Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳар сол аз 21 – уми март оғоз меёбад, самимона табрику таҳният мегӯяд ва ба онҳо дар aйёми хуррамию рӯшноӣ ва фараҳмандию боландагӣ аз самими қалб тандурустию хонаободӣ, дӯстию бародарӣ, некбахтию шукуфоӣ ва барору комёбӣ орзу менамояд.

Асосӣ Хабарҳо Иқдоми судманд

Иқдоми судманд

3 - юми марти соли 2020 аз ҷониби мутахассисони раёсати рушди стратегӣ ва таъмини сифати таҳсилот дар донишгоҳ ба мақсади муайян намудани дараҷаи мутобиқшаваии донишҷӯёни курси 1 – ум ба раванди таҳсилот ва таҳияи тадбирҳои гуногуну муассир барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар байни донишҷӯёни шакли рӯзонаи таҳсил назарсанҷӣ ба тариқи электронӣ гузаронида шуда истодааст.

 

Назарсанҷӣ бидуни сабти ном буда, дар асоси натиҷаи он тадбирҳои созандаву судманд ба хотири беҳтар намудани шароити таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот амалӣ карда мешаванд.

Шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Хабарҳо Иқдоми судманд