Экология ва иқтисоди миллӣ

Бинанда: 1127 | Санаи нашр: 26 Октябр 2020

Дар факултети тиҷорат ва гумрук рӯзи 26-уми октябри соли 2020 бо саъю кӯшиши аъзои кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ маҳфили илмӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар мавзӯи “Экология дар иқтисодиёт” баргузор гардид, ки дар он муовини декан оид ба илм ва инноватсия Лоиқ Бӯриев ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар маҳфил донишҷӯёни курси 2-юм – М. Раҳимова, М. Қудратов ва С. Тешова бо мавзӯъҳои “Аҳаммияти глобалии оби ошомиданӣ”, “Табиати Тоҷикистон” ва “Вазъи экологии шаҳри Душанбе” суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш роҳбари маҳфил Ҳабибулло Мақсадов аз номи садорати факултет ба донишҷӯён барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.

Кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top