ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВИ ОЛИМОНИ ҶАВОН - РИСОЛАТИ ВАТАНДОРИСТ

Бинанда: 128 | Санаи нашр: 10 Июн 2024

30–юми майи соли 2024 дар вохӯрӣ бо аҳли илм ва маорифи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои дақиқ оид ба мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба таълиму тарбия, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат сухан гуфтанд.

Ин вохӯрӣ заминаи бузурги ақлониву маънавӣ, пояи иттиҳоду иттифоқ ва ҳамкорӣ мебошад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайяне даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.

Ҳар як фарде, ки бо нигоҳи нек ва кўшишу ғайрати намунавӣ бо омўзиши илму ҳунар машғул аст, табиатан ҳифзкунандаи сулҳу субот мебошад. Зеро муҳите, ки дар он шахси босавод ва боҳунару бофарҳанг арзи вуҷуд ва рушд карда метавонад – танҳо фазои сулҳу оромӣ аст. Рушди илму ҳунар танҳо дар фазои солими сулҳу оромӣ, ки дар он ходимони фидоии илм фаъолияти зеҳниро барои ҳалли масъалаҳо ва кушодани асрори олами воқеӣ сарҷамъ намуда, дар машварату баҳсҳои илмӣ паҳлўҳои мухталифи таҳқиқотҳоро боз ҳам саҳеҳтару дақиқ менамоянд, имконпазир аст,

Насли саводнокии баланддошта, ки дар ҷомеаи солим ва ободу ором ба воя мерасад, баҳри рушд ва таъмини ояндаи дурахшони хеш кўшиш менамояд, то сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии Ватан-Модаре, ки онҳоро ба чунин дараҷаҳои илму маърифат расонидааст – на танҳо устувории худро нигоҳ дорад, балки рўз аз рўз боз ҳам тавоно ва абадӣ гардад. Зеро инсони бофарҳангу донишманд барои рушди малакаи бунёдии ҳосилнамудаи хеш, омода намудани шогирдон ва тарбияи фарзандон, танҳо муҳити ҷомеаи босуботро орзу менамояд

Фарогирии насли наврас ва ҷавонон бо таълиму тарбияи босифат, равона намудани захираҳои кишвар ба рушди илму технологияҳои муосир ҳамчун самти муҳими стратегӣ ва умуман тарғибу ташфиқи саводнокӣ саривақтӣ ва муфид ба назар мерасад.

Ба Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки низоми таълиму тадриси насли наврасро дар муддати кўтоҳ барқарор ва рушд намояд. Далели холис ва объективии ин дастовардҳои кишвари мо – нишондиҳандаҳои рейтингҳои байналмилалӣ мебошад, ки бо забонҳои ҷаҳонӣ ба ҳама дастрас мебошанд ва дар онҳо аз ҷиҳати сатҳи таълим аз теъдоди тақрибан 200 кишвари ҷаҳон дар садаи якум ва аз ҷиҳати фарогирии таълиму тарбияи насли наврас бо нишондиҳандаи зиёда аз 99.8% яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.

Вобаста ба олами илм бошад, таърих борҳо исбот намудааст, ки солим нигоҳ доштани табиати илм, ҳимояи он аз дахолат ва мавҷудияту сирояти нуқсонҳои эҳтимолӣ, яке аз пояҳои меҳварии таъминкунандаи устуворӣ ва рушди ҷомеа мебошад. Дар ин ҳолат, механизмҳои илмӣ, ки аз унсурҳои бегона ва зиёдатӣ озод мешаванд, бо реҷа ва тавоноии аслӣ ба кор даромада, бо натиҷаҳо ва татбиқҳои инноватсионии сатҳи байналмилалӣ ва ҳамчун мушовиру муқарризи лоиҳаҳо ва масъалаҳои мураккаби стратегӣ барои манфиати ҷомеа саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Боиси қаноатмандии мо, кормандони илмӣ аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо доимӣ ва бефосила ба рушди илми ватанӣ аҳамияти хоса медиҳанд ва барои рўз аз рўз беҳтар шудани фазои илмии кишвар пайваста талош меварзанд

Имрӯз Ҳукумати кишвар илму маорифро чун яке аз самтҳои афзалиятнок дар сиёсати пешгирифтаи давлатамон арзёбӣ намудааст ва кӯмаки ҳамарӯзаи Ҳукуматро олимони мо пайваста эҳсос мекунанд. Бо афзуншавии маблағгузории соҳаи илм дастовардҳо ва самтҳои афзалиятноки соҳаи таҳқиқоти илмӣ низ рӯз то рӯз зиёд мегарданд.

