Эълон!

Бинанда: 1425 | Санаи нашр: 12 Январ 2021

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо донишгоҳи Небраскаи Омаҳа, ШМА ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи лоиҳаи UniCEN ба роҳ мондааст. Лексияи сеюми онлайнӣ рӯзи 19-уми январи соли ҷорӣ соати 17:00 дар мавзӯи “Шурӯъи тиҷорат дар Тоҷикистон пас аз COVID-19” (Starting Businesses in Tajikistan Post-COVID) ба забони ангисӣ доир мегардад. 

Онлайн лексияро устоди Донишгоҳи Небраскаи Омаҳа (University of Nebraska at Omaha, United State of America) доктор Ҷеймс Кларк доир ба баланд бардоштани фаъолияти соҳибкорӣ пас аз COVID-19 пешниҳод менамояд. Доктор Ҷеймс Кларк таҷрибаи бойи идоракунӣ ва маъмуриятчигӣ дошта бо забони тоҷикӣ озодона ҳарф мезанад. Ӯ аз соли 1992 то соли 2000 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров фаъолияти корӣ намудааст.

Хоҳишмандон барои иштирок дар семинари мазкур метавонанд ба синфхонаи 107-уми бинои асосӣ дар вақти таъйиншуда ҳозир шаванд. 

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top