Сайри Осорхонаи миллии кишвар

Бинанда: 1293 | Санаи нашр: 27 Октябр 2020

27-уми октябри соли 2020 донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси кори бонкии факултети молия ва фаъолияти бонкӣ бо роҳбарии муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкӣ Н. Марупова аз Осорхонаи миллии кишвар дидан карданд.

Осорхона аз чор шуъба: табиат, таърихи бостон ва асрҳои миёна, таърихи нав ва навтарин, санъати тасвирӣ ва амалӣ иборат аст.

Сайри донишҷӯён аз шуъбаи табиат оғоз шуд. Дар он ҷо онҳо доир ба мавқеи географии Тоҷикистон, иқлим, сарватҳои табиӣ, конҳо, олами ҳайвоноту растаниҳо ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот гирифтанд.

Шуъбаи табиат аз се толори калон ва ду толори хурд иборат аст. Дар толори махсуси геологӣ намунаи маъданҳои конҳои ҳудуди кишвар, унсурҳои пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи палеонтология (организмҳои сангшуда) ва дигар мавод ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар шуъба донишҷӯён бо олами ҳайвоноти Тоҷикистон ба воситаи диораммаҳои «Помир», «Баландкӯҳ», «Чилдухтарон», «Даштиҷум» ва «Бешаи палангон» шинос шуданд.

Сайри донишҷӯён дар шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна идома ёфт. Шуъба яке аз шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар он таърихи инсоният аз замони ҷомеаи ибтидоӣ то ибтидои асри ХХ бо маводи гуногуни арзишманд инъикос ёфтааст.

Донишҷӯён дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин бо ёдгориҳо ва нигораҳо доир ба комёбиҳою дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраҳои гуногун шинос шуданд.

Дар толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ низ донишҷӯён аз жанрҳои гуногуни ин навъи санъат чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ ва санъати амалӣ – ороишӣ дидан карданд.

Донишҷӯёни донишгоҳ аз сайри Осорхонаи миллии кишвар маърифат ва маънавияти худро дар ҷодаи худшиносию худогоҳии миллӣ ва ватандӯстию меҳанпарастӣ ғановатманд гардониданд.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top