Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳар сол аз 21 – уми март оғоз меёбад, самимона табрику таҳният мегӯяд ва ба онҳо дар aйёми хуррамию рӯшноӣ ва фараҳмандию боландагӣ аз самими қалб тандурустию хонаободӣ, дӯстию бародарӣ, некбахтию шукуфоӣ ва барору комёбӣ орзу менамояд.

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи дарҳои кушода

Рӯзи дарҳои кушода

Дар чорабинии “Рӯзи дарҳои кушода” – и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки 4 – уми марти соли 2020 баргузор гардид, хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейю гимназияҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Намояндагони донишгоҳ хатмкунандагонро хуш истиқбол гирифта, маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла, рӯзномаи донишгоҳӣ, буклет, дискҳои электрониро дастраси онҳо гардониданд.

Сипас, муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шарту шароити таҳсил, синфхонаҳои васею барҳаво, озмоишгоҳҳои замонавӣ, марказҳои тестии бо компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидашуда, китобхона ва китобхонаи электронӣ, инчунин, иқтидори кадрии донишгоҳ шинос гардиданд ва аз маркази машваратии донишҷӯдухтарон, ки дар доираи лоиҳаи "Механизми ҳавасмандагардонии духтарон ҷиҳати гирифтани маълумоти олӣ" ташкил ёфтааст, дидан карданд.

 

 

 

 

Баъди шиносоӣ дар толори асосии донишгоҳ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо хатмкунандагон доир гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров ҳусни оғоз бахшида, толибилмонро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт ва қайд намуд, ки ояндаи дурахшони ҳар як шахс аз интихоби дурусти касб вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки соҳибкасбу соҳибмаълумот гардида, ба халқу ватани азиз содиқона хизмат намоед.

 

 

Дониш, - гуфт ӯ, - тамоми мушкилоти инсонро ҳал мекунад, инсонро аз муҳтоҷӣ раҳо мегардонад. Ҳақ ба ҷониби устод Рӯдакӣ, ки фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В – аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҳар як ҷавон бояд ифтихори миллӣ дошта бошад, ба қадри сулҳу салоҳ ва ободию осоиштагии ин ватани маҳбуб, ки онро Тоҷикистон ном аст, бирасад ва онро азизу муқаддас донад.

Ректори донишгоҳ ҷавононро ба илмомӯзӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ, истифодаи хуби техника ва техноголияи муосир ва дар баробари забони давлатӣ донистани на кам аз ду забони хориҷӣ даъват намуда, бо боварӣ иброз намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки дар рейтинги макотиби олии кишвар ҷойи 4 – умро ишғол мекунад, барои тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир шароиту имкониятҳои зиёд дорад.

Боиси хурсандист, ки чанде пеш 6 барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатномаҳои байналмилалӣ гардид.

Имрӯз донишгоҳ бо бисёр донишкадаву донишгоҳҳои бонуфузи кишвар ва берун аз он ҳамкориҳои судманд дошта, табодули омӯзгорону донишҷӯёнро ба роҳ мондааст.

Ҳамидуллохон Фақеров дар хотимаи суханаш қайд намуд, ки донишҷӯёне, ки донишгоҳро интихоб карда, холи баландтаринро соҳиб мегарданд, дар рӯзи супоридани билетҳои донишҷӯӣ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Рӯзи дарҳои кушода