Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Донишгоҳи мо-ояндаи дурахшони Шумо!

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кулли омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати фаро расидани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки ҳар сол аз 21 – уми март оғоз меёбад, самимона табрику таҳният мегӯяд ва ба онҳо дар aйёми хуррамию рӯшноӣ ва фараҳмандию боландагӣ аз самими қалб тандурустию хонаободӣ, дӯстию бародарӣ, некбахтию шукуфоӣ ва барору комёбӣ орзу менамояд.

Асосӣ Илм ва Р. Байналмилалӣ Муовини ректор оид ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ

Қодирова Заррина Ҳалимовна
муовини ректор оид ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ,
д.и.и., дотсент – кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

_______________________________________________________________________________________________________________________________

Қодирова Заррина Ҳалимовна дар мансаби муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа табодули байналмилалии донишҷӯён, ҳамкорҳои байналмилалии донишгоҳ ва муносибатҳои ҷамъиятии онро назорат мекунад.

Қодирова Заррина Ҳалимовна 31 октябри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст.

Баъд аз хатми донишгоҳ Қодирова З.Ҳ. фаъолиятии кории худро ба ҳайси иқтисоддони Пажȳҳишгоҳи Умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии омȳзиши конюктураи савдо ва талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ (ВНИИКС) оғоз намудааст.

Соли 1989 ба вазифаи корманди хурди илмии Пажȳҳишгоҳи Умумииттифоқии илмӣ-тадқиқотии омȳзиши конюктураи савдо ва талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ ВНИИКС таъйин шудааст.

Соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар савдо ва хȳроки оммаи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст.

Соли 1993 ба вазифаи муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии  тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Соли 2003 Қодирова З.Ҳ. рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя намудааст ва худи ҳамин сол соҳиби диплом оиди гирифтани унвони номзадии илмҳои иқтисодӣ гардид.

Аз соли 2007 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати  Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2011 бо фармони ректори донишгоҳ ба вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз октябри соли 2017 Қодирова З.Ҳ. муовини ректор оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият бурда истодааст.

Корҳои илмии Қодирова З.Ҳ. махсусан бо проблемаҳои сифати таълим дар макотибҳои олӣ алоқаманд аст.

Нишонӣ

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 

Нишонӣ: 734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ректор: д.и.и., профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович

Мо дар шабакаҳо иҷтимоӣ

Асосӣ Илм ва Р. Байналмилалӣ Муовини ректор оид ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