Олими намоёни рус С.П. Капитса маорифро ҳамчун индустрия, ки ояндаро муайян менамояд, тавсиф додааст. Воқеан ҳам имрӯз рушди низоми маориф ҳамчун соҳаи индустрияи технологияш баланд ба индустрияи эҷодӣ, ки ба истеҳсоли неъматҳои интеллектуалӣ ва илмѓунҷоишаш баланд машѓул аст, такя менамояд. Индустрияи эҷодӣ – ин фаъолиятест, ки дар асоси он ибтидои эҷодии фардӣ, таҷрибаву истеъдод қарор гирифта, тавлиди арзиши иловагӣ ва ҷойҳои кории нав дар заминаи истеҳсолу истифодаи моликияти зеҳнӣ сурат мегирад, Ин ҷо, пеш аз ҳама дар назар дорем рушди соҳаи илмро, ки ба истеҳсолу пешниҳоди маҳсулот ва ё хизматрасониҳои илмӣ сару кор дорад.

Бояд қайд намуд, ки пайваста ба ноил гаштан ба истиқлолияти давлатӣ тадриҷан низоми миллии маорифи мамлакат низ ташаккулу рушд ёфт. Шумораи муассисаҳои таҳсилотӣ, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар онҳо шаклгирии комили сармояи инсонӣ рӯи майдон меояд, хеле афзуд. Соҳаи маориф, бахусус соҳаи таҳсилоти касбӣ дар мавриде рушд меёбад, ки агар дар онҳо омӯзгорон ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машѓул бошанд ва вазни қиёсии шумораи омӯзгорони соҳиби дараҷа ва унвони илмӣ афзояд.

Имрӯз дар мамлакат пайваста бо фаъолияти самараноки Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳову муассисаҳои илмии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пайваста бо тайёр намудани диссертатсияҳо ва китобу мақолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ ташаккулу рушди забони илмии тоҷикӣ сурат гирифта истодааст. Бинобар ин, дар мамлакат зарурати таъсиси Шохиси иқтибоси илмии Тоҷикистон (ШИИТ) дар заминаи Китобхонаи миллӣ, пайваста бо созмон додани портали азими иттилоотӣ дар соҳаи илму маориф ба миён омадааст. Ин ниҳод бояд алоқаҳои ҷаҳонии худро бо ниҳодҳои мувофиқи кишварҳои олам бо тариқи ташкили тарҷумаи англисии реферат ва аннотатсияи васеи асарҳои илмии олимони кишвар ба роҳ монад.

Замони пуршиддати ҳозира тақозо мекунад, ки ҳар як соҳа муттасил инкишоф дода шавад. Таълим ва саводнокгардонии насли наврас яке аз муҳимтарин масъалаҳост. Фарзандонамон бояд ба асосҳои илм ва донишҳои замонавӣ фаро гирифта шаванд. Барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар навбати аввал, устод ва мутахассисоне лозиманд, ки қобилият ва маҳорати баланди педагогӣ доранд, ҳаёти худро бе мактаб ва мактабиён тасаввур карда наметавонанд, дар роҳи таълиму тарбияи муносиб аз истеъдод, малака ва ҳунари омӯзгориашон истифода мебаранд, лозим аст. Барои бо таҳқиқотҳои илмӣ машғулшавии ҷавонони қобилиятнок низ шароит муҳайё карда ва ҳавасмандкуниҳо пешниҳод карда шаванд.

Дар боби эътибор ба маорифу илм таҷрибаҳои андӯхтаи Сингапур, Финляндия, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ, Олмон барин кишварҳои рушдёфта аҳамияти беқиёс доранд. Чанд даҳсола пештар Сингапурро ҷаҳон намешинохт. Аз он ки ба таълим сармояи калон ҷудо кард ва ба омодасозии кадрҳои лаёқатнок аҳамияти аввалиндараҷа дод, натиҷаи ин амал зуд самар бахшид ва он ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қудратноки дунё табдил ёфт. Дар мактабҳои Сингапур муаллимони таҷрибанок кадрҳои ҷавони педагогиро ба шогирдӣ мегиранд, анъанаи устоду шогирдӣ дар соҳаи таълим хеле хуб ба роҳ гузошта шуда, формулаи ягонаи ноил шудан ба муваффақият – хондан ва омӯхтан амал менамояд, ки мо бояд аз ин мактаб таҷриба омӯзем.

