Бурсия барои омӯзиш ва татқиқот дар самти иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва забонҳо

Бинанда: 861 | Санаи нашр: 20 Октябр 2023

Э Ъ Л О Н!

Ба диққати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки  Донишгоҳи Крагуеватс, Сербия (University of Kragujevac, Serbia) дар доираи барномаи Эразмус+ КА171 барои омӯзгорони донандаи забони англисӣ бурсия барои омӯзиш ва татқиқот дар самти иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва забонҳо дар донишгоҳи номбурда пешниҳод менамояд.  

Барои маълумоти иловагӣ ба шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,  татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ муроҷиат намоед.

Барои маълумоти муфассал: https://en.kg.ac.rs/erasmusplus_mobility.php

Талаботҳо:

  • Пешниҳоди маълумотнома (CV) бо забони англисӣ;
  • Пешниҳоди барномаи корӣ дар давоми рӯзҳои интихобшуда;
  • Донистани забони англисӣ бо ҳуҷҷати тасдиқкунанда (диплом ё сертификат);

 Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20.11.2023

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top