Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Печать

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус 30-юми декабри соли 2020 дар заминаи раёсати кадрҳо ва ҳуҷҷатнигорӣ таъсис ёфта, мақсади асосии он бомуваффақият пеш бурдани сиёсати кадрии роҳбарияти донишгоҳ, ташкили низоми самараноки идоракунии кадрҳо, тарзи ҳуҷҷатнигорӣ ва шароит барои фаъолияти ташабускорона ва эҷодкоронаи омӯзгорону кормандон ва ҳавасмандгардони моддию маънавӣ, баланд бардоштани савияи касбӣ, ҳифзу нигоҳдории тандурустӣ ва таъмини бехатарии онҳо мебошад.

Фаъолияти шуъба аз интихоби дурусту ҷобаҷогузории оқилонаи мутахассисони касбӣ, таҳкими интизоми меҳнат, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷроиши фармоишу супоришҳои раёсати донишгоҳ иборат аст. Ҳамчунин, мутахассисони шуъба дар тамоми факултетҳо, кафераҳо ва дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ пайваста таҳлилу санҷишҳо гузаронида, бо пешниҳоду тавсияҳои асоснокшуда дар муваффақона амалӣ гардидани сиёсати кадрии роҳбарияти донишгоҳ саҳми муносиб мегузоранд.

Нақши шуъба дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ДДТТ бисёр муҳим буда, таҳияи маводи гуногун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар донишгоҳ ба забони давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

Дар шуъба вазифаҳои зерин иҷро карда мешаванд:

– ба назар гирифтани мувофиқати касбии ҳар як корманд ба вазифае, ки ишғол кардааст, инчунин, ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ барои инкишофи қобилиятнокӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳар як корманд;

– муайян намудани талаботи ҷорӣ ва банақшагирии талаботи дурнамо доир ба кадрҳо, манбаъҳои қонеъ гардонидани онҳо дар асоси омӯзиши сохторҳои иҷтимоию демографӣ, касбию тахассусии кормандони донишгоҳ ва тарбияи мутахассисон бевосита дар муассисаҳои таълимии соҳавӣ;

– таҳияи низоми ишғоли вазифаҳо ва ҷойҳои корӣ, истифодаи усулҳои илмии омӯзиши сифати корӣ ва касбии кормандон ҳангоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва банақшагирии пешрафти тахассусии онҳо;

– ташкили захираи кадрҳо дар тамоми зинаҳои идоракунӣ ва мақсаднок омада намудани онҳо аз руи нақшаи алоҳида;

– таҳия ва ҷорӣ намудани низоми илман асоснокгардидаи  пешравии вазифавӣ ва тахассусии бо кафолатҳои иҷтимоӣ зич алоқамандбуда, ки саҳми ҳар як корманд, давомоти кории ӯ ва омилҳои дигарро дарбар мегирад;

– иҷрои корҳо доир ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав, омӯзиши сабабҳои ҷойивазкунии кадрҳо, тамойюли тағйирёбии ҳайати кадрӣ, таҳия ва пешниҳоди чорабиниҳо дар масъалаи баланд бардоштани савияи касбии кормандон;

– таҳлили мунтазами ҳолати кори кадрӣ, татбиқи мониторинги касбӣ дар донишгоҳ ва таҳияи пешниҳодҳо доир ба баланд бардоштани натиҷаи он;

– назорат аз рӯи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус оид ба масъалаи кадрӣ;

Аз 25-уми январи соли 2021 вазифаи сардори шуъбаро Сироҷиддин Пирзода ба уҳда дорад.

Дар шуъба мудирон ва мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

– Умринисо Қузибаева, мудири бойгонӣ;

– Мурод Қосимов, мудири шуъбаи 2-юм;

– Шаҳнозахон Болтуева, мутахассис оид ба дипломҳо;

– Шаҳром Муминов, мутахассис.