Парчами парафшони Тоҷикистон

Бинанда: 1302 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2020

24-уми ноябри соли 2020 дар донишгоҳ раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон” гузарониданд, ки дар он сардори раёсат Шоҳзод Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини ректор оид ба таълим ва тарбияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қобилҷон Толибов ва дигарон иштирок намуда, дар мавзӯи мавриди назар суханронӣ карданд.

Аз донишгоҳ омӯзгори ҷавон Саъдӣ Додарбеков низ доир ба Парчами давлатии кишвар ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми семинар ба як гурӯҳ омӯзгорони донишоҳ аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе сипоснома супорида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top