Бол кушо, бол кушо ранги ба ранг...

Бинанда: 1613 | Санаи нашр: 23 Ноябр 2020

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ ҷамъомад доир гардид. Баъди хуш садо додани Суруди миллӣ муовини ректор оид ба таълим ва тарбия Қобил Толибов ҷамъомадро оғоз намуда, аҳли толорро ба Рӯзи Парчами миллии кишвар шодбош гуфт ва ба таври мухтасар аз хусуси таърихи парчам, аҳаммияти он ва нақши парчам дар давлати соҳибистиқлол суханронӣ карда, иброз дошт, ки мо ҳамагон бояд сарҷамъу муттаҳид бошем ва зери Парчами давлатӣ дар ободонӣ ва рушду шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Сипас, омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ, номзади илми фалсафа, дотсент Додарбек Хуморов дар мавзӯи “Парчами миллат – ифтихори мо” маърӯзаи пурмазмун намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки парчам на танҳо неруи муттаҳидкунанда дорад, балки хусусияти тарбия кардан ва масъулиятшиносӣ низ дорад. Нотиқ, инчунин, аз хусуси аввалин парчам – яъне Дирафши Ковиёнӣ ва парчамҳои дигари тоҷикон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки мо бояд илму дониш омӯзем, истиқлолияти зеҳнӣ ва маънавиро тақвият бахшем ва ба ин васила ба дастовардҳои бузурги илмию техникӣ дар замони муосир ноил гардем. Ӯ аз хидмати бесобиқаи Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши Пешво дар таъмини сулҳу суботи комил, давлатдории миллӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки бозёфти бузургтарини миллати тоҷик ин ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Аз ин рӯ, - гӯфт ӯ, - ҷавонони саодатманди кишвар, аз ҷумла донишҷӯёни донишгоҳ бояд пайрави содиқу ҳақиқии Пешвои миллат бошанд ва дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти маҳбубамон нақши муҳим дошта бошанд.

Қобил Толибов ба профессор Ҳамидуллохон Фақеров, ки солҳои зиёд роҳбарии донишгоҳро ба уҳда дошт ва бо сабаби ба дигар кор гузаштан дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод карда шуд, изҳори сипос намуда, ба роҳбари нави донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат барори кор орзу кард.

Дар хотимаи ҷамъомад ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаи донишгоҳ супорида шуд.

Қисми фарҳангии ҷамъомад, ки аз шеъру тарона ва сурудҳо дар васфи Парчам, Ватан ва ифтихори ватандорӣ иборат буданд, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top