Викторина аз экология

Бинанда: 1256 | Санаи нашр: 24 Ноябр 2020

24-уми ноябри соли 2020 муаллими фанни экология Парвина Аҳмадова дар кафедраи  математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии факултети тиҷорат ва гумрук ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” аз фанни экология викторина гузаронид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Дар викторина гурӯҳи “Сарҳадчиён” ва “Гумрукчиён” рақобати зеҳнӣ нишон доданд.

Озмун аз се шарт: маърӯза дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саволнома ё саволҳои назариявӣ ва ҳарфёбаки экологӣ-биологӣ иборат буд.

Дар ҷамъбасти викторина гурӯҳи “Сарҳадчиён” ғолиб омад.

Ба гурӯҳи ғолиб ва иштирокдорони он – Меҳрубон Маҳмадкулов, Ғайрат Носирзода, Умед Нуриддинов аз “Сарҳадчиён” ва Шаҳром Сатторов, Шаҳром Рустамов, Шервонҷон Мӯсозода аз “Гумрукчиён” ифтихорнома тақдим гардид.

Факултети тиҷорат ва гумрук

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top