Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими назарияи ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит»

Бинанда: 843 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2023

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 22-23-юми ноябри соли 2023 конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими назарияи ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит» дар пояи кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит доир менамояд. Ба конфронси мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, олимону муҳаққиқон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ- таҳқиқотӣ даъват карда мешаванд.
Дар конфронс масоилҳои зерин мавриди муҳокима қарор мегиранд:
1. мушкилот ва таҷрибаи татбиқи СБҲМ дар Тоҷикистон;
2. таҷрибаи татбиқи ISA ва НС дар кишварҳои гуногун;
3. самтҳои такомули баҳисобгирии молиявӣ ва андоз;
4. баҳисобгирии идоракунӣ ва системаҳои прогрессивии баҳисобгирии хароҷот;
5. мушкилоти ташаккули ҳисоботи ҷамъиятии ғайримолиявӣ ва ҳамгирошуда;
6. татбиқи ҳисобот оид ба рушди ширкатҳо ва масоили таъминоти баҳисобгирӣ- назоратии он;
7. самтҳои асосии рушди аутсорсинг, машварати муҳосибӣ ва аутстаффинг дар шароити муосир;
8. тадқиқоти омории падидаҳо ва равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ;
9. дурнамои рушди таҳсилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва касби муҳосибӣ.
Дар ин замина, олимон, муҳаққиқон, магистрантҳо ва хоҳишмандоне, ки дар кори конфронс хоҳиши ширкат варзидан мехоҳанд, метавонанд то 20-уми ноябри соли 2023 мақолаҳои худро ба суроғаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., ирсол ва ё дар шакли электронӣ ба суроғаи 734061, ш. Душанбе, хиёбони Деҳотӣ 1/2, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон манзур намоянд.

 

Мактуби иттилоотӣ.pdf

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top