Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳар сол аз 21 – уми март оғоз меёбад, самимона табрику таҳният мегӯяд ва ба онҳо дар aйёми хуррамию рӯшноӣ ва фараҳмандию боландагӣ аз самими қалб тандурустию хонаободӣ, дӯстию бародарӣ, некбахтию шукуфоӣ ва барору комёбӣ орзу менамояд.

Асосӣ Хабарҳо Ҷавондухтари ҳунарманд

Ҷавондухтари ҳунарманд

 19 – уми марти соли 2020 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши  масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ ба муносибати эълон гардидани 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни умумидонишгоҳӣ  таҳти унвони  «Ҷавондухтари  ҳунарманд»  гузаронида шуд.

Озмун аз чор шарт: муаррифии гӯруҳ, кадбонуи беҳтарин, дастони моҳир ва модари намунавӣ  иборат буда, дар он донишҷӯдухтарони факултетҳо ҳунар, малака ва маҳорати худро ба аҳли нишаст пешниҳод намуданд.

Натиҷаи озмун дар байни дастаҳои донишҷӯдухтарони факултетҳо чунин ҷамъбаст гардид:

Дастаи “Лола”-и факултети МИБ ва ҳуқуқ;

Дастаи “Оиша”-и факултети молия ва фаъолияти бонкӣ;

Дастаҳои “Меҳрофарин” ва “Гулдухтарони тоҷир”-и факултаҳои иқтисодиёт ва менеҷмент, тиҷорат ва гумрук.

 

 

 

 

Дар фарҷом муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ Заррина Қодирова аз номи раёсати донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати фаро расидани фасли баҳор ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, ба гулдухтарони ғолиб туҳфа ва ифтихорномаҳои роҳбарияти ин боргоҳи илму маърифатро тақдим намуданд.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Ҷавондухтари ҳунарманд