“Таҳияи дастурамал оид ба гузаронидани таҳлилҳои миқдорӣ ва ҷорӣ намудани он дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон”

Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

Оиди Лоиҳа

Мақсаду ҳадафи Лоиҳа

  • баланд бардоштани сифати таълим, коркарди усулҳо ва барномаҳои муосир ҷиҳати дар амал татбиқ намудани маҳорати таҳлилии омӯзгорон ва хамткунандагони ДДТТ тариқи истифода бурдани барномаҳои STATA ва SPSS.
  • омода намудани дастурамал барои истифодабарии STATA ба ду забон - англисӣ ва тоҷикӣ
  • фароҳам овардани имконият ба омӯзгорон ва хамткунандагоне, ки хоҳиши гузарондани тахлилҳои миқдорӣ тариқи истифодаи барномаи STATA, SPSS ва дигар чунин барномаҳоро доранд.
  • баргузор намудани курсҳои кӯтоҳмуддати интенсивӣ тариқи истифодабарии барномаҳои STATA ва SPSS
  • ташкил намудани семинар ва миззи мудаввар бо иштироки намояндагони муаассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорон аз донишгоҳҳои олии касбии хориҷи кишвар (маҷозӣ ва анъанавӣ).
  • Баргузор намудани семинару конфронсҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дар мавзӯи мубрамияти таҳлилҳои миқдории аналитикӣ ва империкӣ;
  • омода ва чоп намудан мақолаҳои илмӣ-таҳлилӣ оид ба натиҷаи лоиҳаи татбиқшаванда бо забони тоҷикӣ дар маҷалаҳои Тоҷикистон ва ба забони русӣ ва англисӣ дар маҷалаҳои байналмилалие, ки дар Web of Science ва ё SCOPUS ба қайд гирифта шудаанд

Натиҷаҳои кӯтоҳмӯҳлати лоиҳа:

  • гирифтани иҷозатнома ҷиҳати қабул шудани Дастурамал ҳамчун маводи таълимӣ дар ДДТТ;
  • такмил додани малакаи таҳлилии омӯзгорони кафедраҳои тахасусии донишгоҳ ва тарзи дурусти истифодабарии Дастурамал барои корҳои илмии худ ва ҳамчун маводи таълимӣ.

Натиҷаҳои дарозмӯҳлати лоиҳа:

  • таҳлилҳои миқдориро зиёд ва оммавӣ намудан;
  • баланд бардоштани сифати мақолаҳои илми, ки ҷавобгу ба талаботи журналҳои муосири илмӣ-байналмилалӣ мебошанд;
  • Ба роҳ мондани услубҳои тадқиқотӣ эмпирикӣ тариқи истифодаи барномаҳои STATA ва SPSS дар МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top