-->

Дастгирии иҷтимоӣ

28 Октябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Дар ҷаласаи  Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки 28-уми октябри соли 2020 баргузор шуд, дар баробари дигар масъалаҳо пешниҳоди ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров дар бобати дастгирии иҷтимоӣ ба кулли омӯзгорону кормандон дар арафаи таҷлили 26-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Аъзои Шӯро ба хулосае омаданд, ки пешниҳоди ректори донишгоҳ дар хусуси ба кулли омӯзгорону кормандон расонидани ёрии якдафъаинаи иҷтимоӣ, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, ба миқдори 700 сомонӣ, ба оилаҳои омӯзгорону кормандоне, ки соли ҷорӣ фавт кардаанд, 600 сомонӣ, инчунин, ба 17 нафар собиқ омӯзгору корманди донишгоҳ, ки дар нафақаанд, аз ҷониби раёсати донишгоҳ кумаки якдафъаина ба миқдори 300 сомонӣ ҷонибдорӣ карда шавад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top