ҲАМОИШИ ИЛМӢ

Бинанда: 295 | Санаи нашр: 06 Июн 2024

Санаи 06.06.2024 дар толори калони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ оид ба шарҳу тавзеҳи мазмуну мундариҷаи “Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар” бо иштироки доираи васеи профессорону омӯзгорон баргузор гардид.

Ҳамоиши илмиро ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  Назарзода Хайрулло Холназар ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Дар мулоқот ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст, чунки рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкор Президенти кишвар иброз намуданд, ки дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Мо, таъкид намуданд Сарвари давлат барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.

Инчунин кайд гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст. Дар ин давра сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Тавре Президенти маҳбуби мамлакат иброз доштанд, агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Пешвои муаззами миллат, ки аз давраи аввали ба сари ҳокимият омаданашон ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа зоҳир мекарданд, бо қаноатмандӣ иброз намуданд, ки дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

Бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат, таъкид намуданд Пешвои миллат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест

Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Инчунин таъкид гардид, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад. Таҳлили ҳисоботи академия тайи солҳои 2021 – 2023 нишон медиҳад, ки аз ҷониби қисме аз аъзои вобаставу пайваста ва дигар кормандони илмӣ дар ин муддат ягон таҳқиқоти мушаххаси илмӣ анҷом дода нашудааст.

Дар мулоқот қайд гардид, ки ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем. Аммо дар ин самт якчанд омили нигаронкунанда вуҷуд дорад. Масалан, имрӯз дар баъзе соҳаҳои илм, бахусус, дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ кормандони калонсол аксариятро ташкил медиҳанд, ки аслан ин падидаи манфӣ нест, зеро расидан ба камолоти зеҳниву илмӣ солҳои тӯлонии омӯзишу таҳқиқро талаб мекунад. Аммо дар баробари ин, мо шоҳиди дастгирӣ наёфтани ҷавонон аз ҷониби олимону донишмандони калонсол ва камтаваҷҷуҳӣ нисбат ба талошҳои онҳо барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди илмӣ ҳастем.

Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ ректори донишгоҳ Назарзода Х.Х. қайд намуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмонро муҳим ва саривақтӣ дониста, тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу малакаи касбии худро ба он равона менамоянд, ки дар татбиқи амалии онҳо, ки ба такмил ва рушди илми ватанӣ мусоидат менамояд, саҳми арзишманд мегузоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top