Семинари ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ

Бинанда: 787 | Санаи нашр: 06 Май 2024

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 13-уми майи соли 2024, соати 11:00 семинари ҷумҳуриявии илмӣ – назариявиро дар мавзуи  “Рақамикунонии ҷараёни андоз ва андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои такмили он”  бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андоз ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор менамояд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ – ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои илмию коршиносӣ ба масъалаҳои мубрами сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молии давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба мақсадҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.

Ба кори семинар олимони соҳаҳои мазкур,  омӯзгорони муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзуъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд.

Сана ва макони баргузории чорабинӣ: 13-уми майи соли 2024, соати 11:00, дар бинои №7, ошёнаи 3, толори конфронс-зал, ш.Душанбе, к.Деҳотӣ, ½.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top