Садорати факултети МИБ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои асосии низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ – ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот, беш аз пеш баланд бардоштани сифати таълим, пайванди илму истеҳсолот пайваста саъю кӯшиш менамоянд.

Дар садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ 7 нафар корманд кор ва фаъолият менамоянд. Вазифаи декани факултет аз соли 2017 ба уҳдаи номзади илмҳои физика-математика Салимов Назарали Сафарович гузошта шудааст.

Вазифаҳои дигари садорати факултети МИБ ва ҳуқуқ ба уҳдаи устодони зерин вогузор карда шудааст:

Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович - муовини декан оид ба таълим-эдвайзер
Рустамов Фитрат Музафарович - муовини декан оид ба тарбия Мирзоев Субҳоналӣ Аҳтамович - муовини декан оид ба илм
Сафаров Ҷовидон Азизмадович муовини декан оид ба омӯзиши ғоибона
Сониева Шаҳло Мисралиевна - коргӯзори факултет
Ҳомидова Хуршеда Муҳиддиновна - оператор

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top