Саидов Саймаҳмуд Сайдаҳмадович
Муовини якум, муовини ректор оид ба таълим
Соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ- менеҷер хатм намудааст.
Солҳои 2009-2012 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) буда, солҳои 2012-2013 ба сифати ассистенти кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии донишгоҳи мазкур фаъолият намудааст.
30-юми майи соли 2012 соҳиби унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ гардид.
Аз соли 2013 то соли 2017 дар вазифаи муовини декани факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим кору фаъолият намудааст.
Соли 2015 сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника гардид.
Аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи феврали соли 2018 дар вазифаи муовини ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ фаъолият намудааст.
Аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи июли соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати корҳо ва ҳуқуқи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз 16-уми июли соли 2019 то моҳи январи соли 2021 ба ҳайси сардори Нозироти савдои Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз 11-уми январи соли 2021 муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин гардид.