КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲО (РУСӢ ВА АНГЛИСӢ) ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ»

Бинанда: 340 | Санаи нашр: 16 Апрел 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 20-уми апрели соли 2024 конференсияи ҷумҳуриявиии илмию амалӣ дар мавзӯи «Нақши омӯзиши забонҳо (русӣ ва англисӣ) дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ» дар пояи кафедраи Забонҳо доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.

Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ – тақозои замон;

2. Андешидани тадбирҳои судманд барои баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ;

3. Ҳифз ва рушди забони модарӣ ва фарҳанги миллӣ – асоси омӯзиши забонҳои хориҷӣ;

4. Усулҳои иноватсионӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ;

5. Истифодаи ТИК дар ташаккули салоҳатмандии донишҷӯёну омӯзгорони забони англисӣ;

6. Методҳои истифодаи технологияҳои сайру мултимедӣ дар таълими забонҳои хориҷӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуманитарӣ ва иқтисодӣ.

Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 19-уми апрели соли 2024 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

Забони конфронс: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

 

Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович (мутасаддӣ)

Тел.: (+992 34)  234-85-44, (+992)  934444155.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Мактуби иттилоотӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top