Шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ моҳи октябри соли 2017 таъсис ёфта, фаъолияти он дар доираи талабот оид ба сиёсати ҳуҷҷатгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

Коргузорӣ рукни муҳимми фаъолияти шуъба ба шумор рафта, аз бақайдгирии фаврии ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ба мақомоту идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории донишгоҳ иборат мебошад. Ҳамчунин, мутахассисони шуъба дар тамоми факултетҳо, кафедраҳо ва дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ доир ба ҳуҷҷатгузорӣ ва тарзи қабули он мунтазам таҳлилу санҷишҳо гузаронида, бо пешниҳоду тавсияҳои муфиду асоснокшуда дар амалӣ гардонидани сиёсати ҳуҷҷатгузории роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

  • ба роҳ мондан ва такмил додани ҳуҷҷатгузорӣ дар ДДТТ;
  • ташкили дурусти ҳисоб, бақайдгирӣ ва ирсоли мактубҳо;
  • назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон, ректори донишгоҳ ва аризаю пешниҳодҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • сари вақт бурда расонидани ҷавоби ҳуҷҷатҳои воридгардида;
  • ташкил ва ба роҳ мондани тарзи дурусти истифодабарии ҳуҷҷатҳо ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои муҳлати истифодаашон гузашта.

Аз 21 августи соли 2023 Кабутов Қурбоналӣ Мирзоевич дар вазифаи мудири шуъба фаъолият менамояд

Дар шуъба мутахассиси зерин фаъолият менамояд:

  • Зебо Сафарова, мутахассиси пешбар;

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top