Илм бузургтарин маъво, асоситарин мафҳум ва маъхазест. ки ҳаёт бо он пайваста мебошад. Бе илм наметавон ба камолот расид, бе илм наметавон фарзанд тарбия кард ва дар қатори инсонҳои комил гаштугузор намуд. Шахсе, ки илм надорад, аз роҳи омӯзишу ақлу идрок бехабар аст, дарахти бесамареро мемонад, ки вуҷуд дорад, аммо нахлу умеди варо самар набувад. Шахси бофазл дар ҳамаи давру замонҳо соҳибиззат аст. Ӯро ҳамагон ҳамчун роҳнамо, пурдону маърифатомӯз иззату эҳтиром мекунанд. Албатта, ҳамаи ин нишонаҳои инсони комиланд, ки худ ба осонӣ ба кас муяссар намегарданд. Дар қатори мутолиа кардану омӯхтан, дониш андӯхтану ба дигарон тавсия кардани илму ҳунар инсони бофазлро мебояд, ки аз рӯи ҳамаи омӯхтаҳояш амал кунад, омӯхтаро ба ҳаёт мутобиқ намояд, то натиҷаи заҳмати беандозааш самаре бубахшад:

Илме, ки дар он амал набошад,

Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Дуруст аст, ки дар зиндагӣ на ҳамаи инсонҳо бофазланд ва илм меомӯзанд, балки одамоне низ ҳастанд, ки илм меомӯзанду онро дар ҳаёти хеш амалӣ намекунанд.

Инсони бофазл мекӯшад, ки ҳамеша намунаи ибрати дигарон бошад, дар гуфтор, рафтор ва кирдору фаъолият аз дигарон фарқият дошта бошад. Соҳибилмон азият намекашанд, зеро онҳоро Худованд бо ақлу хиради омӯхтаашон роҳбаладӣ мекунад, аз камию костӣ эмин медорад, аз бадиҳо дур мегардонад, ба роҳи рост ҳидоят мекунад.

Агар барои омӯхтани илму ҳунар накӯшӣ, мубориза набарӣ, ҳеҷ гоҳ наметавонӣ муроди дилро ба даст оварӣ, олиму тавонгар гардӣ. Ҳанӯз аз қадимулайём бузургон, донишмандон ва фозилони даҳр танҳо тавассути омӯзиш, мутолиаи фарҳанги ғании гузаштагонамон донишу маҳорати хешро сайқал дода, машҳур гардидаанд.

Агар хоҳӣ шудан бар сарварон сар,

Биомӯзу биандешу биофар.

Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонист. Чунки инсон ба воситаи илм ба мартабаҳои баланд мерасад. Пешрафту тараққиёти ҷомеа низ ба илм вобастагӣ дорад. Дар Қуръони шариф низ зикр шудааст, ки ҳеч гоҳ олимону ҷоҳилон баробар нестанд, балки дараҷаи олимон болотар аст. Дар ҳадисҳои бузурги Пайғамбарамон Муҳаммад (с.с.) низ ҳамаи умматон чи зану чи мард ба омӯхтани илм тарғиб карда мешаванд, чунончи: “Талаби илм бар ҳамаи марду зани мусулмон фарз аст” ё “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй.”

Омӯхтани илм - омӯхтани асрори ҷаҳони пурроз буда, ҳамаи бадбахтиҳоро рафъ карда, зиндагиро таровату нур ва хушиву сурур мебахшад. Илм ба инсон имконият медиҳад, ки соҳибистеъдод гардад, хубу бади ҳаётро омӯзад, мулоҳизакор бошад, маърифати баландро соҳиб гардаду комилҳуқук бошад. Маҳз омӯзиши илму маърифат пойдевори бузурги ҳаёти каси соҳибмаърифат шуда метавонад.

Омӯхтани илму маърифат мунаввар кардани фардои ҳаёт буда, дар дил андӯхтани ҷамоли одамист, ки болидарӯиву фазлу камоли инсонро нишон медиҳад. Агар кас илму дониши омӯхтаашро дар ҳаёт амалӣ гардонад, ӯ касест бузургдил, ки ҳаётро омӯхтааст. Соҳибилм соҳибдавлат аст, соҳибиззату соҳибкамол ва намунаи ибрати ҳамагон аст. Аммо шахсе, ки аз илму дониш бохабар нест ва низ намекӯшад, ки соҳибилм бошад, худ оқибат аз кирдори ношоистаи худ пушаймон мегардад.

Илм омӯхтан дар ҷавонӣ нақшест рӯи санг, ки ҳаргиз зудуда нагардад гуфтаанд бузургон. Пас биёед дар талаби илм бикӯшем ва ҳамеша омӯзем, ки баракати илм дар омӯхтани он аст. Иззат ва шараф дар илм аст, ки аз тағйироти рӯзгор ва ивазшавии шабу рӯз фано ва завол напазирад.

Масъуд Қаҳҳоров, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top