Иқдоми шоиста

Бинанда: 1091 | Санаи нашр: 26 Октябр 2020

26-уми октябри соли 2020 мутахассисони шуъбаҳои тарбия ва ташаккули шахсият, кор бо ҷавонон ва занон бо як гурӯҳ донишҷӯёни донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар доираи аксияи навбатӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, пандемияи КОВИД-19 дар ҳудуди ноҳия гузарониданд. Онҳо бо шаҳрвандон ниқоб ва маводи антисептикӣ тақдим карда, доир ба зарурати бастани ниқоби тиббӣ, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ибрози назар намуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top