кардаи устодони кафедра устодону донишҷӯёни дигар  мактабҳои олӣ низ истифода бурда истодаанд.   Ҳамин тариқ, кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ»  дар баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим  ва тайёр намудани  мутахассисони  ҷавобгӯи стандартҳои давлатии   соҳаҳои иқтисодиёт, ҳисобдорӣ, молшиносӣ, маркетинг, тиҷорат,  ҳуқуқшиносӣ ва технологияи хӯроки омма  саҳми арзанда гузошта истодааст.  Соли 2010 устодони кафедра зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ, илмӣ методӣ, илмӣ- оммавӣ , китобҳои дарсию васоитҳои таълимӣ ва дастур аз тавсияҳои  методиро аз чоп бароварданд.    Соли 2010 омӯзгорони кафедра Мирзоев Р.Р., Шокамолова Ҷ., соли 2011 Саидусайнов М. Ғаниев М. ва Маҳмадуллоев З.  рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳо сазовор гардиданд.  Ҳоло муаллими калони кафедра Мақсадов Ҳ. рисолаи номзадии худро барои дифоъ омода намуда истодааст.  Аз натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва  илмӣ – методии устодон маълум аст, ки кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ  потенсиали калони илмӣ дорад ва корҳои илмӣ – тадқиқотии устодон дар он  дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top