Табрикоти ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 1265 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2020

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Ҳамасола 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад, ки 28 сол муқаддам дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

Парчами давлатии кишвар яке аз рукнҳои муҳимми давалатдории миллӣ буда, рамзи истиқлолият ва озодӣ аст. Парчами давлатӣ аз рангҳои сурх, сафед ва сабз иборат буда, ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободии халқи Тоҷикистон аст».

Имрӯз Парчами давлатии мо дар қатори парчами дигар кишварҳои сайёра дар бинои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парафшон аст, ки он мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизамон мебошад.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии аҷдодонамон, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯза ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию осоиштагии кишвар ҳидоят менамояд.

Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду эмон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ барои ҳамаи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён муборак бошад!

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top