Қоидаҳои қабул ба магистратура

Печать

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА

  1. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталабон аз рўи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи сўҳбат аз озмун мегузаранд. Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рўи талаботи муайяннамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура ба вақти мактаби олиро хатм кардани ў рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рўи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «хуб» паст набошад). Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталабон имтиҳон месупоранд. Ба  магистратура то 20 % хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия мешаванд. 
  3. Аз рўи натиҷаи сўҳбат ва имтиҳони дохилшавӣ ба довталаб баҳо дода мешавад. Холи миёна аз рўи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад. Низоми баҳодиҳиро комиссияи қабул аз рўи пешниҳоди факултетҳои марбута муқаррар менамояд.