Донишҷӯён дар театр

Бинанда: 1039 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2020

23-юми ноябри соли 2020 омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи “Туҳфа аз муҳоҷират” – ро тамошо намуда, аз он таассуроти нек бардоштанд. Дар намоишнома доир ба масоили мубрами ҷомеаи имрӯза – муҳоҷирати меҳнатии қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар, сарнавишти инсон, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва бемориҳои сироятӣ сухан рафтааст.

Дар ҳақиқат, мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳим аст ва манбаи асосии бемории вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Намоишномаи театрӣ инсонро ба андеша водор намуда, ба беҳтар гардидани ахлоқу одоб ва гуфтору рафтори ӯ мусоидат мекунад.

Аз тамошои намоишнома донишҷӯён завқи маънавӣ ва сабақи зиндагию рӯзгор гирифтанд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top