Кафедраи фанҳои гуманитарӣ аз  солҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ фаъолият карда истодааст.

Омӯзгорони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати  таълим  аз китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, барномаҳои корӣ, силлабусҳо ва маводи электронӣ ба тарзи самаранок истифода мебаранд.

Дар кафедра ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода шуда,  дар самти таърихи илм, фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи  тоҷику форс ва равоншиносию сиёсатшиносӣ корҳои илмӣ пеш бурда шуда истодааст. Имрӯз устодони кафедра  Додарбек Хуморов, Ҷаъфар Неъмонов, Неъматулло Дилоев, Сайфулло Авғонов, Қобилшо Маликов, Эшонқул Бойназаров, Маҳмадулоҳ Шарипов, Султон Саидов, Зарафшон Каримова, Гулҷаҳон Бобохоҷаева,Муҳамадсафои Исматулло,  Баҳодур Ғуломов ва дигарон машғули корҳои илмӣ –тадқиқотӣ мебошанд.

Бояд гуфт, ки натиҷаи тадқиқотҳои устодони кафедра дар шакли рисолаю мақолаҳои илмӣ пайваста ба нашр расида, дорои аҳамияти калони назариявию амалӣ буда, ба ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллии  ҷавонон мусоидат менамоянд.

Як бахши муҳими кори кафедра ҷалб намудани донишҷӯён ба махфилҳои фаннӣ ташкил медиҳад, чунки ба воситаи ин  махфилҳо донишҷӯёни илмдӯст истедоднок ва   пажӯҳишгар муайан карда мешаванд.  Дар кафедра  маҳфилҳои «Файласуфи ҷавон”,     ва “Таърих” фаъолият менамоянд ки роҳбариёи онҳо ба зиммаи  муаллимони калон Зарафшон Каримова, Тоҳир Султонов ва Муҳаммадсафои Исматулло  мебошанд. Тӯли солҳои зиёд аст, ки омӯзгорони кафедра  шогирдонро аз фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ ва таърих ба олимпиадаҳои донишҷӯёни мактабҳои олӣ омода менамоянд ва онҳо ҳар сол  дар ин мусобиқаҳои зеҳнӣ ба гирифтани ҷоизаву ҷойҳои ифтихорӣ ноил мегарданд.

Аъзои кафедра дар тарбияи маънавию сиёсии донишҷӯён нақш ва саҳми арзандае  доранд. Онҳо ҳам ба ҳайси сарпарасти гурӯҳҳо ва ҳам  донандагони ҳаёти сиёсии ҷомеа дар байни донишҷӯён доир ба масъалаҳои муҳимму мубрам суханронӣ намуда, боиси тавсеаю таъмиқи донишу ҷаҳонбинӣ, зиракии сиёсӣ ва худшиносии ҷавонон мегарданд.

Омӯзгорони  кафедра доир ба Паёмҳои Президенти ҶТ ва мавзӯҳои «Танзим баракати зиндагӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дар назди муҳассилин пайваста ибрози андеша мекунанд ва сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар самти омода намудани мутахасисони баландтахассус комилан ҷонибдорӣ менамоянд.

Аз соли 2018 то ба имрӯз дотсент, номзади илмҳои сиёсӣ Неъмонов Ҷаъфар Мулкамонович ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

 

Ҳайати  омӯзгорони кафедра

 1 Неъмонов Ҷаъфар  Мулкамонович, мудири кафедра, н.и.с, дотсент.

 2 Хуморов Додарбег Мирзораҳимович, н.и.ф., дотсент.

  1. Шарипов Маҳмадулло Исматович, н.и.ф., дотсент.

4.Саидов  Султон Маҳмадович, н.и.т., дотсент

5.Бойназаров  Эшонқул  Холназарович, н.и.ф.,м.к

  1. Авғонов Сайфулло Маҳмадиевич, н.и.ф., и.о. дотсент
  2. Дилоев Неъматулло Фатҳуллоевич, н.и.ф., и.о дотсент
  3. Маликов Қобилшо Куканович, н.и.ф., и.о., дотсент
  4. Султонов Тоҳир Зуҳурович, муаллими калон

10 .Ғуломов Баҳодур Одинаевич, муаллими калон

  1. Қобилова Фирӯза Рауфовна, муаллими калон
  2. Каримова Зарафшон Ҳафизовна, муаллими калон
  3. Зарипова Раҷабгул Шоҳовна муаллими калон
  4. Сангова Фирӣза Холмуродовна, муаллими калон
  5. БобохољаеваГулҷаҳон Додарҷоновна, муаллими калон
  6. Муҳаммадсафои Исматулло Саъдуллозода, муаллими калон
  7. Сияров Қурбоналӣ Маҳмудшоевич, ассистент
  8. Қурбонова Гуландом Тоҳировна, муаллими калон
  9. Сониева Шаҳло Мисралиевна, муаллими калон
  10. Абдуллозода Нурмуҳҳаммад Алиавсат, муаллими калон
  11. Суҳроби Бозоралӣ ,ассистент
  12. Саидов Саидмуъмин Саидаҳтамович, ассистент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top