Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 1262 | Санаи нашр: 21 Феврал 2022

Ба маълумоти омӯзгорон ва хамткунандагони донишгоҳ расонида мешавад, ки санаи 1-12 моҳи марти соли ҷорӣ тибқи ҷадвали замимашуда, семинари омӯзишии истифодаи барномаи таҳлилии омории STATA ва SPSS дар доираи лоиҳаи “Таҳияи дастурамал оид ба гузаронидани таҳлилҳои миқдорӣ ва ҷорӣ намудани он дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Инсутитути “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба сифати ментор дар семинари омӯзишии мазкур Лоиқ Миров аз маркази зеҳни сунъии TajRupt дар Осиёи Марказӣ даъват шудааст.

Хоҳишмандон ментавонанд то санаи 26.02.2021 дар шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ номнавис намоянд.

Семинар бо забони тоҷикӣ ва рӯсӣ баргузор гардида баъд аз анҷоми семинар иштиркчиён бо сертифкат таъмин мегарданд.

Замимаи семинар

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top