Рушди фаъолияти гумрукӣ

Бинанда: 1368 | Санаи нашр: 27 Октябр 2020

27-уми октябри соли ҷорӣ дар факултети тиҷорат ва гумрук семинари назариявӣ ва илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Консепсияи рушди мақомоти гумрук ва саҳми он дар рушди бемайлони фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ, профессор Нозимҷон Нидоев, омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 960101 иштирок намуданд. Баъди ифтитоҳи семинар муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ М. Алиев дар мавзӯи зикргардида маърӯзаи пурмазмун намуд. Дар раванди семинар донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавоби мушаххас гирифта, дониши касбии хешро мукаммал гардониданд.

Семинарро профессор Нозимҷон Нидоев ҳусни анҷом бахшида, донишҷӯёнро ба ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, илмомӯзӣ ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ даъват намуд.

Факултети тиҷорат ва гумрук

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top