Бурсия барои омӯзиш ва татқиқот дар самти иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва забонҳо, сайёҳӣ ва менеҷмент

Бинанда: 1013 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2023

Ба диққати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки  Донишгоҳи Орадея, Руминия (University of Oradea, Romania) дар доираи барномаи Эразмус+ КА107 барои омӯзгорони донандаи забонҳои англисӣ ва ё руминӣ бурсия барои омӯзиш ва татқиқот дар самти иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва забонҳо, сайёҳӣ ва менеҷмент дар донишгоҳи номбурда пешниҳод менамояд.  

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,  татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Барои маълумоти муфассал:
https://www.uoradea.ro/tiki-index.php?page_ref_id=656

Талаботҳо:

Пешниҳоди маълумотнома (CV) бо забони англисӣ;
Пешниҳоди барномаи корӣ дар давоми рӯзҳои интихобшуда;
Донистани забони англисӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ё сертификат);
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 29.11.2023

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top