Шуъбаи умумӣ

Печать

Шуъбаи умумӣ моҳи октябри соли 2017 таъсис ёфта, фаъолияти он дар доираи талабот оид ба сиёсати ҳуҷҷатгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

Коргузорӣ рукни муҳимми фаъолияти шуъба ба шумор рафта, аз бақайдгирии фаврии ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ба мақомоту идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории донишгоҳ иборат мебошад. Ҳамчунин, мутахассисони шуъба дар тамоми факултетҳо, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ доир ба ҳуҷҷатгузорӣ ва тарзи қабули он мунтазам таҳлилу санҷишҳо гузаронида, бо пешниҳоду тавсияҳои муфиду асоснокшуда дар амалӣ гардонидани сиёсати ҳуҷҷатгузории роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

Аз 6-уми майи соли 2022 Алиҷон Сайдалиев дар вазифаи мудири шуъба фаъолият менамояд. 

Дар шуъба мутахассиси зерин фаъолият менамояд: